logo

маориф

"СОКИНОНИ БЕШКАППА КАЙ СОҲИБИ МАКТАБ МЕШАВАНД?"

«Ҷумҳурият», 2 марти соли 2018

Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба самъи шумо мерасонад,  ки мақолаи «Сокинони Бешкаппа кай соҳиби мактаб мешаванд?» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Маълум гардид, ки фарзандони деҳаи Бешкаппаи Ҷамоати деҳоти Даҳана барои таҳсил дар муассисаи  таълимии асосии № 38 фаро гирифта шудаанд.
Дуруст аст, ки баъзе хонандагони деҳаи мазкур ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 32 - и  ҷамоати деҳоти мазкур барои таҳсил мераванд. Ин ҳам бошад, бо хоҳиши падару модарон ба роҳ монда шудааст. Масофаи муассиса аз деҳа як - яку ним километрро ташкил медиҳад. Хонандагон тавассути роҳи пиёдагард ба мактаб мераванд.
Бешкаппа ягона деҳае нест, ки хонандагони он дар МТМУ № 32 таълим мегиранд. Хонандагони деҳаҳои Файзобод, Дамариқ, Тоқакаппа низ дар ҳамин муассиса ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Бояд зикр намуд, ки деҳаи Файзобод аҳолии на он қадар зиёд дорад ва МТМУ № 32 аз он дар масофаи 1 километр ҷойгир аст. Ин аст, ки хонандагони деҳаҳои дар боло зикр гардида барои таълиму тарбия ба муассисаи таълимии № 32 мераванд. Ҳамзамон, ба маълумоти шумо расонданием, ки барои осон намудани шароит соли 2013 дар деҳаи Тоқакаппа филиали муассисаи таълимии № 32 таъсис дода шуд.
Духтарони деҳаи Бешкаппа пурра ба таълим фаро гирифта шуда, ҳамасола бо аттестати маълумоти асосӣ ва маълумоти миёнаи умумӣ таъмин карда мешаванд.
 Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи
 ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.50.2018    №: 106    Мутолиа карданд: 671

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед