logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо тоҷикони муқими Федератсияи Русия, 23 октябри соли 2009

Ҳамватанони азиз!
Дӯстони гиромӣ!

Боиси хушнудист, ки имрӯз барои дидорбинӣ бо шумо боз як фурсати муносиб пайдо гардид. Гарчанде аз мулоқоти охирини мо  мӯҳлати начандон тӯлонӣ гузашта бошад ҳам, фикр мекунам, ки мо барои якдигар гуфтаниҳои зиёд дорем. 
Аввалан, бо истифода аз фурсати муносиб, ба шумо - ҳамдиёрони азиз, салому паёмҳои пурмеҳри Ватани маҳбубамонро мерасонам. Ба ҳамаатон  сиҳатмандии комил, бахту иқболи нек, хотири ҷамъ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандам.
Дар идомаи сӯҳбати дар  шаҳри Екатеринбург бо ширкати роҳбарони аксари ҷамъиятҳои тоҷикон доиргардида, пеш аз ҳама, мехоҳам зикр намоям, ки дар ин фосила дар Тоҷикистон якчанд санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла дувоздаҳумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ,  ҳаждаҳумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 1310-солагии фарзанди барӯманди халқи тоҷик, бунёдгузори мазҳаби таҳаммулпазири аҳли суннату ҷамоат Имоми Аъзам ҷашн гирифта шуданд.
Ин ҳама дар навбати аввал ба шарофати истиқлолият, ки барои болоравии худогоҳиву худшиносии миллати тоҷик шароити мусоид фароҳам овардааст, муяссар гардид.
Дар ҳақиқат, истиқлолияти миллӣ шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Вале барои расидан ба ин неъмати бебаҳо  моро лозим омад, ки роҳи  ноҳамвор ва пурпечутобро паси сар кунем.
Ба шарофати хиради азалӣ ба халқи тоҷик муяссар гардид, ки дар як муддати кӯтоҳ пояҳои устувори  барқарор намудани сулҳу субот ва ваҳдати миллиро гузошта, барои рушди муназзам ва устувори кишвари худ ҳамаи заминаҳои заруриро фароҳам орад.
Аз ин лиҳоз, барқарор сохтани  сулҳи комил ва ризоияти миллӣ дар сарзамини мо, бешубҳа, бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият ба шумор меравад. 
Дар баробари таҳкими сулҳу субот ва рӯзгори осоишта   мо имконият пайдо кардем, ки бо мақсади таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум ба раванди созандагиву бунёдкориҳо вусъат бахшида, ҳамаи имконияту захираҳои худро барои татбиқи вазифаҳои бузурги таърихие, ки истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик гузоштааст, равона созем. 
Ва имрӯз метавонем бо қаноатмандӣ изҳор намоем, ки дар давраи соҳибистиқ