logo

фарҳанг

ЗАРДӮЗӢ. ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗИ ОН

Тӯли солиёни зиёд зардӯзӣ миёни мардумамон шуҳрати беандоза дорад, зеро он аз дигар ҳунарҳои халқӣ бо нафосату шукӯҳи бадеии  худ ба куллӣ фарқ мекунад. Чунон, ки дар китоби «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» оварда шудааст, зардӯзӣ дар асри ХVII, махсусан, дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Панҷакент ва Ҳисор ривоҷу равнақ ёфта буд.
Дар гузашта ду навъи он: «гулдӯзӣ» ва «заминдӯзӣ» маъмулу маъруф буд. Агар дар «заминдӯзӣ» матоъ пурра бо нақшу нигор оро ёбад,  дар «гулдӯзӣ» ҷойҳои махсуси он  зардӯзӣ карда мешавад. Бояд қайд кард, ки усули «заминдӯзӣ» ниҳоят мураккабу нозук ва заҳматталаб аст.  Бо ин усулҳо аз қадим  камзӯл, камарбанд, воскат, чойхалта, тӯппиҳои занонаву мардона, кафш ва амсоли инҳо дӯхта мешуданд.
Дар санъати зардӯзии имрӯзаи мардумамон бештар навъи  «гулдӯзӣ» маъмул буда, онро барои  зинат додани навъҳои  гуногуни савғотӣ ва сарулибоси занона истифода  мебаранд. Дар байни тоҷикон, хусусан, тӯппии занона – зартӯппӣ машҳур аст.
Имрӯзҳо ҳунармандони чирадасти кишвар санъати зардӯзиро боз ҳам такмил дода, навъҳои нави пурмазмун эҷод намудаанд. Аз ҷумла, навъҳои «офтоб», «булбул», «гулшан», «садбарг» ва «мавҷ» аз қабили  беҳтарин нақшҳои зардӯзии имрӯза буда, дорои  технология ва бандубасти махсус мебошанд.
Боиси тазаккур аст, ки имрӯз қариб дар як қатор шаҳру навоҳии кишвар, ба монанди  Ҳисор, Панҷакент, Истаравшан, Кӯлоб, Шаҳритуз, Ёвон, Вахш ва Абдураҳмони Ҷомӣ, зардӯзӣ рушд ёфта, ба таври васеъ истифода мегардад. Мувофиқи маълумотҳо, амали зардӯзони машҳури тоҷик дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, ки дар  Монреал, Қоҳира, Прага, Лейпсиг баргузор шуданд, аз ҷониби коршиносон  баҳои баланд гирифтанд.
Қурбон АҲМАДЗОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2018    №: 108    Мутолиа карданд: 1058

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед