logo

фарҳанг

ХУШНАВО

Тақрибан, аввали солҳои 70 - уми асри гузашта дар рустои Оби Ширини Кангурт, тағоям Нурхон – раис тӯй дошт. Аҷиб, ҳофиз як нафар, ҳамон ҳам бо дутори дастадароз. Вале, ғайричашмдошти ҳама, бо вуҷуди ҷавон буданаш, маъракаро басо хотирмон гузаронд. Овози марғуладораш дили ҳозиронро дар як нафас тасхир кард, ҳарчанд барои меҳмонон чунин тӯйгузаронии соҳибхона, ки воқеан номдор буд, аҷиб метофт. Баъдтар маълум гашт, ки ҳофиз Ҳабибуллои Бегмуҳаммад будааст. Ба диди баланди Нурхон – раис ва ҳам аз ҳунари волои сароянда қоил мондем.

Бо гузашти солҳо, бо сабку услуби сарояндагии ӯ, ки онро дар ҳудуди Кангурт сабки Карими Шиш унвон додаанд, ошно ва бо муғаннӣ қарин гаштам. Бо падид омаданаш дар саҳна сомеон рӯҳ мегирифтанд. Зеро, вай ҳама гуна маъракаро бо сурудхонӣ, суҳбатҳои дилнишин ва базлагӯиҳояш ба қиём меовард. Ҷашнгоҳ лабрези фараҳ ва хушҳолӣ мегашт.
То ба шаҳр омаданаш, гумон мебурд, ки барои номвар гаштан  музофот ӯро бас аст. Аммо, баъдан қоил монд, ки гумонаш ботил баромада. Ҳарчанд то он замон дар қисме аз шаҳру навоҳӣ ӯро ҳамчун мутриб ва овозхони хушсалиқа мешинохтанду эҳтиромашро ба дида мебардоштанд, фатҳи қуллаи ҳунар – дарёфти музаффарият дигар будааст.
Дар пойтахт мақому мартабааш садчанд гашт. Ӯ ба умқи он расид, ки таъсири телевизион ва радиои кишвар барои ҳунарманд мақоми авлавият доштааст. Ин минбари воло метавонад ҳунармандро дар фурсате бо як оҳанг ва ё як суруди дилошӯб маъруф гардонад ва сафи ҳаводоронашро аз сад ба даҳҳо ҳазор расонад.
Хушбахтона, он овон Ҳабибулло дархости мутахассиси чашмикордонро дар замин намонд. Ҳарчанд 53 сол дошт ва дар ин синну сол тағйири ҷойи кору зист саҳл набуд. Нахуст ҳунарнамоӣ дар дастаи овозадори «Дарё», робитаи зич бо радиову телевизиони мамлакат, солисан, ҳамкорӣ ва ошноӣ бо як зумра устодони варзидаи санъат - Убайдулло Раҷабов, Саидқул Билолов, мутрибону оҳангсозони хушсалиқа, амсоли Муборакшо Ҷумъаев ва Гулбек Саодатов (равонашон шод бод) барояш мояи ифтихор гашт.
Пешаварӣ дар шарёнаш буд. Ӯ дар оилаи навозанда, мутриб ва гӯрғулисарои номии Кангурт Бег Хол устухон сахт кардааст. Аз ин ваҷҳ, ҳунармандиаш авлодист. Бародараш Саидқул низ сарояндаи хубе буд. Бо сози аккордеон аҷаб хуш месуруд, аммо бармаҳал аз дори дунё гузашт .
Фарзанди бузурги Ҳабибулло - Баҳриддин алҳол дар ансамбли «Фалак» ҳунарнамоӣ мекунад. Сарояндаи хушсалиқаест. Хушбахтона, маҳорати хуби оҳангсозӣ низ дорад. Рӯзибеки Файзалӣ, сарояндаи ҷавону умедбахш низ аз бунаи авлоди муғаннист.
Ба тахмин, моҳи сентябри соли 2017 суҳбати ёдмоне доштем. Боре дигар ҳаводиси нимаи дувуми соли 1992 - ро ба риштаи тасвир кашидем. Муғаннӣ гуфт, дар деҳаи Давлатшоёни Кангурт мезистам. Вазъи сиёсиву иҷтимоӣ торафт бад шудан гирифт. Кангурт моломоли гурезаҳои бехонумон ва гурусна, сокинони манотиқи ҷангзадаи вилояти Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) гашт. 
Моҳи октябри соли 1992 ровии телевизиони Кӯлоб эълон намуд, ки бояд тавассути "симо" мардуми ранҷуру ғамзадаи вилоятро рӯҳбаланд сохт. Ҳабибулло ба қавле, мисли сарбоз дутор сари гардан озими шаҳри Кӯлоб шуд. Мардумро бо сухане чанд ба сулҳу салоҳ даъват намуда, аз як соат зиёд суруд хонду суҳбат орост. Ба гуфти он ҷониб, он сабт то кунун дар хазинаи тиллоии телевизиони Кӯлоб маҳфуз аст. Аз суҳбату дидор бо журналистони шинохта Давлаталӣ Раҳмоналиев (рӯҳаш шод бод) ва Сафаралӣ Эргашев қаноатманд буд.
Соли 1993 сарояндаи маҳбуб сурудеро ба самъи мардум расонд, ки он «Эй Худои меҳрубон хурсанд кун ҷони маро» унвон дошт ва ҳар маъракае, ки мерафт, аввал бо ҳамин суруд маҳфилро ҳусни оғоз мебахшид. Ба қавли муаллифи он, шоири маҳбуб Хайрандеш, ин шеър баъди даъвати гурезаҳои тоҷик аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон эҷод гаштааст. Ва он шеър бори нахуст дар барномаи «Хоки Ватан»-и радиои ҷумҳурӣ бо гуфтор сабт гаштаву садо додааст:
То давраи ба пойтахт раҳакӣ шудан, дар шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолият дошт. Пурсидамаш, кӣ ӯро ба вилоят бурд? Гуфт, охири соли 1994 бо даъвати раиси вилоят ба кор омадам. Дар зарфи ду сол дастаи ҳунарие иборат аз 30 нафар созмон додем. Ҳамин давра беш аз 10 суруд эҷод ва сабт намудам. Он ҳама мавзӯи панду ахлоқ ва насиҳатро фаро мегирифт. Дафъатан пурсидамаш, бо ибтикори кӣ шаҳри дилорои Душанберо макони иқомат қарор дод. Гуфт, «гунаҳкор» акаи Убайдулло (Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон) аст. Моҳи январи соли 2001 бо даъвати раиси вақти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пойтахт рӯ овардам. Маро ҳайати ҳунарии ансамбли «Дарё» бо хушнудӣ пазируфт.
- Пас, чаро ба «Фалак» рафтед?
- Моҳи ноябри соли 2004 таъсиси дастаи ҳунарии «Фалак» ба миён омад. Бо ин мақсад дар Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ҳайати доварони бонуфузе созмон ёфт. Ҳини санҷиши салоҳият (аттестатсия) раиси ҳамонвақта Абдуҷаббор Раҳмонов гуфт: «Акаи Ҳабибулло, фоидаи шумо дар «Фалак» бештар мерасад…». Даст пеши бар, дархости раисро дар замин намондам ва қариб 12 сол дар ин даста фаъолият бурдам.
Ба ҷуз ширкат дар маъракаву чорабиниҳои ҳукуматӣ ва консертҳо, аз соли 2001 то инҷониб (2017) доманаи 60 оҳанг офаридам. Бо мутрибони мумтози ансамбли «Дарё» 13 суруд, бо ансамбли «Фалак» зиёда аз 10 сурудамро дар телевизион сабт намудам. Ҳамзамон, бо ансамблҳои номбурда дар сабти беш аз 100 оҳангу суруд ширкат варзидаам.
Аз Ҳабибулло ҷӯён гаштам:
- Сабти аввалин сурудҳоятон чӣ сон сурат гирифта?
- Тахмин соли 1985 буд. Тифоқо дар деҳаи Ғофилободи музофоти Кангурт, дар маҳфили унсе, ки вазири ҳамонвақтаи фарҳанги ҷумҳурӣ Султон Мирзошоев ҳузур дошт, маҳфилоро будам. Акаи Султон ҳунари мутрибӣ ва сарояндагии маро бори аввал дида, хаёлам маъқул донист ва сароҳатан аз Сафар Сафаров (котиби якуми райкоми Совет) хоҳиш карданд, ки ӯро ба пойтахт бурда, сурудҳояшро сабт кунед!
Ҳамин ҳидояти Султон Шарифович боис гашт ва рӯзи дигар масъулони ноҳияи Совет (ҳозира Темурмалик) маро дар сабукраве шинонда ба Душанбе, ба Хонаи радио оварданд. Ва ҳамон рӯз муҳаррирони шуъбаи мусиқии радио ба як дам 8 суруди каминаро сабт намуданд…
Дар як давраи начандон тӯлонӣ Ҳабибулло байни хоссу ом маъруфу маҳбуб гашт. Сомеони зиёд ба ҳунараш қоил монданд. Хушоянд аст, ки хидмати ӯро дар арафаи 60-солагии зодрӯзаш Ҳукумати давр қадр намуд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2007 Ҳабибуллои Бегмуҳаммад ба унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардид. Аз ин қадрдонӣ сарояндаи маҳбуб шодмон гашт. Ба табрики дӯстони қарин бо ҳазл мегуфт: «Ҳақ ба ҳақдор расид»…
Суруду таронаҳои солҳои охир сурудааш амсоли «Имоми Аъзам» (шеъри Зарифӣ), «Эй сангдил» (Ҷ. Балхӣ), «Рӯдакӣ» (Саидҷон Ҳакимзода), «Умри одам» (Усмон Шарифзода), «Дидаи мунаввар» (Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ), «Шукрона мекунам ман» (Усмон Сабзов) бас дилпазиранд.
Пас аз сокини пойтахт шуданаш, рӯзе ошнои дерин Эмомалӣ Карим аз Ҳабибулло хоҳиш намуд, ки ба хонааш биёяд ва хотири меҳмонони олиқадрашро лаҳзае бо таронаҳои дилнишин хушнуд гардонад. «Дар хонаи мо 7 меҳмон аз Арабистони Саудӣ (тоҷикон) омадаанд», - фаҳмонд соҳибхона.
Ҳафт тоҷики ғарибафтода бо 7 дастгоҳи видеоӣ 3 соат навозиш ва ҳофизии сарояндаи мумтози тоҷикро сабт намуданд. Дар интиҳо овозхон бо як шеъри тозаэҷоди хеш аз боби ҳуббулватан ҳунарнамоиашро ҳусни анҷом бахшид, ки аз шуниди он меҳмонон ашк рехтанд.
Ду ҳафта қабл аз реҳлаташ акаи Ҳабибулло аз шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар), аз хонаи писархолааш, шоири ватансаро Амиршои Хатлонӣ занг зада хушҳолона гуфт:
- Умархон, як бор наёмадӣ, ки наёмадӣ-да. Наёмадӣ, ки бубинӣ акаи Гургат дар Кангурт чӣ боғе бунёд кардааст, ки назираш дар қаламрав нест…
Ваъда додам, ки ҳатман меоям…
Накуҳишам дод:
- Кор, кор гуфта худатро дар азоб мондаӣ, як бор ба Сафарбоён биё, и себу ангура, шафтолуву нашпотӣ, олучаву олура бубин, и чормағзои дар баҳрара бубину бичаш ва аз дили соф бигӯ, ки қандоша занад акаи ман,  ки дар як бардеворӣ чи хел боғ сабзондааст…
- Ҳамроҳи акаи Амиршо меоем, - гуфтам дар фаровард.
Аммо, насиб набудааст…
Ин суханони Ҳабибуллои Бегмуҳаммад дар ёдам нақш бастанд: «Ҳар он боигарие, ки насибу рӯзиам гашт, даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ёфтам…
Аз зодгоҳ тани танҳо бо як думбра ба Душанбе омадам. Дар ҳамин замон соҳиби обрӯ, мартабаи баланд, унвони ифтихории Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва хонаву дар гаштам…
Аз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва халқи азизам як умр сипосгузорам».
Умари ШЕРХОН, публитсист


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2018    №: 102    Мутолиа карданд: 363

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед