иқтисод
НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. ДАҲ ҲАЗОР ГЕКТАР ШОДОБ МЕШАВАД
Марҳилаи аввали бунёди хати оби обанбори Даҳкатсой- Даҳанасой, воқеъ дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, дар арафаи анҷомёбист. Иқдоми пешгирифта дар доираи сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия моҳи октябри соли 2015 роҳандозӣ гардида буд.
Хати оби Даҳкатсой – Даҳанасой барои рушди иқтисодиёти ноҳия аҳамияти бесобиқа дорад. Танҳо дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ба обанбор 14 миллион метри мукааб оби Даҳкатсой ҷорӣ мешавад. Татбиқи пурраи лоиҳа бо захира намудани миқдори зарурии об, имкон фароҳам меоварад, ки зиёда аз 74 ҳазор сокини ноҳия бо оби нӯшоӣ ва беш аз 200 хоҷагии деҳқонӣ, аз ҷумла дар Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ, ҷамоатҳои деҳоти Ғазантарак, Яхтан ва Муҷун, бо оби полизӣ таъмин шаванд. Тибқи лоиҳа, бо усули обёрии худҷорӣ, бе истифодаи неруи барқ ба масофаи умумии 31 километр кашидани об пешбинӣ шудааст. Обёрии заминҳо ва истеҳсоли ҳар чи бештари маҳсулоти кишоварзӣ самаранокии талошҳоро дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ боз ҳам наздиктар месозад.
Обанбори мазкур солҳои 70 - уми асри гузашта бунёд шуда, ғунҷоишаш 42 миллион метри мукааб мебошад. Яке аз роҳҳои зиёд намудани ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия ин обёрӣ намудани мавзеи Сексарии ноҳия ба ҳисоб меравад, ки майдони умумии он 4097 гектар буда, аз ин 1435 гектар заминҳои обианд. Иқлим ва таркиби заминҳои мавзеи Сексарӣ барои равнақ додани соҳаи кишоварзӣ, зиёд кардани майдони кишти зироатҳои полизӣ ва сабзавот, аз ҷумла сабзӣ, пиёз, картошкаи барвақтӣ, помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ, мувофиқат мекунад. Ин аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз сафарҳояшон ба ин мавзеи зебоманзар “Зарнисор” ном гузоштанд.
Бо амалӣ шудани лоиҳа то 10 ҳазор гектар замини ноҳия корам гардида, садҳо ҷойи нави корӣ таъсис меёбад.
Маратҷон ҶАББОРОВ,
узви бахши ҷавонон ва варзиши назди МИҲД - и ноҳияи Деваштич
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.05.2018 №: 99 Мутолиа карданд: 426