logo

фарҳанг

БОБОҶОН ҒАФУРОВ ШАХСИЯТИ ФАРОМИЛЛӢ БУД

Фарзанди баруманди халқи тоҷик Бобоҷон Fафуров аз зумраи шахсиятҳоест, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки фаротар аз он шуҳрати зиёд касб карда буд. То кунун мардумони Ҳиндустону Покистон аз хидматҳои шоистаи ин шахсияти фаромиллӣ дар таҳқиқу омўзиши таърихи миллаташон қадршиносӣ мекунанд. Ва то кунун шогирдону дастпарварони аллома Бобоҷон Ғафуров дар кишварҳои мазкур ин фарзонафарзанди тоҷикро ба некӣ ёд мекунанд.

Каминаро насиб гардид, ки 28 июли соли 1999 бо президенти вақти Академияи илмҳои Тоҷикистон Улмас Мирсаидов дар таҷлили 90 - солагии ин абармард дар Ҳиндустон суханронӣ кунам. Боиси ифтихору сарфарозӣ буд, ки таҷлили ҷашн дар бинои парлумони Ҳиндустон баргузор гардид ва дар он сарвазири ин кишвар ҷаноби Ваҷпай иштирок кард. Ў бо як муҳаббати хосса сухан ронда, аз ҷумла гуфт: «Мо имрўз фарзанди арзандаи олам Бобоҷон Fафуровро ёд мекунем. Зеро ў ба тамоми дунё тааллуқ дорад. Мо барои чӣ номи Fафуровро азиз медорему қадр мекунем? Чунки ў дар зарфи ду даҳсола директори Институти шарқшиносии Маскав буду ба инкишофи дўстии халқҳои Осиё диққати махсус медод. Даҳҳо олимони ҳиндро даъват кард, ки риштаҳои дўстии Ҳиндустону Осиёи Марказиро омўзанд. Яке аз чунин олимони ҳинд Раҳул Санкритиян мебошад. Мо барои чунин олимони тарбияткардааш аз ў миннатдорем. Китоби пурарзиши вай «Тоҷикон» саҳифаҳои дурахшони таъриху фарҳанги халқи тоҷикро аз давраи антиқа то навин инъикос намуда, дар он равобити қадимаи Осиёи Марказию Ҳиндустонро низ пурра нишон додааст…».
Дар ҷашни 90 - солагӣ директори ҳамонвақтаи Институти ховаршиносии Русия, шогирди бовафои Б. Fафуров академик Ростислав Борисович Рибаков бо забони англисӣ ва бо як маҳорати баланди нотиқӣ сухан карда, чунин иброз намуд: «Ҳамон қадаре, ки мо аз рўзҳои зиндагии Бобоҷон Fафуров дур мешавем, ҳамон қадар шахсияти нотакрор будани вай боз ҳам аёнтар пеши назар меояд. Ў шахси дар як вақт ҷасуру нотарс ва дар як вақт хоксору раҳмдил буд ва некӣ кардан ба ҳамагон барояш қонун буд. Марди миёнақади бузургҷусса, дар сар тоқии ба худ зебанда бинандагонро дар ҳама ҷо мафтун мекард. Ў дипломати хирадманде буд, ки дар ҳалли масъалаҳои мураккаб роҳашро меёфт. Андеша ва баёни фикраш ба баҳсҳои илмӣ нуқта мегузошт. Институти шарқшиносии Русия беш аз 180 сол инҷониб арзи вуҷуд дорад, аммо он комёбие, ки институт дар давраи сарварии Бобоҷон Fафуров ба даст овард, чун саҳифаҳои дурахшон дар таърихи ин муассисаи бузург монд. Ман ҳамчун директори имрўзаи институт мегўям, ки муваффақиятҳое, ки мо дорем, давоми ҳамон анъанаҳои роҳбарии Fафуров аст. Пас, Fафуров ҳам олими забардаст ва ҳам ташкилотчии беҳамто буд».
Бобоҷон Fафуров борҳо ба Ҳиндустон сафар кардааст. Дар яке аз сафарҳои хеш соли 1974 ўро сарвазири вақти Ҳиндустон Индира Ганди қабул мекунад. Дар рафти суҳбат иттилоъ медиҳад, ки яке аз нашриёти бонуфузи ИҶШС маҷмўаи асару мақола ва мусоҳибаҳояшро ба чоп ҳозир карданист. Аз ин сабаб, аз аллома Ғафуров хоҳиш мекунад: «Чӣ мешуд, ки Шумо мушовири ин китоб бошед ва барои он пешгуфторе нависед».
Соли 1975 дар нашриёти «Наука» - и Маскав китоби Индира Ганди бо забони русӣ таҳти унвони «Мақолаҳо, нутқҳо, мусоҳибаҳо» ба табъ мерасад. Дар пешгуфтори китоб И. Ганди менависад: «Ман аз он ифтихор дорам, ки нахустин китоби ман дар Иттиҳоди Шўравӣ нашр мешавад ва он таҳти назари яке аз олимони бағоят барҷастаи шўравӣ академик Бобоҷон Fафуров сурат гирифтааст».
Кулли аҳли илму адаби Ҳинду Покистон дар симои Б. Fафуров фарзанди хешро медиданд ва қадр мекарданд. Собиқ сафири Ҳиндустон дар Иттиҳоди Шўравӣ Нурул Ҳасан ҳини зиёрати оромгоҳи аллома бо овардани байти Мавлоно Ҷомӣ навиштааст: «Ба ёди дўсти муҳтарам Бобоҷон Fафуров ба вақти рухсат ба Тоҷикистон:
Эй сарв, зи ту шодам, нисбат ба кӣ монад,
Эй гул, ба ту хурсандам, ту бўи кӣ дорӣ?»

Олими ҷаҳоншумули Покистон – муаррих, бостоншинос, антрополог, мухлиси беҳамтои адабиёти форсу тоҷик, аз ҷумла ашъори Айниву Турсунзода, Аҳмад Ҳасани Донӣ дар васфи Б. Fафуров гуфтааст: «Мо ҳама ба гуфтаи аллома Иқбол парвардаи як баҳорем, баҳори фарҳанги форсӣ! Камина маҳз бо ҳамин шарофати баҳори маърифат – бо ҳидоят ва меҳрубонии зиндаёд Бобоҷон Fафуров Тоҷикистонро кашф намудам».
Аз ин чанд навиштаву гуфтаҳои олимону сиёсатмадорони Ҳинду Покистон маълум мешавад, ки аллома Бобоҷон Ғафуров воқеан ҳам шахсияти байналмилалист. Тавассути чеҳраи дурахшони ў Тоҷикистони моро мешиносанд ва ба халқи сарбаландаш арҷ мегузоранд.
Меҳру муҳаббате, ки мардумони ҳинду покистонӣ ба таъриху тамаддун ва фарзандони бузурги мо доранд, аз нашри ба забони ҳиндӣ тарҷумашудаи «Тоҷикон» низ ҳувайдост. Ҳиндустониҳо ин китоби мондагорро пурра ба ҳиндӣ тарҷума намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда буданд.
Усмонҷон ҒАФФОРОВ,
профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2018    №: 100-101    Мутолиа карданд: 221

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе

Густариши ҳамкориҳо бо Бонки исломии рушд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед