иқтисод
СОҲИБКОРОНИ БЕЛАРУС: «ДАР ТОҶИКИСТОН ФАЗОИ СОҲИБКОРӢ МУСОИД АСТ»
Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон намоиши молу маҳсулоти 150 ширкати Беларус дар Душанбе барпо гардид. Дар чорабинӣ соҳибкорон баробари намоиши маҳсулот бо ҳамтоёни тоҷики худ ҷиҳати таъсиси корхонаҳо ва ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ созишномаҳои зиёд ба имзо расонданд.
Ширкатҳои саноатии "Амкодор", "МТЗ", "МАЗ", "Гомселмаш", "Бобруйскагромаш", "Лидагропроммаш" намудҳои гуногуни трактору комбайн, воситаҳои нақлиёти боркашонӣ ва мошинолоти кишоварзиро пешкаши ҳозирон гардонданд. Кишоварзони мамлакат зимни тамошо аз чорабинӣ изҳор доштанд, ки истифодаи техникаҳои истеҳсоли Беларус ба шароити табиии ҷумҳурӣ мутобиқ ва барои мардум дастрас аст. Ҳамин аст, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти васлу насби қисмҳои трактор ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор ба фаъолият оғоз намуд. Ин иқдом муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ба ҳам дӯстро тақвият хоҳад бахшид.
Ҳамчунин, дар чорчӯбаи баргузории намоиш соҳибкорони Беларус ба дигар бахшҳои афзали иқтисодии мамлакат, аз ҷумла коркарди маъдан ва маҳсулоти кишоварзӣ, сайёҳӣ, истеҳсоли дору, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба намояндагони бахши хусусии кишвар ҷиҳати роҳандозии фаъолияти муштарак пешниҳодҳои судманд манзур намуданд.
Павел Бичковский, директори ширкати илмӣ – омӯзишии «УНИТЕХПРОМ БГУ», таассуроташро аз намоишгоҳ ва пазироии мардуми тоҷик чунин арзёбӣ намуд:
- Фазои мусоиди сармоягузорӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, сарватҳои нодири табиӣ ва муҳити осоишта дар Тоҷикистон боиси ҳавасмандии соҳибкорони Беларус ба таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ гардидааст. Фаъолияти ширкати мо бештар истеҳсоли дору ва таҷҳизоти коркарди онро дар бар мегирад. Бо назардошти он, ки дар Тоҷикистон ашёи хоми зарурӣ фаровон аст, ҳоло мехоҳем ҷиҳати тавлиди доруворӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ бо соҳибкорони тоҷик тарҳҳои самарабахшу ояндадорро амалӣ намоем.
Зикр шуд, ки ин намоиш давоми 5 соли охир аз калонтарин чорабиниҳо байни ду ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад ва барои ривоҷ бахшидани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ мусоидат мекунад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.05.2018 №: 98 Мутолиа карданд: 402