logo

сиёсат

ҲИДОЯТ БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар
Ҳоло, ки моҳи шарифи Рамазон – айёми раҳмату мағфират, бахшиши гуноҳҳо, поксозии қалбҳо ва иҷрои амалҳои хайру савоб асту дар баробари ин, қариб ҳамарӯза тавассути воситаҳои ахбори омма ҳолати вазнинтарини ҷанг ва низоъҳои кишварҳои бузурги олам инъикос меёбад, суханронӣ ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, бамаврид ва саривақтианд.

Албатта, ҷаҳони бо суръат тағйирёбанда дар манзари  муборизаи абарқудратҳо барои тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ бисёр осебпазир гардидааст. Мутаассифона, одамон ба гирдоби нафсу манфиатҷӯӣ мубтало гардида, худро тадриҷан аз олами табиат ҷудо менамоянд ва бо муносибати ғайриоқилонаву нодуруст ба сарватҳои табиӣ, аз ҷумла обу хок, олами наботот ва ниҳоят ба худ низ зарар меоваранд. Далел чанд таҳлили созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим мебошад, ки аз ҷониби Сарвари давлат низ махсус таъкид гардид. Масалан, ҳар сол танҳо бо сабаби норасоии оби тозаи нӯшоӣ як миллиону 400 ҳазор кӯдак азият мекашад ва ҳар дақиқа як кӯдаки навзод аз бемориҳои сироятии вобаста ба норасоии оби тоза ва муҳити пок ба ҳалокат мерасад. Ё ҳамасола дар ҷаҳон бо сабаби танқисӣ аз об 3 миллиону 400 ҳазор нафар мефавтад. 31 дарсади муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надоранд. Аз ин лиҳоз, ҳидоятҳои Сарвари давлат - дар ин вазъияти ҳассосу ноороми ҷаҳон нисбат ба ҳар вақти дигар пеша кардани зиракиву ҳушёрӣ, дуруст дарк кардани манфиату зарари худ дар гуфтор ва амал, самаранок ва оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ, аз ҷумла об ва ниҳоят ба қадри дастовардҳои бузурги давлату миллат расидани ҳар фарди баруманди кишвар  хеле саривақтию пурқиматанд. Дар ҳамин раванд, доир ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» - ташаббуси Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масоили ҳифзу нигаҳдорӣ ва истифодаи  оқилонаи захираҳои обӣ ҷалб месозад. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузории як қатор чорабиниҳо, аз қабили вусъати мониторинг ва андешидани тадбирҳои саривақтии мутобиқгардонӣ ба ҳифзи экосистемаҳои кӯҳии ноустувор, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, огоҳонии саривақтӣ бо мақсади коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ, пешгӯиҳои боэътимод доир ба обу ҳаво ва дигар маълумоти гидрометеорологӣ кӯшиш намуда истодааст, ки дар таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшоӣ саҳми бештар гузорад. Аз ҷониби кумита эълон шудани озмун таҳти унвони «Тозагии манбаъҳои обӣ - вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост» байни хонандагони макотиби таълимӣ ва дигар чорабиниҳои вобаста ба об, ки бо мақсади ҷалби бештари насли наврас ба покизакорӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ роҳандозӣ гардидаанд, дар ҷараёни омодасозии кадрҳои донишманду баландихтисос нақши пешбаранда мегузорад.  
Заррина НАЗАРЗОДА, муовини раиси
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2018    №: 106    Мутолиа карданд: 633
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед