иқтисод
ЯК НИШАСТИ МУҲИМ
Бахшида ба раванди амалисозии ташаббуси нави глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Таъкид шуд, ки ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» яке аз ташаббусҳои муҳим мебошад, ки аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид ва барои татбиқи тавсияҳо ва ташаббусҳои дигари Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об заминаи саривақтӣ гузошт.
- Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мавҷудияти 947 дарёи хурду бузург ва 13000 пирях дар минтақа дар сарчашмаи обҳои ширин қарор дошта, тавлидгари беш аз 60 дарсади обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Манбаъҳои обии кишвар барои сайру саёҳати ҳазорон нафар сайёҳи хориҷӣ, яъне туризми обӣ мусоид мебошанд. Аз рӯи таҳлилҳо аксарият сайёҳони хориҷиро обҳои мусаффову ширин, қуллаҳои барфпӯшу пиряхҳои азим ва манзараҳои дилфиреби Тоҷикистони азиз ҷалб месозад, - иброз дошт Тағоймурод Ғафурзода, сардори раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои об.
Тибқи иттилои донишмандон ва таҳлилҳои оморӣ соли 2005 дар миқёси ҷаҳон зиёда аз 1,2 миллиард нафар ба оби тозаи ошомиданӣ ва беш аз 2,6 миллиард нафар ба меъёрҳои одии беҳдошт дастрасӣ надоштанд. Дар соли 2015, яъне дар натиҷаи амалӣ гардондани даҳсолаи қаблӣ - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» ин нишондиҳанда мутаносибан ба 663 миллион ва 2,4 миллиард нафар расонда шуд. Бо вуҷуди ин, мувофиқи маълумоти СММ дар дунё шумораи нафароне, ки аз норасоии оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашанд, то соли 2025 ба 3 миллиард ва то соли 2050 ба беш аз 5,5 миллиард нафар хоҳад расид.
Бо назардошти муҳимияти масъала таъкид шуд, ки мо бояд дар татбиқи ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва амалишавии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат саҳми босазо гузошта, ҳамчун кишваре, ки обро асоси дипломатияи муътадил ҳисобидааст, пешсафу пешкори чунин ташаббусҳо бошем.
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.05.2018 №: 105 Мутолиа карданд: 679