logo

фарҳанг

60 СОЛ ТАЪРИХИ ЯК ОСОРХОНА

«Осорхонаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро бояд ба яке аз марказҳои фарҳангии миллати тоҷик табдил дод». Ин суханони Пешвои миллатамон, ки пас аз боздид дар рӯзҳои ҷашни 1150 - солагии устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар «Китоби мулоҳизоти тамошобинон» дарҷ гардидааст, кормандони осорхонаро рӯҳбаланд сохт ва онро сармашқи кори худ қарор додаанд.
Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент чун дигар осорхонаҳои кишвар дар рушди худшиносии миллӣ нақши бориз дорад.
Он охири солҳои 50 - уми асри ХХ ба фаъолият шурӯъ кардааст. Дар оғози фаъолияташ аз се бахш - давраи таърихи тоинқилобӣ, инқилоб ва сохтмони маданӣ иборат буд. Шумораи ашёи намоишии он замон ҳамагӣ ба 500 адад мерасид, ки аз таърихи гузаштаву муосир, осори фарҳангии мардуми саргаҳи Зарафшон иттилоъ медоданд. Баъдтар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба осорхона таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар натиҷа, он ба бинои масҷиди Ҳоҷӣ Қозӣ, ки толорҳои барои осорхона мувофиқ дошт, кӯчонда мешавад ва аз буҷети шаҳр барои ҷамъоварии экспонатҳои  таърихӣ маблағ ҷудо мегардад.
Дар густариши фаъолияти осорхона, ҳамчунин ҳамкории кормандони осорхонаҳои шаҳри Сталинобод, Ленинобод ва Самарқанд нақши муҳим мебозанд. Табодули афкор, ҷустуҷӯи тарз ва усулҳои нави осорхонанигорӣ самараҳои хуб ба бор оварданд.
Саҳми бостоншиноси рус А. Ю. Якубовский низ, ки аз соли 1947 дар Панҷакенти қадим ҳафриёт гузарондааст, ҷиҳати ғанӣ гардондани фонди он ниҳоят калон мебошад. Инчунин, ковишҳо ва таҳқиқоти илмии кормандони Пойгоҳи таърих ва бостоншиносии панҷакентии Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои кишвар, муҳаққиқони Эрмитажи давлатии шаҳри Ленинград (Санкт - Петербург), олимони пажӯҳишгоҳҳои шарқшиносии шаҳрҳои Ленинград ва Москва дар рушду инкишофи осорхона хеле бориз аст. Аксари ашёи намоишие, ки имрӯз дар толорҳои он ба маъраз гузошта шудаанд, маҳсули ковишҳои бостоншиносии солҳои 40 ва ибтидои солҳои 50 - уми асри ХХ мебошанд.
14 июни соли 1955 қарори Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон «Дар бораи таҷлили ҷашни 1100 - солагии қофиласолори назми классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» ба тавсиб мерасад. Дар заминаи омодагӣ ба ҷашн ҷиҳати дарёфти қабри устод Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд экспедитсия ташкил мешавад. Дар ин раванд барои бунёди бинои нави осорхона низ заминаи ҳуқуқӣ пайдо шуд. Соли 1957 мақомоти маҳаллӣ барои бунёди бинои нави осорхона 0,80 гектар замин ҷудо намуд. Дар он   осорхонаи наву замонавӣ бунёд гардид. То соли 1962 теъдоди ашёи намоишӣ дар осорхона ба 5,500 расид. 
Ҳоло Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун муассисаи илмӣ - тадқиқотӣ фаъолияти густурда дорад. Аз он ҳамарӯза баробари сокинони кишвар  сайёҳони зиёд низ дидан мекунанд. Айни замон дар фонди осорхона 67 962 нигораи дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ маҳфуз буда, 170,30 хазинаи асосӣ, 11,869 хазинаи ёрирасонро дорост, ки 39,063 - тои он ашёи осорхонавӣ мебошанд.
Бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар саҳни осорхона боғи фарҳангӣ - фароғатӣ ва мағозаи «Армуғон» бунёд шудааст.
Яке аз воқеаҳои муҳими даврони истиқлолият ин иштироки осорхона дар фестивали умумиҷаҳонии «Интермузей - 2016» дар шаҳри Москва мебошад. Осорхона дар ин  фестивал бо намоиши нигораҳои бостонӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба Дипломи фестивал сазовор гардид.
Бо мақсади тарбияи кадрҳои ҷавон дар назди осорхона таҳти роҳбарии У. Саидов ва  М. Аминова маҳфилҳои «Бостоншиноси ҷавон» ва «Ҳунарманди ҷавон» ташкил гардидааст.
Осорхона дар тӯли 60 соли фаъолияташ дар ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигаҳдории экспонатҳои гуногун, нодиртарин ёдгориҳои хаттии тоҷикон, дастнависҳои илмию адабӣ саҳми созгор дорад. Айни замон зиёда аз 180 номгӯи нусхаҳои хаттӣ ва китобҳои чопии сангӣ аз қабили «Равзат - ус - сафо» - и Мирхонд, «Таърихи Табарӣ», «Девон» - и Ҳофиз, «Хамса» - и Низомии Ганҷавӣ, «Маснавии маънавӣ» - и Ҷалолиддини Балхӣ, «Рубоиёт» - и Хайём, «Девон» - и Бедил, «Девон» - и Ҳилолӣ дар хазинаи осорхона маҳфузанд.
Тавре ҳамагон медонем, дар соли 2020 - ум 5500 - солагии Саразми бостонӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад. Ҳоло кормандони осорхона аз он изҳори хушнудӣ доранд, ки ин  воқеа дар фаъолияти минбаъдаи он саҳифаҳои нави таҳқиқотиву илмиро боз хоҳад кард.
Фотима РОФИЕВА,
директори Осорхонаи ҷумҳуриявии
таърихию кишваршиносии шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.05.2018    №: 107    Мутолиа карданд: 301

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед