logo

сиёсат

БУНЁДИ БИНОҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Корҳои сохтмонӣ дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Низомии Ганҷавии шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит оғози расмӣ бахшиданд.

Иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои 1500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат  бо харҷи 136 миллион сомонӣ дар майдони қариб 3 гектар бунёд карда мешавад.
Бинои асосии муассисаи олии таълимӣ аз 5 қисми (блок) ҳафтошёна иборат буда, лоиҳаи он ба таври замонавӣ дар доираи меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ таҳия шудааст.
Тибқи лоиҳа се қисми иншоотро биноҳои таълимӣ ва маъмурӣ  ва ду қисми дигарро хобгоҳҳои замонавӣ, толори муосири варзиш, ошхона, маҷлисгоҳ ва китобхона ташкил медиҳанд.
Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки хобгоҳ барои 1500 нафар, ошхона бо 490 ҷой, толори варзиш бо 260 ҷой ва маҷлисгоҳ бо 550 ҷойи нишаст сохта мешаванд. Бунёди китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин, дар ин ҷо як бинои дуошёна, майдончаи варзишии универсалӣ, ҷойи истироҳат бо фаввора ва айвонҳо, таваққуфгоҳ барои нақлиёт ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегарданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корҳои сохтмонӣ дастур доданд, ки барои бо сатҳу сифати баланд ва мувофиқ ба талаботи лоиҳа сохтани иншооти таълимию ёрирасони донишкадаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит дар шафати Масҷиди калон, ки сохтмонаш идома дорад, бунёд мегардад.

Бунёди ду муассисаи нави таълимӣ дар гимназияи № 53
Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо тарҳи лоиҳаи “Бунёди бинои таълимӣ барои 1200 хонанда дар як баст дар ҳудуди қитъаи замини Муассисаи давлатии гимназияи рақами 53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова” шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар ду муассисаи таълимӣ ҳар кадоме бо 1200 ҷойи нишаст дар як баст санги асос гузоштанд.

Фармоишгари бунёди иншоотҳои нав Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, лоиҳакаш Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотӣ ва лоиҳакашии “Душанбешаҳрсоз” мебошанд.
Муассисаи давлатии гимназияи рақами 53 аз 6 бинои 4 - ошёна бо таҳхона ва 50 синфхона, аз ҷумла 4 синфхонаи лингафонӣ, 4 адад синфи компютерӣ, синфхонаҳои озмоишгоҳи физика, кимиё, ҷуғрофия, биология, синфҳои мусиқӣ, хореографӣ, нақшакашии техникӣ, тайёрии ҳарбӣ, таълими меҳнат, устохонаи коркарди матоъҳо, устохонаи  умумии коркарди филиз ва чӯб, толори варзиш бо 190 ҷойи нишаст иборат хоҳад буд. Ҳамчунин, барои кори роҳбарият ва омӯзгорон ҳуҷраҳои кории замонавӣ бунёд мешаванд.
Дар муассиса ҳуҷраҳои духтурон, равоншинос, китобхонаи электронӣ, толори китобхонӣ, толори маҷлисгоҳ бо 560 ҷойи нишаст, ошхона барои синфҳои поёнӣ бо 255 ҷой ва барои синфҳои болоӣ бо 145 ҷой, дуконҳо, ҳуҷраҳои ёрирасон ва техникӣ мавҷуданд.
Иқдоми бунёди Муассисаи давлатии гимназияи рақами 53 дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе, таҳти рақами 203, аз 19 марти соли 2018 ва бо маблағҳои буҷетӣ амалӣ мегардад.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии нав, ки дар шафати Муассисаи давлатии гимназияи рақами 53 бо дастури Пешвои миллат бунёд мешавад, барои 1200 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ мегардад. Ин муассисаи нави таълимӣ низ аз чор ошёна иборат буда, дар он барои ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ тамоми шароитҳои муосир ба инобат гирифта хоҳанд шуд.
Дар мактаби нав низ синфхонаҳои барҳавои лингафонӣ, компютерӣ, озмоишгоҳҳои физика, кимиё, ҷуғрофия, биология, синфҳои мусиқӣ, хореографӣ, нақшакашӣ, тайёрии ҳарбӣ, таълими меҳнат, толори варзиш, ҳуҷраҳои духтурон, китобхонаи электронӣ, толори китобхонӣ, толори маҷлисгоҳ, ошхона, ҳуҷраҳои ёрирасон ва техникӣ бунёд карда мешаванд.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи бунёди муассисаҳои таълимӣ барои 4800 хонанда дар як баст дар ҳудуди қитъаи замини Муассисаи давлатии гимназияи рақами 53 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси шаҳри Душанбе барои назорати корҳои сохтмонӣ ва ба сохтмончиён баҳри иҷрои босифати корҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.05.2018    №: 107    Мутолиа карданд: 282

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед