logo

сиёсат

ТАШНАРО ЯК ҚАТРА ОБ АЗ ГАНҶИ ДУНЁ БЕҲТАР АСТ

Об муқаддастарин муъҷиза ва сарвати бебаҳост. Беҳуда нест, ки ташаббуси чорумини созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эъломи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» дар арсаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шуд ва  баҳои баланд гирифта, боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик гардид.
Дар баробари ифтихор мо бояд ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои даҳсола масъулияти баланд эҳсос намоем,  обро оқилона истифода барем ва тоза нигоҳ дорем. Ин вазифаи инсонии мост. Мақсад дарки муқаддасот ва бузургии об аст. Вазифадор ҳастем, то ҳар қатраи онро покиза нигоҳ дошта, оқилона истифода барем. Ҳақ ба ҷониби Шоири халқии Тоҷикистон устод Муҳаммад Ғоиб аст, ки дар васфи оби тозаи Тоҷикистон гуфтааст:
Пир аст ҷаҳон, кишвари мо тозаҷавон аст,
Аз пеши дари хонаи мо об равон аст.
Дар саргаҳи обем, мо об накобем,
Шояд, ки зи дилпокии худ соҳиби обем!
Ҳоло беш аз 1 миллиард сокини ҷаҳон аз оби нӯшоӣ маҳрум аст. 2,5 миллиард нафар аз беобӣ танқисӣ мекашад. Дар 80 давлати дунё оби аз ҷиҳати экологӣ тоза мавҷуд нест, ки боиси сар задани бемориҳои гуногуни сироятӣ гаштааст. Ба 1,2 миллиард сокини кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Эфиопия (Ҳабашистон), Судон, қисмати биёбонии Либия, ҳамчунин, Ангола Намибия, Нигерия, Чад, қисмати ҷанубии Алҷазоир хушксолӣ таҳдид мекунад.  Бисёр вақт дар ин ҷо аз набудани оби нӯшоӣ аҳолӣ аз оби ифлоси ғайрисанитарӣ истифода мебарад, ки боиси хуруҷи касалиҳо ва фавти кӯдакон гаштааст. Аз ин лиҳоз, бо назардошти дар сатҳи ҷаҳонӣ мавҷуд будани ин ва чандин мушкилоти вобаста ба об чунин иқдоми башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле зарурӣ ва саривақтӣ буд.
Ҳарчанд кишвари мо дорои захираҳои азими ин сарвати бебаҳо мебошад, сарфакорона ва оқилона истифода бурдани об хеле муҳим аст. Андешидани чораҳои муассир барои таъмини рушди иқтисодӣ, хусусан пешравиҳо дар самти гидроэнергетика ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, мусоидат мекунад.
Бузургии Сарвари давлат аст, ки тавонистанд таваҷҷуҳи сарони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳониро ба  проблемаҳои ҳифз, истифодаи оқилона ва мушкилоти дастрасӣ ба об ва санитария, ки масъалаҳои доғи имрӯзу фардои инсоният ба шумор мераванд, ҷалб намоянд, то барои ҳаллу фасли онҳо дар доираи ин даҳсола  тадбирҳои саривақтӣ андешида шаванд. 
Мардуми тоҷик мегӯяд:
Ташнаро як қатра об аз ганҷи дунё беҳтар аст.
Итминони комил дорем, ки бо амалисозии иқдомҳои пешгирифтаи Тоҷикистон, ҳамкории кишварҳои ҷаҳон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳалли мушкилоти дастрасӣ ба об хеле беҳтар мегардад. Ва мардуми ҷаҳон, ки феълан дар масъалаи об ин қадар  азобу мушкилӣ мекашанд, соҳиби об хоҳанд шуд.
Муродалӣ ҲОШИМОВ,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2018    №: 99    Мутолиа карданд: 657
19.04.2021


Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед