logo

фарҳанг

КОХИ НАВРӮЗ. НАМОДИ ТАМАДДУН, ФАРҲАНГ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Кохи Наврӯз. Ин шоҳкории муҳташами аср, ки дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол - шаҳри Душанбе қоматафрозӣ мекунад, ҳамчун маҷмааи нодири фарҳангӣ - фароғатӣ бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат бунёд шудааст. Он бузургтарин кох дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, фаротар аз як маҷмаа амсоли ганҷина ё худ осорхонаи таъриху тамаддун ва фарҳангу ҳунарҳои мардумии миллати тоҷик дар як муддати кӯтоҳ ба ҷаҳониён муаррифӣ гашт.
Хишти аввали онро Сарвари тамаддунпарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2009 дар арафаи таҷлили Ҷашни Наврӯз   гузоштанд ва баъди панҷ сол 12 сентябри соли 2014 зимни баргузории ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо иштироки роҳбарони давлатҳои аъзо ва нозирони байналмилалӣ Кохи Наврӯз барои бори нахуст дари худро ба рӯи меҳмонон боз намуд.
Кохи Наврӯз дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ҷойгир буда, аз 5 ошёна иборат аст ва дар масоҳати 40 ҳазор метри мураббаъ доман густурдааст. Кох бо санъати волои тоҷикӣ - гаҷкорӣ, ойинабандӣ, наққошӣ, кундал, кандакорӣ, сангтарошӣ, чӯбкории ҳунармандони тоҷик оро ёфта,  айвончаҳои тобистона  ва фаввораҳои рангаи хурду бузург ба намои он шукӯҳу шаҳомати тоза мебахшанд.
Кох дар маҷмӯъ 15 толор дошта, «Зарандуд», «Гулистон», «Дидор» ва «Аржанг» аз толорҳои асосӣ маҳсуб меёбанд.
Бино ба маълумоти Самеъ Азизиён, сармеъмори кохи мазкур, толори бошукӯҳу барҳавои «Зарандуд» яке аз калонтарин толорҳост. Масоҳати он 1000 метри мураббаъро ташкил дода, бо санъати гаҷкорӣ дар рӯйи ойина бо тиллокорӣ ороиш дода шудааст. Баландӣ, дарозӣ ва паҳноии он 36 - метрӣ мебошад. Қутри қандиле, ки дар он мавҷуд аст, 10 метр ва баландияш 22 метр буда, 6 ҳазору 700 килограмм вазн дорад. Дар толор 16 сутуни баландиашон 16 - метрӣ мавҷуд аст, ки дар болои онҳо 16 нимгунбаз ҷой дода шудааст. Инчунин, 16 карнай, ҳавокаш, меҳроб, гунбаз, арк ва тиреза мавҷуданд, ки ҳар кадоми онҳо рамзанд, рамзи Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент. Толори дигар, ки «Дидор» ном дорад, дар ошёнаи 1 - ум ҷойгир аст. Толор 1108 метри мураббаъ масоҳат дошта, бо санъати вассаҷуфт, наққошӣ, кандакорӣ ва гаҷкорӣ дар рӯйи ойина оро ёфтааст. Тамоми гулҳо ва санъате, ки дар ин толор истифода   шудаанд, нақши сирф тоҷикӣ доранд. Фарши толор  бо санги хоро ва мармар ороиш дода шуда, дар он низ пурра санъати миллӣ дарҷ гардидааст.
Толори «Аржанг» аз номи  китоби  Монӣ гирифта шудааст. Масоҳаташ 1000 метри мураббаъ буда, дар он зиёда аз 29 намуд сангҳои нимқиматбаҳои Тоҷикистон (лоҷвард, лаъли кабуд, ақиқ, нефрит, оникс, яшми сабз, мармари сафеду сурх ва ғайра) дар ҳаҷми 52 ҳазор килограмм истифода шудаанд.
- Барои мисол, як намуд санги мармар, ки аз зери пиряхи азими Тоҷикистон - Федченко пайдо гардидааст, дар кох истифода бурда шуд. Фарқияти санги мазкур аз дигар сангҳои мармар дар он аст, ки вай ҳангоми нигоҳ кардан пурра сафед ва тоза намудор шуда, диққати касро ба худ ҷалб мекунад, - мегӯяд С. Азизиён.
Дар ду паҳлуи даромадгоҳи асосии кох расмҳо ҷой дода шудаанд, ки онҳо «Таърихи давлатдорӣ» ном дошта, ба хотири зинда нигоҳ доштани таърих аз замони Авасто, Куруши Кабир ва Ориён бо нишонаҳо аз Тахти Ҷамшед тасвир  шудаанд.
Чуноне мушоҳида намудем, дар бино, толорҳои фароғатӣ ва иншооти дигар низ мавҷуданд, аз ҷумла толорҳои боулинг, саққозанӣ, клуби дилхушӣ, кинотеатр ва тарабхонаи замонавӣ.
Дар Кохи Наврӯз чорабиниҳои муҳими давлатии сатҳи ҷумҳурияӣ ва байналмилалӣ баргузор мегарданд. Кох дар як вақт имкони қабули 3200 меҳмонро дорад. Аз ин рӯ, мушкилоти танбашавии роҳро низ ба назар гирифта, дар таҳхонаи  бино таваққуфгоҳ сохтаанд. 
Маҷмааи фарҳангӣ - фароғатии «Кохи Наврӯз» чун дурдонаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро торафт зиёдтар ҷалб мекунад ва ҳар бинанда пас аз тамошои толорҳои кох ба ҳунари волои устоҳои тоҷик аҳсант мегӯяд.
Шаҳбоз АБРОР, Қурбон АҲМАДЗОД,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2018    №: 106    Мутолиа карданд: 4655

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе

Густариши ҳамкориҳо бо Бонки исломии рушд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед