сиёсат
БОЗДИДИ АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО АЗ МАНЗАРАҲОИ ЗЕБОИ ВАРЗОБ
16 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзеъҳои зебову нотакрори ноҳияи Варзоб дидан намуданд.
Боздиди сарони давлатҳо аз бӯстонсаройи беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб шурӯъ гардида, дар мавзеи Такоб идома ёфт.
Аз рӯзи нахустини сафари расмӣ ба Тоҷикистон Александр Лукашенко бо эҳсоси баланд дар бораи ба табиати зебои Тоҷикистон ва таомҳои миллию меҳмондории тоҷикӣ шефта будани худро иброз дошт ва ҳамин буд, ки имрӯз бо ҳамроҳии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон манзараҳои нотакрор, боғи пур аз гулу дарахтони нодири бӯстонсаройи беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар баҳори пурнакҳату пуртароват тамошо кард.
Сайру гашти меҳмони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт. Ба меҳмони олиқадр намунаи гулҳои ороишӣ ва буттаву дарахтони гуногун намоиш дода шуд, ки писанди ӯ гардид.
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар бӯстонсаро гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд.
Тоҷикистон бо сарватҳои табиӣ, бахусус обҳои мусаффо ва меваю сабзавоти шаҳдбораш кишварест нотакрор. Мавриди зикр аст, ки меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон аз қадим хусусиятҳои хоси дӯстонаю самимияти баланд дошта, Тоҷикистон дар олам, ҳамчунин, бо таомҳои хушлаззати миллӣ маъруф аст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2018 дар Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст ва то имрӯз барои муаррифии имкониятҳои фарохи сайёҳӣ, ҳунарҳои бою қадимаи мардумӣ ва ҷалби шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ тадбирҳои судманд андешида шудаанд.
Александр Лукашенко аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, қаноатманд шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.05.2018 №: 97 Мутолиа карданд: 477