logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ ВА ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Дар раванди таҳкими Истиқлолияти давлатӣ омӯзиши асосҳои илмӣ, тарҳрезии стратегияҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддати ба заминаҳои илмӣ асосёфта аҳамияти муҳим дошта, аз олимони ҷомеашинос масъулияти баландро дар самти таҳқиқи рӯйдоду зуҳуроти баамаломада ва пешгӯишаванда тақозо менамояд.

Вобаста ба ин, илми ҷомеашиносии муосири ватанӣ як қатор таҳқиқотҳои заминавиеро ба анҷом расондааст, ки дар байни онҳо монографияи доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз «Истиқлоли сиёсӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ» мақоми хосса дорад.
Хусусияти консептуалии ин монография дар он аст, ки назарияҳои мавҷудаи илмӣ вобаста ба мафҳум ва моҳияти «истиқлолият» дар чаҳорчӯби воқеияти иҷтимоии Тоҷикистон таҳлил гашта, хусусиятҳои он ҳамчун раванди баинобатгирандаи вижагиҳои таърихию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ муайян карда шуда, вобаста ба он муаллиф таъкид менамояд, ки «истиқлол худмуайянкунии миллӣ ба таври сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад ва он барои нигоҳ доштани мавҷудияти худ, тарзи зисту зиндагӣ, забон, фарҳанг, арзишҳои ниёгон ва роҳи рушду инкишоф ва тақдири худ хизмат мекунад».
Гуногунфаҳмӣ ва маънидодкуниҳои мухталифи мафҳуми «истиқлолият» муаллифро водор сохта, то консепсияи мутобиқ ба шароит ва хусусиятҳои хосси кишвар мувофиқро интихоб намуда, дар доираи он раванди ташаккули истиқлолхоҳӣ, ба даст овардани он ва роҳҳои устувор гардондани истиқлолияти давлатиро ҳамчун омили муҳими таъмини ҳастии давлати миллӣ таҳлил намояд. Ин аст, ки муаллиф бо таҳлили ақидаҳои олимони ҷомеашиноси ватанӣ  ба чунин хулоса меояд, ки «дар шароити муосир дар баробари истиқлоли давлатӣ, ки онро доимо яке аз ниҳодҳои асосии низоми байналхалқӣ муаррифӣ менамоянд, инчунин, истиқлоли халқӣ ва истиқлоли миллиро низ аз ҳам фарқ менамоянд». Истифодаи ин мафҳумҳо аз он дарак медиҳад, ки дар таҳлили системавии худ муаллиф кӯшиш менамояд, то тамоми масъала ва нофаҳмиҳои эҳтимолии дар раванди омӯзиши масъалаи истиқлолият пай дар пай равшан гашта, ҳар як нафаре, ки ба омӯзиши ин масъала рӯй меорад, тавонад бо тамоми ҷузъиёти он шинос шавад.
Ҷанбаи дигаре, ки арзиши илмии ин монографияро баланд мебардорад, сохтори маҷмӯиест, ки дар доираи он масъалаҳои муҳими вобаста ба таҳкими давлатдории миллӣ ба риштаи таҳлил кашида шудаанд. Умуман, агар аз диди сохторӣ ва мазмунӣ ба монография назар афканем, мебинем, ки тавассути таҳлили мантиқии рукнҳои истиқлолият ва омилҳои таҳкимбахшандаи давлатдории миллӣ муаллиф мавзӯъҳои муҳим, аз қабили вазъи Тоҷикистони соҳибистиқлол баъд аз хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ, истиқлоли сиёсӣ – шинохти асолати миллӣ, забони тоҷикӣ – омили устувории Истиқлоли давлатиро таҳлили амиқи илмию назариявӣ намуда, барои исботи нуқтаи назари илмии худ онҳоро бо таҷрибаи ҷаҳониву ватании ҷойдоштаи таърихию иҷтимоӣ исбот кардааст, ки қисме аз онҳо тасдиқи худро дар равандҳои минбаъда низ ёфтаанд. Аз он ҷумла, бо таҳлили вазъи ҷумҳурӣ баъд аз имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ менависад, ки «пас аз тамом шудани ҷанги шаҳрвандӣ ба суботи Тоҷикистон чунин омилҳо, мисли экстремизми идеологии як қатор гурӯҳҳои ниҳодии сиёсӣ… таҳдид мекарданд». Воқеияти рушди равандҳои иҷтимоию сиёсӣ пурра ин гуфтаҳои муаллифро тасдиқ мекунанд.
