logo

порлумон

ПОРЛУМОН. СЕ СОЗИШНОМАИ МУҲИМ БА ТАСВИБ РАСИД

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум се созишномаи муҳим баррасӣ ва ба тасвиб расид.

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ иброз намуд, ки он 10 декабри соли 2017 дар шаҳри Уммон ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод шудааcт. Созишномаи мазкур принсипҳои асосии ҳуқуқиро вобаста ба танзим намудани фаъолияти сармоягузорӣ муқаррар менамояд, ки ин дар маҷмӯъ баҳри тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои сармояи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ду кишвар равона карда шудааст.
Назар ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, вакили мардумӣ,  созишномаи мазкур, ки 10 сол муҳлати эътибор дорад, асосҳои воқеии ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, илм, экология, нақлиёт ва сайёҳиро муайян мекунад.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба «Маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» ба тасвиб расид.
Ҷамшед Каримзода, муовини якуми вазири молия, зимни ташреҳи созишнома гуфт, ки маблағи иловагӣ барои татбиқи лоиҳаи мазкур 15 миллион доллар пешниҳод гардидааст, ки аз он 7,5 миллион доллар қарз ва 7,5 миллион доллар ҳамчун грант мебошад. Мавсуф ёдрас шуд, ки айни замон лоиҳаи тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 25,9 миллион доллар аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ва Вазорати молия амалӣ шуда истодааст. Ҷамшед Каримзода зарурати ҷалби маблағи иловагиро ба он марбут медонад, ки дар доираи лоиҳаи амалкунанда азхудкунии маблағҳои қарзӣ бо назардошти зиёд будани талабот аз нақшаи пешбинишуда барзиёд иҷро гардид.
Дар ҷаласа ҳамчунин Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи транзити борҳои ҳарбӣ ва контингенти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба тасвиб расид.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2018    №: 108    Мутолиа карданд: 1119

10.12.2018


Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»

Путин ва Назарбоев ҳамкориро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ карданд

Куртс ҳамкорӣ бо Россияро шарти сулҳу субот дар Аврупо номид

Вашингтон дар Покистон муколамаи Кобул бо "Толибон"-ро муҳокима мекунад

Трамп дар фикри баррасии мушкили мусаллаҳшавии бошитоб бо Путин ва Си Ҷинпин шуд

Ҳонконгро матлубтарин кишвари дидании сайёҳон дар соли равон хонданд

Ҷаҳон дар як сатр

ЛУКА МОДРИЧ - барандаи "Тӯби тиллоӣ"

5 медали теннисбозони тоҷик

04.12.2018


Ҳамоиш оид ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории фестивали сайёҳӣ

Бунёди гармхона бо усули гидропоникӣ

Олимони тоҷику рус 200-солагии шарқшиносии Россияро таҷлил карданд

Дар Лаҳистон конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим оғоз ёфт

Ҷанги тиҷоратии ИМА ва Чин анҷом меёбад?

Кишварҳои G-20 мубориза бо маблағгузории терроризмро таҳким мебахшанд

Ҷаҳон дар як сатр

Бозгашти Фузайлов ба футболи тоҷик

ДЗЮ-ДО. Пирӯзии Сомон Маҳмадбеков


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед