logo

сиёсат

БА ИНСОН АРҶ ГУЗОРЕМ

Дар ҳошияи суханронии Cарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар


Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи мамлакат санаи 12 майи соли равон  баргузор гардид, аз лиҳози вусъат, фарогирии масъалаҳо ва қаробат ба зеҳну тафаккури табақаҳои гуногуни ҷомеа қобили таваҷҷуҳ буд.

Инсон ва таҳкими ҷаҳони маънавӣ, арзишҳои диниву дунявӣ, вижагиҳои моҳи шарифи Рамазон ҳамчун айёми амалҳои хайру савоб, тақвияти мубориза алайҳи терроризму экстремизм аз умдатарин бахшҳои суханронии Пешвои муаззами миллат буданд. Агар дар маҷмӯъ нигоҳ кунем, дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат, пеш аз ҳама, инсон меистад, инсоне, ки маскуни гаҳвораи умумии башарият  - рӯи Замин аст ва на дар маҳдудаи ин ё он макони ҷуғрофӣ  зиндагӣ мекунад. Ба ин маънӣ, дар суханронӣ  дардҳои ҷомеаи имрӯзи башар ба таври фасеҳу возеҳ баён гардиданд.
Бо назардошти он ки ин  суханронӣ дар арафаи моҳи шарифи Рамазон доир гардид, Пешвои миллат асоси ҳикмати маънавии ин моҳро «ғолибияти ақл бар нафс» маънидод карданд, ки комилан дуруст буда, аз ҳикматҳои беш аз ҳазорсолаи инсон  ва таълимоти дини мубини ислом, ки «нафс таҳриккунанда ба сӯи бадиҳост» - мегӯяд, сарчашма мегирад. Дар ин бора Мавлоно мегӯяд:


Ҷумла Қуръон шарҳи хубси нафсҳост,
Бингар андар  мусҳаф, он чашмат куҷост?

Боиси таъкид аст, ки андешаҳои Пешвои миллат дар доираи андешаҳои мутафаккирони як халқу миллат маҳдуд набуд, балки дар зимни ин суханронӣ садҳо китобу рисолаҳо ва афкори ахлоқии башар таҷаммӯъ ёфта, дар суханҳои зерин: «ҳадафи ҳамаи динҳо тарбияи инсони комил аст» ба хубӣ ифода ёфта буд.
Масъалаи дигаре, ки дар суханронии Президенти маҳбуби мамлакат баён гардид, тағйирёбии иқлим, нақши инсон дар он ва паёмадҳои он дар зиндагии башар буд. Дар ин бахш бо мисолҳои мушаххас оид ба норасоии обу ғизо ва ҳалокати ҳазорон одамони сайёра, ки бар асари муносибати ғайриоқилонаи инсон бо табиат – хонаи умумии башарият ба тасодум ва буҳронҳои маънавию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мувоҷеҳ мегардад, изҳори назар карда шуд. Танҳо ҳамин ишораи Пешвои миллат, ки дар 70-80 соли охир тасарруфи инсон ба табиат ва тағйироти олам ба дараҷаест, ки дар зарфи мавҷудияти даҳҳазорсолааш мушоҳида нагардидааст, ҳар як сокини рӯи Заминро ба андеша водор мекунад.
Инсон, муаммоҳои ҷаҳонишавӣ, низоъҳо ва таъсири онҳо дар зиндагии инсоният. Таҳлили ин бахши андешаҳои Сарвари давлат низ, ки бо далелҳои қотеъ ва дақиқи илмӣ сурат гирифт, инсонро ба шинохти неъмати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, расидан ба қадри сулҳу субот, оромию осудагӣ, дӯст доштани Ватан ва арзишҳои он  раҳнамоӣ мекунад.  Зеро, имрӯз воқеан ҳам, инсониятро доман паҳн кардани ин падидаи номатлуб  ба ташвиш овардааст, ки ба сурати як навъ ориза, агар сари вақт пешгирӣ карда нашавад, инсониятро ба бадбахтиҳои гӯшношунид дучор карда метавонад. Ин  масъала идомаи мантиқии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» аст, ки бо ташаббуси  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ 4 майи соли ҷорӣ дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.
Заминаи аслии ин зуҳуроти нигаронкунанда нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокии иддае аз аъзои ҷамъият аст, ки ба доми тазвири душманони миллат меафтанд. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳи ҷомеаи осудаи моро зарур аст, ки алайҳи ҳама гуна равандҳои харобкор муқовимат карда, дар пойдории сулҳу ваҳдати комил саҳмгузор бошанд. Зеро, танҳо мавқеи устувор дар баробари ҷараёнҳои номатлуб ба дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоии мамлакат афзуда, фазои зиндагии моро аз таҳдиди хатарҳо эмин нигоҳ медорад.
Тоҷибой СУЛТОНӢ,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита  бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2018    №: 102    Мутолиа карданд: 150

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе

Густариши ҳамкориҳо бо Бонки исломии рушд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед