logo

сиёсат

ИТТИҲОДИ МИЛЛӢ ШАРТИ ЗИНДАГИИ ОЗОДУ ОРОМ ДАР ҶАҲОНИ НООРОМ АСТ

Дар ҳошияи суханронии Cарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар
Руҷӯъ ба фалсафаи инсоншиносӣ дар ҷавҳари таълимоти адён ва мазоҳиб аз қабл иртибот бар он мегирад, ки сарнавишти башарият ва ҳаллу фасли маҷмӯи муаммову мушкилоти он дар маърифати дурусти ҳақиқати ҳамон як инсон, берун аз тааллуқоти ақидаву эътиқодӣ, зоҳириву забонӣ ва милливу қавмӣ нуҳуфтааст. Ҳамин ваҳдату ягонагии асолати инсонӣ ба истилоҳ олами кабирро ба вуҷуд овардаву инсонҳоро дар моварои ҳама марзу маҳдудаҳо муттаҳид менамояд. Маҳз ношинохтагии ҳамин матлаби муҳим ва, ба таъбири маъруф, «ваҳдати инсонӣ»  омили аслии сар задани маҷмӯи ҷангу хушунат, нифоқу душманӣ ва дигар харобкориҳо дар сайёра миёни одамон гардидааст.
Таваҷҷуҳи амиқи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамин масъалаи муҳим даъват ба дарки воқеии ин ҷавҳари фалсафаи  умумибашарӣ ба шумор меравад. Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли ҷомеаи кишвар, ки дар остонаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон баргузор гардид, бо назардошти маърифати моҳият ва аслу бунмояи таълимоти тамоми динҳои ҷаҳонӣ хеле бамаврид таъкид доштаанд: «Ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ ва фарҳангу тамаддунҳои башарият ҳанӯз аз аҳди бостон то ба замони нав дар роҳи ташаккули ҷаҳони маънавии афроди ҷомеа хизмат кардаанд ва ҳадафи аслии ҳамаи онҳо тарбияи инсони комил ва солеҳ будааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷаҳони бо суръати кайҳонӣ тағйирёбанда ва муборизаи абарқудратҳо барои тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ дар баробари дастовардҳои бесобиқа бисёр осебпазир гардида, зарари он ба ташаккули дунёи маънавии инсон рӯ ба афзоиш мебошад».
Дар суханронии Сарвари давлат маҷмӯи мушкилоти мавҷуда, дар навбати аввал густариши ҷуғрофиёи терроризм ва экстремизм дар ҷаҳон, афзоиши бемориҳои сироятӣ, дар мисоли нуфузи бемории норасоии масунияти одам, камбуди оби нӯшиданӣ ва таъсири он бар рӯзгори миллионҳо нафар шарҳу тафсир ёфтааст, ки ҳосили он ба сари худи инсоният фоҷиаҳои фаровонеро эҷод кардааст. Чунончи, танҳо бо сабаби нарасидани оби ошомиданӣ дар сайёраи Замин ҳамасола 1 миллиону 400  ҳазор нафар кӯдак азият кашида, дар ҳар дақиқа як нафар аз онҳо мефавтад. Мушкилоти беш аз 800 миллион аҳолии олам бар асари  камбуди ғизо, аз ватан маҳрум шудани 70 миллион нафар бар асари ҷангҳои фарогири ҷаҳонӣ, аз ҷумлаи дигар муаммоҳои аслии инсоният ба шумор мераванд.
Барҳақ, Пешвои миллат бо таҳлили амиқи ин вазъияти хатарзо ба сарнавишти инсон ҳамагонро ҳушдор доданд, ки инсоният бояд дар сари ин масъалаҳо бисёр амиқ андеша намояд, ҷиҳати пешгирӣ кардани ин ҳама харобкориҳо дастҷамъона чораҷӯӣ кунанд ва талоши қувваҳои солимро ба паст намудани шиддати низоъҳои сиёсиву иқтисодӣ равона созад. Дар суханронӣ дастуру ҳидоятҳое буданд, ки муносибати ҳар яки моро ба чунин вазъият ва ҷустори роҳу равиши раҳоӣ аз он мушаххас  месозанд: «Чунин вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон – истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем. Зеро маҳз Истиқлолияти давлатӣ ба мову шумо имкони зиндагии озод, ором ва осударо дар ин олами ноором додааст».
Мо ҳазорон шаҳодатеро дар афкор ва андешаҳои бузургони хеш дар таърихи гузашта дорем, ки ҷустуҷӯи  роҳи раҳоӣ аз ин муаммоҳоро маҳз дар шинохти мақоми меҳварии инсон ва дарку маърифати сарчашмаи ягона доштани тамоми башарият дарёфт намудаанд. Пешвои миллат, ҳанӯз даҳсолаҳо пеш ба ин масъала руҷӯъ намуда, дар баробари нигориши чандин мақолот китобе ҳам дар заминаи пайванди андешаҳои Мавлонои Балхӣ бо сарнавишти башарият ва роҳу шеваҳои ҳаллу фасли муаммоҳои ҷаҳони имрӯз ба қалам овардаанд, ки зери унвони «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» ба чоп расида буд. Имрӯз бо назардошти шиддат гирифтани таноқузи фикрӣ ва маънавӣ дар ҷаҳони муосир, тахриби андешаҳои инсоният бар асари ифротгароиву хилофкорӣ ва бадбиниву хушунат руҷӯи дубораи Пешвои миллат ба ин масъала барҳақ ҳушдорест, дар навбати аввал, ба ҷомеаи кишвар, ки чун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ин мушкилот дар мамлакати мо ҳам доман задааст. Олитарин сабақ ва дарси бузурги инсоншиносӣ, ки дар ҳамин мулоқот ба тамоми мардуми Тоҷикистон арза гардид,  боз ҳам  тамоюл ва кӯшиш барои расидан ба иттиҳоди миллӣ маҳсуб мешавад, ки дар зимни он таъмини сарҷамъии мардум дар атрофи чунин ғояву ормонҳои ваҳдатофарин маҳсуб меёбанд. Зеро ба таъбири Сарвари давлат дар чунин айёми бархӯрдҳои фаровон ва қудратсозиву қудратсӯзиҳо “Танҳо иттиҳоду сарҷамъии халқи Тоҷикистон ва наслҳои имрӯзу ояндаи он дар атрофи арзишҳои бунёдии давлатдории миллӣ ва ғояҳои созандаи давлат на танҳо халқи моро аз таъсири манфии офату иллатҳои маънавию сиёсии замона барои садсолаҳо ҳифз менамояд, балки тоҷиконро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати воқеан бостонӣ ва соҳибмаърифату тамаддунсоз муаррифӣ мекунад”.
Нуралӣ НУРЗОД,
номзади илмҳои филологӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2018    №: 106    Мутолиа карданд: 198

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед