logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 338; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 423; с. 2016, №7, мод. 628; с. 2017,  №7-9, мод. 584) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 2:
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- аспирант – шахси дорои таҳсилоти олии касбӣ, ки бо мақсади таҳияи рисола ва дарёфти дараҷаи илмии номзади илм дар аспирантура таҳсил менамояд;»;
- дар сархати сеюм калимаҳои «давлатии таълимии» ва «таълим» мувофиқан ба калимаҳои «давлатии» ва «таҳсилот» иваз карда шаванд;
- сархати ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рўи ихтисос – дараҷаи олии академие, ки ба шахс баъди аз худ намудани барномаи касбии докторантура аз рўи ихтисоси муайян ва ҳимояи рисолаи илмии дахлдор дода мешавад;»;
- сархатҳои ҳаштум ва нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- докторант аз рўи ихтисос – шахси дорои дараҷаи таҳсилоти олии касбии магистр, барои ихтисосҳои тиббӣ магистр - ординатори клиникӣ, ки бо мақсади таҳияи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рўи ихтисос дар докторантура таҳсил мекунад;
- доктори ҳабилитат – дараҷаи олии академие, ки ба шахсони барномаи постдокторантураро аз рўи ихтисоси муайян азхуднамуда баъд аз ҳимояи рисолаи илмии дахлдор дода мешавад;»;
- дар сархати чордаҳум калимаи «ё» ба калимаи «ва» иваз карда шавад;
- сархати бисту дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- постдокторант – шахсе, ки дорои дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рўи ихтисос буда, барои дарёфти дараҷаи доктори ҳабилитат дар постдокторантура таҳсил менамояд;»;
- ба сархати бисту дуюм пас аз калимаи «стандарти» калимаи «давлатии» илова карда шавад.
2. Дар сархати якуми моддаи 7, қисми 4 моддаи 12, қисми 4   моддаи 19, сархати якуми қисми 2 моддаи 21, сархати ҳаштуми моддаи 31 калимаҳои «давлатии таълимии» ба калимаи «давлатии» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 8:
- дар номи модда калимаҳои «давлатии таълимӣ» ба калимаи «давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар матни модда калимаҳои «давлатии таълимии» ба калимаи «давлатии» иваз карда шаванд.
4. Ҷумлаи дуюми қисми 10 моддаи 9 хориҷ карда шавад.
5. Қисми 4 моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4. Аз рўи натиҷаи ҳимояи рисолаи илмӣ бо тартиби муқарраршуда дипломи номзади илм, дипломи доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рўи ихтисос, дипломи доктори илм ё дипломи доктори ҳабилитат дода мешавад.».
6. Дар моддаи 13:
- дар қисми 4 калимаҳои «стандарти давлатии таълим» ба калимаҳои «Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ» иваз карда шаванд;
- аз қисми 12 калимаҳои «ё магистр» хориҷ карда шуда, калимаи «Таълими» ба калимаҳои «Муҳлати таҳсил дар» иваз карда шавад;
- қисмҳои 13, 14 ва 15 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«13. Ба докторантураи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ шахсоне, ки дараҷаи илмии номзади илм ва ба постдокторантура шахсоне, ки дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рўи ихтисос доранд, қабул карда мешаванд.
14. Муҳлати таҳсил дар докторантура аз рўи ихтисос бо додани дараҷаи олии академӣ - доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рўи ихтисос се сол, докторантура бо додани дараҷаи олии академӣ - доктори илм ва  постдокторантура бо додани дараҷаи олии академӣ - доктори ҳабилитат то се сол мебошад.
15. Шаҳрвандони хориҷӣ ба аспирантура, докторантура аз рўи ихтисос, докторантура ва постдокторантураи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва муассисаи илмӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалӣ бо тартиби муқарраргардида қабул карда мешаванд.».
7. Дар матни моддаи 23 калимаи «дифои» ба калимаи «ҳимояи» иваз карда шавад.
8. Моддаи 25 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 25. Аспирантҳо, унвонҷўён, докторантҳо аз рўи ихтисос, докторантҳо ва постдокторантҳо
1. Шаклҳои асосии тайёр кардани кормандони илмӣ ва илмию омўзгорӣ аспирантура, докторантура аз рўи ихтисос, докторантура ва постдокторантура мебошанд.
2. Аспирантура, докторантура аз рўи ихтисос, докторантура ва постдокторантура барои таҳсилоти муттасил, такмили ихтисоси илмию омўзгорӣ ва илмии шаҳрвандон ва дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рўи ихтисос, доктори илм ё доктори ҳабилитат шароит муҳайё мекунанд.
3. Ба шахсоне, ки ба супоридани имтиҳонҳои аспирантура ва докторантура аз рўи ихтисос иҷозат доранд, ба муҳлати 30 рўзи тақвимӣ рухсатӣ бо пардохти музди миёнаи меҳнаташон аз тарафи корхона дода мешавад.
4. Ба шахсоне, ки дар шуъбаи рўзонаи аспирантура ва докторантура аз рўи ихтисос аз ҳисоби маблағи буҷет таҳсил мекунанд, стипендияи давлатӣ пардохта мешавад ва онҳо ҳар сол ба муддати ду моҳ ба таътил мебароянд.
5. Аспирантҳои шуъбаи ғоибона ҳар сол аз ҷои кор ба муддати 30 рўзи тақвимӣ бо пардохти музди миёнаи меҳнаташон ҳуқуқ ба рухсатии иловагӣ доранд.
6. Аспирантҳои шуъбаи ғоибона ҳар ҳафта барои як рўз аз кор озод шудан ҳуқуқ доранд. Ташкилоти корфармо ҳуқуқ дорад аспирантҳо ва докторантҳоро аз рўи ихтисос дар соли чоруми таҳсил мувофиқи хоҳиши онҳо ба таври илова бе пардохти музди меҳнат ҳар ҳафта ду рўз аз кор озод намояд.
7. Аспирантҳои шуъбаи ғоибона дар давраи супурдани имтиҳонҳо, навиштан ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ бо хобгоҳ аз фонди манзили муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъмин карда мешаванд.
8. Ба докторантҳо ва постдокторантҳо стипендияи давлатӣ ба андозаи на камтар аз маоши дотсент ва ҳар сол таътили думоҳа дода мешавад. Ҳуқуқҳои дар ҷои кор пеш аз дохил шудан ба докторантура ва постдокторантура доштаи постдокторантҳо ва докторантҳо (ҳуқуқи гирифтани манзил, дараҷаи илмӣ ва дигар ҳуқуқҳо) ва ҳамчунин ҳуқуқи баргаштани онҳо ба ҷои кори пешина нигоҳ дошта мешавад.
9. Ба ҳар аспирант, докторант аз рўи ихтисос, докторант ва постдокторанте, ки аз ҳисоби маблағи буҷет таҳсил мекунад, барои хариди китобҳои илмӣ ҳар сол ба андозаи ду стипендия кумакпулӣ дода мешавад.
10. Унвонҷўёне, ки дар таълифи рисола барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм таҳқиқот мебаранд ва аз рўи масъалаи мубрами иҷтимоию иқтисодӣ ё самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти бунёдии илмӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд, бо мақсади таҳияи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм метавонанд ба муҳлати то ду сол ба вазифаи корманди калони илмӣ гузаронда шаванд. Барои унвонҷўёне, ки ба вазифаи корманди калони илмӣ гузаронда шудаанд, бо нигоҳ доштани маоши вазифавии пешинаашон ҳуқуқи ба ҷои кори пештара гузаштан дода мешавад.
11. Барои анҷоми рисолаи илмии дараҷаи илмии номзади илм ё доктори илм ба кормандони корхона ва муассисаю ташкилотҳо аз ҷои корашон ба муҳлатҳои се ва шаш моҳ, бо нигоҳ доштани музди меҳнат, рухсатии эҷодӣ дода мешавад.
12. Низомномаҳо оид ба аспирантура, унвонҷўӣ, докторантура аз рўи ихтисос, докторантура ва постдокторантура бо тартиби  муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.».
9. Дар сархати шашуми қисми 5 моддаи 26 калимаи «фармону» ба калимаи «фармоишу» иваз карда шавад.
10. Қисми 1 моддаи 27 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Кормандони илмӣ ва илмию омўзгорӣ дар аспирантура, докторантура аз рўи ихтисос, докторантура ва постдокторантураи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ, муассиса ё ташкилотҳои илмӣ омода карда мешаванд. Ҳамчунин, кормандони илмию омўзгорӣ бо роҳи вобаста намудани унвонҷўён ба ин муассисаю ташкилотҳо барои навиштан ва ҳимояи рисолаи номзади илм ё доктори илм ё бо роҳи ба вазифаи корманди илмӣ гузарондани кормандони соҳаи омўзгорӣ ҷиҳати таълифи рисолаи докторӣ омода  карда мешаванд.».
11. Дар моддаи 28:
- ба қисми 2 пас аз калимаҳои «доктори илм» калимаҳои «ё доктори ҳабилитат» илова карда шаванд;
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Унвони илмии дотсент ба шахсе дода мешавад, ки дараҷаи илмии номзади илм ё доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рўи ихтисос дошта, дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба фаъолияти омўзгорӣ ва илмию методӣ машғул аст.»;
- дар қисми 4 калимаҳои «мақомоти давлатии идораи маориф» ба калимаҳои «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
12. Дар қисми 3 моддаи 30 калимаҳои «муассиси (муассисон)» ба калимаҳои «муассиси (муассисони) он» иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 32:
- дар сархатҳои дуюм ва бисту чорум калимаҳои «давлатии таълимии» ба калимаи «давлатии» иваз карда шаванд;
- сархати чордаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- таъсиси аспирантура, докторантура аз рўи ихтисос, докторантура ва постдокторантура дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ, новобаста ба тобеияти онҳо, тасдиқ кардани низомномаҳо дар бораи омодасозии кормандони илмӣ ва илмию омўзгорӣ;»;
- сархати бисту панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- баррасии пешниҳодҳо ва қабули қарори ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фиристодани шикоят аз сифати таҳсилот ва ё мувофиқат накардани сифати таҳсилот ба талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                              Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1529


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 21 феврали соли 2018, № 1007

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 майи соли 2018, № 538


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2018    №: 100-101    Мутолиа карданд: 191

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед