сиёсат
АНҶОМИ САФАРИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС ДАР ТОҶИКИСТОН
Нимаи дуюми рӯзи 16 май сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт. Александр Лукашенко аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Минск баргашт.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро бо нишони эҳтирому самимияти баланд ва бо расму оини аҷдодии вижаи меҳмоннавозии тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Беларус бо ҳайати бонуфузи расмии кишвараш рӯзҳои 14 то 16 май бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.
Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом кӯчаву хиёбонҳои пойтахт - шаҳри Душанбе қабои идона дошт. Аксҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус, парчамҳои давлатии ду кишвар ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстии ду халқи ба ҳам бародар шаҳри Душанберо оро доданд.
Зимни ин сафари бобарор Александр Лукашенко бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбату мулоқотҳои самимию созанда доир кард.
Аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод, илму маориф, тандурустӣ, саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар мегиранд. Акнун шумораи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Беларус ба наздики 100 адад расид.
Рӯйдоди муҳими ин сафари расмӣ баргузории форуми соҳибкорони Тоҷикистон, Беларус, Афғонистону Ӯзбекистон, иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус ва ба истифода додани марҳилаи аввали корхонаи муштараки тракторсозии Тоҷикистону Беларус дар шаҳри Ҳисор мебошад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.05.2018 №: 97 Мутолиа карданд: 523