Вобаста ба вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пурқувват гаштани омилҳои таъсиррасони берунӣ, воқеан ҳам, имрӯз дар назди олимон ва таҳлилгарони масоили сиёсӣ вазифаҳои муҳим дар самти пешгӯии ҳодисоту рӯйдодҳои иҷтимоию сиёсӣ ва пешниҳоди роҳу усулҳои самарабахши пешгирии оқибатҳои манфии онҳо меистад. Дар ин самт муҳаққиқ дар доираҳои илмию коршиносон шахсияти шинохта ва эътирофшуда буда, доимо вобаста ба масъалаҳои болозикр мавқеи шахсии худро дорад. Вобаста ба ин, дар асари номбурда қайд менамояд, ки «дар байни омилҳои фавқуззикр барои суботи ҷомеаи тоҷик хавфи бештарро бевосита терроризми динӣ ва сиёсӣ меорад, ки аз буди низоъҳои ҳарбии дар марзи кишварҳои бо Тоҷикистон ҳамсоя сарчашма мегирад. Хатари ҷамъиятии чунин рафтори низоӣ басо азим аст, зеро вай, пеш аз ҳама, ба тахриби асоси сиёсии давлат, суиқасд ба ҳаёт ва саломатии аъзоёни ҷомеа нигаронда шудааст». Нуқтаи назари мазкур собит месозад, ки муаллиф дар самти омӯзиши таҳдидҳо ва хатарҳои эҳтимолии ба пойдории истиқлолият таҳдидкунанда аз усулҳои умумипазируфтаи илмии таҳлилу таҳқиқ истифода бурда, кӯшиш мекунад, то дар масъалаи пешгирии таҳдидҳо нуқтаи назари асоснокро пешниҳод намояд.
Дар баробари ин ҳама, дар асари «Истиқлоли сиёсӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ» муҳаққиқ ба мавзӯъҳои «Бадахшон – дарвозаи тиллоии Тоҷикистон», «Истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои динӣ ва афзалиятҳои стратегии онҳо», «Истиқлолияти сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва НБО Роғун» диққати махсус дода, дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ анҷоми тадбирҳои муайянро дар ин самтҳо низ зарур медонад. Агар аз диди мантиқӣ ба ин мавзӯъҳо назар афканем, пас дармеёбем, ки омилҳои вобаста ба таъмини ягонагӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ ва динӣ, мақом ва нақши ҳар кадоми онҳо, инчунин, нақши омилҳои иқтисодӣ дар маҷмӯъ, ифодакунандаи заруратҳои имрӯза мебошанд, ки раванди рушди давлатдории моро суръат мебахшанд.
 «Истиқлоли сиёсӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ» асарест, ки баҳри ташаккули мафкураи сиёсии мардум, шинохти муқаддасоти истиқлолият, дарки воқеияти иҷтимоӣ аз ҷониби ҳар як шаҳрванд мусоидат намуда, қадами устуворе дар таҳлили масъалаҳои мубрами сиёсатшиносӣ ба ҳисоб меравад ва метавонад баҳри омӯзишҳои минбаъда самту мавзӯъҳои гуногунро пешниҳод созад. Муҳимияти асари мазкурро дар раванди ташаккули истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон ба инобат гирифта, онро барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино сазовор медонем.
Махфират ХИДИРЗОДА,
доктори илмҳои фалсафа, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2018    №: 99    Мутолиа карданд: 230

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе

Густариши ҳамкориҳо бо Бонки исломии рушд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед