logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад


БАРОБАР БА 65
Рақамҳои аз 1 то 25 - ро тавре ҷой диҳед, ки аз боло ба поён, аз чап ба рост ва диогоналҳои он ба  65 баробар бошанд.

 

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
93-547-00-05 Вайбер,     
Bzm_701@mail.ru 
(Аз соати 800 то 1700 ) Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 – 40

 

ПАНДИ НАҚҚОШ
Шахсе чандин сол назди наққоше ба шогирдӣ истод. Рӯзе устод ба ӯ гуфт: «Худ устод шудаӣ, ман дигар чизе надорам, ки ба ту биомӯзам». Шогирд аз устод дуо гирифт ва машғули касби хеш шуд.
Дар шаҳр растаи рассомон буд. Ҳар наққоше корҳои худро дар он ба намоиш мегузошт. Рассом тасвире кашиду дар раста гузошт. Назди тасвир навишта буд: «Агар дар тасвир нуқсе бинед, онро бо аломати «Х» нишон бизанед».
Бегоҳ вақте баргашт, дид, ки тасвираш пур аз аломати «Х» шудааст. Хеле ғамгин шуд ва назди устодаш рафт.
Устод гуфт:
- Тасвирро аз нав бикаш.
Субҳгоҳон ҳар ду ба растаи наққошон рафта, тасвирро гузоштанд. Устод дар назди он мӯйқалам, об ва ранг гузошта, чунин навишт: «Агар дар тасвир нуқсе бинед, ислоҳаш кунед».
Бегоҳ, вақте баргаштанд, диданд, ки наққошӣ даст нахӯрдааст. Устод ба шогирд гуфт: «Ҳама инсонҳо қудрати интиқод доранд, вале ҷуръати ислоҳ, на!».
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


ОЛАМИ КӮДАКОН ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА
• Дар ҳар се сония як кӯдак ба дунё меояд.
• Кӯдак баъди таваллуд бӯй ва овози модарашро ҳис мекунад. Чанд ҳафта пас модарашро мешиносад.
• 80 дарсади кӯдакон бо нишони модарзодӣ таваллуд мешаванд.
• Кӯдакон 300 устухон доранд. Бо мурури замон баъзе устухонҳо бо ҳам пайванд шуда, дар организми калонсолон 206 устухон боқӣ мемонад.
• Кӯдакон дар асл гиря карда наметавонанд, барои он ки онҳо ашк надоранд. Дар давоми чанд ҳафтаи аввал танҳо дод мезананд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА КӢ ЧӢ ҚАДАР ИСТИРОҲАТ МЕКУНАД?
Чанде пас таътили тобистонаи мактаббачагон фаро мерасад. Фикр мекунам, барои шумо ҳам аҷиб аст, ки муҳлати истироҳати хонандагони мактабҳо дар тамоми дунё чӣ миқдор аз ҳамдигар тафовут дорад?
Агар ҳа, пас дониста бошед, ки: Мактаббачаҳои то синни 11 - сола дар Нидерландия – 6, Белгия – 9, Швейтсария аз 4 то 8, Чехия – 9, Венгрия – 11, Руминия – 11, Македония – 12, Булғористон аз 11 то 16, Шведсия – 10, Финляндия – 11, Норвегия – 8, Эстония – 12, Русия – 14, Шотландия – 8, Дания – 6, Литва – 13, Латвия – 13, Англия – 6, Олмон– 6, Полша – 9, Беларус – 13, Ирландия – 9 , Австрия – 9, Украина – 13, Фаронса – 8, Италия – 14, Сербия – 11, Испания – 13, Юнон – 12, Туркия – 13, Португалия – 11 ҳафта истироҳат менамоянд.
Таҳияи Умар АЛӢ


Як панд
Беҳтарин ҳадия барои падар иззат аст, барои модар эҳтиром, барои устод аҳволпурсӣ, барои фарзанд меҳрубонӣ, барои ҳамсар муҳаббат, барои тифл тарбият, барои дӯст вафо, барои ҷомеа хидмат, барои ҳамсоя ҳамдардӣ, барои майит дуо, барои охират некӣ.
Таҳияи Қурбон АҲМАДЗОД


Дар андеша бошед!
ЯК МАРГИ АҶИБ
Яке аз бузургтарин сарватмандони Британия бо номи Ротшилд ба андозае молу сарвати зиёд дошт, ки гоҳо ба ҳукумати кишвар ҳам қарз медод. Хазинааш иборат аз як хонаи пур аз тилло ва 500 триллион доллар буд. Рӯзе сарватманд ба хазина ворид гардид, ки ногаҳон дарвозаи он ба рӯяш баста шуд. Ҳарчанд садо зад, вале касе ӯро нашунид, чунки қасраш бисёр бузург буд. Гузашта аз ин, Ротшилд одате дошт, ки агар аз қаср мебаромад, ба муддати тӯлонӣ ғайб мезад. Аҳли хонадонаш фикр карданд, ки ӯ аз қаср баромадааст.
Рӯзҳо мегузаштанд. Гуруснагию ташнагӣ ба Ротшилд ғалаба кард. Аз ноилоҷиву бечорагӣ фарёд мезад. Кӯшишҳои дари хазинаро боз кардан низ натиҷа надоданд. Ангуштонаш захмӣ шуданд. Бо хуни он дар девор навишт: «Сарватмандтарин одами дунё аз гуруснагӣ ва ташнагӣ мемирад». Ҷасади ӯро пас аз ҳафтае гирифтанд.
Таҳияи Зебунисои АБДУЛҚОДИР


9 ДАЛЕЛИ ҶОЛИБ ОИД БА АВИАТСИЯ
5. Суръати ҳавопаймои Boing 747
Суръати ҳадди аксари аз ҳама ҳавопаймои дар дунё шинохта шуда низ тасхиркунанда аст. Вай ба 955 километр дар як соат мерасад.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ


ЖЮЛ ВЕРН АЗ ТАХАЙЮЛ ТО ВОҚЕИЯТ
Жюл Верн ҳамчун яке аз асосгузорони жанри фантастикаи илмӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Романи машҳури  ӯ «Сайри олам дар 80 рӯз» ҳаводоронашро ба саёҳат даъват намуд. Филеас Фогга, қаҳрамони хаёлии роман, тавонистааст дар муддати 80 рӯз саёҳати рекордӣ намояд.
Соли 1889 пас аз 17 соли интишори он ба унвонии нависанда барқияи аҷибе омад. Нелли Блай ном рӯзноманигор баъд аз мутолиаи роман ба қароре омадааст, ки рекорди гузоштаи Филеас Фоггаро бекор намуда, рекорди нав гузорад. Хатсайри ӯ аз Ню – Ҷерси оғоз шуда, дар ҳамон ҷо бояд хотима меёфт. Ҳамин тавр, сайри Нелли 14 ноябри соли 1889 дар киштии «Август Виктория» сар шуда, баъд аз 72 рӯз дар худи ҳамон ҷо ба итмом расид. Дар баробари муаллифи асар, рафти марафонро тамоми оламиён мушоҳида менамуданд. Дар ҳар истгоҳ  сайёҳро ҳаводорони сершумораш пазироӣ мекарданд. Тӯли чанд ҳафтаи марафон  роман 10 маротиба аз нав нашр гардид. 
Нелли Блай фардои рӯзи анҷоми саёҳаташ ба идораи рӯзномаи «Уорлд» - и Ню - Йорк рафта, дар бораи рекорди худ хабар чоп намуд. Чанде пас, китоби Нелли Блай бо номи «72 рӯз дар гирди ҷаҳон» интишор шуд, ки шуҳраташ аз романи нависандаи маъруф камӣ надошт. Нелли 2 маротибаи дигар  гирди оламро дар 67 ва 66 рӯз давр зад, вале қаҳрамонии нахустини ӯ дар хотири одамон бештар нақш баст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ҚОЛИН ва илҳоми ТОЛСТОЙ
Солҳои 30-юм. Алексей Толстой, адиби маъруфи шӯравӣ, ки дар назди Сталин қадру манзалати баланд дошт, аз Намоишгоҳи  умумииттифоқии комёбиҳои хоҷагии халқ дидан мекард. Ҳангоми аз павилёни Осиёи Марказӣ гузаштанаш, рӯ ба рӯи қолини боҳашамате зиёдтар истод, аз тамошояш завқ бурда буд, ки ҳатто чашм намеканд. Вақте ба ӯ гуфтанд, ки қолинро солҳои тӯлонӣ даҳҳо нафар ҳунармандони мардумӣ бо даст бофтаанд, боз бештар мафтун шуд.
«Ин қолин не, ин муъҷиза аст»,- аз дил гузаронд нависандаи шаҳир.
Ниҳоят, Толстой назди директори павилён омад ва хоҳиш намуд, ки қолинро ба ӯ бифурӯшанд. Директори баҳаяҷономада посух дод, ки бо ҳама эҳтироми самимие, ки ба шумо дорем, фурӯхтани қолин номумкин аст. Охир, ин қолини одӣ нест ва ҳамчун сарвати миллӣ бояд дар осорхона ҳифз шавад...
Толстой, ки ноумед ва бо димоғи сӯхта ба хона баргашт, дар ғами қолин ва аз ноомади кор афсӯс мехӯрд. Аз андуҳи зиёд ниҳоят беқарор шуд ва беихтиёр гӯшии телефонро бардошта, ба Сталин занг зад:
- Рафиқ Сталин, ҳамин ҳоло дар болои романи «Хлеб», ки дар он бояд симои шумо офарида шавад, кор карда истодаам, вале баъзан мешавад, ки навиштаҳо чандон дилхоҳ намебароянд. Хона солҳост, ки якранг, дигар илҳом ҳам намеояд. Барои ҳамин, хостам як қолини нав харида, муҳити хонаро каме дигар созам. Мутаассифона, қолини дилхоҳро харида нашуд. Экспонати осорхонавӣ будааст, мегӯянд.
- Ҳеҷ гап не,- нависандаро ором мекунад Сталин. - Мо ба раванди кори эҷодии шумо кумак менамоем. Шумо, ки чунин масъалаҳои муҳиму мушкили рӯзро ба қалам додан мехоҳед, набояд ин лаҳзаҳо парешонхотир шавед. «Хлеб»-и шумо ба мо ҳамчун обу ҳаво зарур аст. Беташвиш аз пайи эҷод бошед...
Бегоҳии ҳамон рӯз қолини афсонавиро худи директори павилён дар мошинҳои боркаш, бо ду дасти адаб, ба хонаи Толстой меорад. Ин ғамхории падаронаи Сталин, воқеан, илҳоми нависандаро овард ва дере нагузашта романи «Хлеб» муаррифӣ ва машҳур шуд, ки дар он аз Сталин ҳамчун наҷотбахши Иттиҳоди Шӯравӣ аз душман ва мардум аз гуруснагиву марг тавсиф мешуд.
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА,
донишҷӯи соли аввали Донишкадаи  давлатии забонҳои Тоҷикистон


15 корномаи ҶБВ
Зоя - қаҳрамони достони «Таня» - и Лоҳутӣ

Зоя Космодемянская (1923-1941), партизан, узви гурӯҳи диверсионию разведкавии ситоди фронти Ғарбӣ.
Ҳини мактабхонӣ Зоя Космодемянская орзу дошт, ки ба донишкадаи адабиёт шомил гардад. Вале ин орзуяш ҷомаи амал напӯшид – ҷанг халал расонд. Моҳи октябри соли 1941 ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ омад ва баъди гузаштани курси кӯтоҳмуддати диверсионӣ ба ақибгоҳи фашистон ба маҳали Волоколамск фирис-тонда шуд. Дар он ҷо, духтараки 18-солаи қисми партизанӣ, баробари калонсолони ботаҷриба супоришҳои махсуси мураккабро иҷро мекард: ба роҳҳо мина мегузошт, воситаҳои алоқаро хароб менамуд.
Дар вақти иҷрои яке аз амалиётҳои диверсионӣ Зоя ба дасти немисҳо  афтод. Ӯро хеле азоби ҷисмонӣ доданд, то ки рафиқонашро фурӯшад, аммо вай ба ҳама азобу шиканҷа тоб овард, лаб накушод. Диданд, ки аз партизани ҷавон умеде нест, қарор карданд, ки ба дор овезанд.
Космодемянская то охир устувор монд. Лаҳзае пеш аз марг ба аҳолӣ рӯ оварда нидо дардод: «Рафиқон, ғалаба бо мост. Аскарони немис, ҳоло ки дер нашудааст, таслим шавед!» Ҷасорати духтарак мардумро ба шигифт овард. Онҳо қаҳрамонии ӯро ба хабарнигорон васф намуданд. Газетаи «Правда» дар бораи шуҷоаташ мақолае ба нашр расонд. Ӯ нахустин зан аст, ки ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ  сазовор шуд. Дар бораи корнамоии ӯ шоири маъруфи тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ достони «Таня» - ро эҷод кардааст.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


10 ШАҲРИ СЕРАҲОЛИТАРИН
Оё медонед, ки Деҳлӣ аз пайванди 7 шаҳр ба вуҷуд омадааст? Ё худ дар шаҳри Сан-Паулуи Бразилия истифодаи чархбол аз автомобил қулайтар мебошад? Хабар доштед, ки Ню - Йорк панҷ сол пойтахти ИМА буд? «Шоми шанбе» бароятон аз чунин фактҳои аҷоиб силсилаи навро бо номи «10 шаҳри сераҳолитарин» фароҳам овард. Тавассути он боз метавонед дар ягон «файли хотира» навтарин шумораи сокинони калонтарин шаҳрҳои ҷаҳонро сабт кунед. 

1. ТОКИО
Соли 2016 аҳолияш ба 38 миллиону 140 ҳазор расид.
Токио амнтарин шаҳри дунёст. Ба ҳадде, ки кӯдакони шашсола мустақилона дар нақлиёти ҷамъиятӣ равуо мекунанд. Шояд таъсири ғизохӯрии дуруст бошад, ки дар шаҳр занҳои фарбеҳро қариб намебинед. Мардуми ҷопон басо бавиҷдонанд ва агар ҳамён гум кардед, 90 дарсад яқин, ки онро ба бюрои бозёфтҳо месупуранд. Ҷопониҳо ниҳоят шармгин буда, одати изҳори эҳсосот надоранд. Барои аксари онҳо “Ман туро дӯст медорам” гуфтан баробари қаҳрамонист. 
Мавриди зикр аст, ки мардуми ин кишвар беҳад заҳматкашанду метавонанд рӯзе 15 - 18 соат бе хӯроки нисфирӯзӣ кор кунанд. Дар Ҷопон сари вақт ба кор омадан нишони беадабист: бояд камаш ним соат барвақттар ҳозир шуд. Дигар факти аҷиб  ин аст, ки дар шаҳрҳои шимоли мамлакат тамоми роҳҳои пиёдагард гарм карда мешавад, аз ин рӯ, ҷопонҳо азобу хавфи роҳҳои лағжонакро намедонанд.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


«ҶОМИ ҶАҲОННАМО» АЗ НАВ ИХТИРОЪ ШУД
Олимони ҷавони финӣ фенҷони қаҳванӯшии «Muki» - ро ихтироъ карданд, ки ба воситаи он метавон вориди интернет шуд. Ба гуфтаи яке аз муаллифони ихтироот, он бо хоҳиши ширкати қаҳваистеҳсолкунии «Paulig» ва бо истифода аз технологияҳои муосир офарида шудааст.
Фенҷон бо дисплей ва модули «Bluetooth», ки ба воситаи он метавон ба смартфон пайваст шуд, муҷаҳҳаз аст. Экран аз ҳисоби қувваи гармии қаҳва рӯшан мешавад.
«Bluetooth» имкон медиҳад, ки дар экрани фенҷон ҳама гуна аксҳо,  паёмаки дӯстон ва қайдҳои дигаронро дар шабакаҳои интернетӣ бубинед. Ғайр аз ин, дар экрани фенҷон ҳарорати қаҳваро санҷидан мумкин аст.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


10 ҲАЙВОНИ ҒАЙРИОДӢ
Стилинодон
Стилинодон аз ҷумлаи ҳайвонҳои ваҳшии нобудгардида мебошад, ки 45 миллион сол қабл дар Амрикои Ҷанубӣ ба сар бурдааст. Стилинодон аз синфи ширхорҳо буда, асосан барг, мева ва решаи дарахтонро истеъмол мекард.
Олимон  дақиқ кардаанд, ки стилинодон ҳайвоноти хурдро низ  шикор мекардааст. Гарчанде, мушакҳои бадани он хуб ташаккул ёфта буданд, вале косахонаи сараш хеле хурд, мағзи сараш  сустинкишофёфта ва  зеҳнаш кунд буд. Шакли он ба баҳмут ва хукҳои ҳозира шабоҳат дошт. Вазнаш бошад, 100 - 120 килограмро ташкил медод. Бо дигаргуншавии иқлим ва ба вуҷуд омадани дигар намуди ҳайвонот стилинодон мавқеи 20 миллион сол ишғолнамудаашро аз даст дода, батамом аз рӯи Замин ба нестӣ рафт.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ОСОРХОНАҲОИ ҒАЙРИОДӢ
Дар шаҳри Гатлинбурги Амрико осорхонае мавҷуд аст, ки коллексияи зарфҳои гуногунҳаҷми намак ва мурчдонро ҷамъ овардааст. 20 000 намакдон ва мурчдонҳои он аз масолеҳи гуногун тайёр гардидаанд.
Осорхонаи аҷибе дар қаъри баҳри Кариб, дар Боғи миллии Канкунаи Мексика ҷойгир аст. Ин осорхона «Таҳаввулоти ором» ном дошта, таърихи башариятро аз даври қадим то замони ҳозир дар бар мегирад. Барои дидани зиёда аз 400 нигораи он бояд бо акваланг ба чуқурии 10 метр ғӯта зад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
ПАРАШУТЧИИ ЯКПОЯ
На он қадар дуртар аз шаҳри По, дар ҷануби ғарбии Франсия, баъди бори нахуст худро бо парашут партофтан нафақахӯри 70 – сола ба замин фуромад. Аммо роҳ рафта натавонист, зеро як пояш набуд. Маълум шуд, ки дар баландии 1500 метр тасмаҳои пои сунъияш канда шудаанд ва ӯ якпоя то замин расидааст. Новобаста ба ин, нафақахӯри пурқувват худро аз даст надода, оромона ҷаҳишро бо як пой анҷом дод.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


МАЙДОНИ ФУТБОЛ ҶОИ ҚАҲРАМОНИВУ ДИЛОВАРӢ НИЗ ҲАСТ
Футболбози гурҷӣ Ҷаба Канкава моҳи марти соли 2014 дар дидори ду дастаи украинӣ «Динамо» ва «Днепр» амали қаҳрамонӣ нишон дод. Зонуи дарвозабони «Днепр» Денис Бойко дар ҳолати бозӣ ба сари нимҳимоятгар Олег Гусев бархӯрд ва қариб буд, ки он бо фоҷиа анҷомад. Ҷаба зуд ба ёрии бозигари ҳариф шитофта, роҳи нафаси ӯро озод кард ва забони ҷабрдидаро аз ҳалқаш берун овард. Бо ин амал ӯ Олег Гусевро аз марг наҷот дод. Баъдтар дар бемористон маълум гардид, ки Олег ҷароҳати вазнини мағзи сар бардошта, се дандонаш низ шикаста будааст.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2018    №: 104    Мутолиа карданд: 323

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед