иқтисод
ПАХТА. КОРКАРДИ ОН ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР МЕХОҲАД
Нахи пахта ва маҳсулоти аз он тавлидшуда имрӯз дар бозорҳои ҷаҳонӣ талаботи зиёду арзиши баланд дорад. Аз ин хотир, соҳаи пахтакории мамлакатро бештар рушд бахшидану истеҳсоли пахтаро зиёд намудан, беҳбудии рӯзгори деҳқонон ва бурди саноати ҷумҳурист. Тасмими Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳам, ки бояд истеҳсоли пахта солҳои наздик ба 600 ҳазор тонна расонда шавад, айни муддаост.
«Соли 2017 танҳо 18 дарсади пахтаи дар дохили кишвар истеҳсолгардида коркард карда шуд. Яке аз сабабҳои пурра коркард нагардидани нахи пахта аз фаъолият боз мондани корхонаҳои ресандагӣ ё бо иқтидори пурра фаъолият накардани онҳо мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз 16 корхонаи ресандагӣ 4 корхона умуман кор накард». Ин суханон дар маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ, 18 январи соли ҷорӣ зикр гардида буд.
Ҳарчанд соли 2017 истеҳсоли риштаи пахтагин дар кишвар 2,8 баробар афзуда бошад ҳам, натиҷа чандон қаноатбахш намебошад. Соли 2016 дар ноҳияи Данғара корхонаи «Ҷунтай - Данғара-Син Силу - Текстил» бо иқтидори коркарди 15 ҳазор тонна нахи пахта дар 1 сол ба истифода дода шуда буд, ки метавонад дар бештар тавлид гардидани риштаи пахтагин саҳм гузорад. Аз миёни корхонаҳои ба коркарди пахта машғулбуда имрӯз «Неку Хуҷанд», «Ҷавонӣ», «Сатн», «Нассоҷи Хуҷанд», «Ресандаи Қӯрғонтеппа», «Бофандаи Норак» ва Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» пахтаро пурра коркард мекунанд. Вале ин басанда нест. Корхонаҳо бояд ҳар чи бештар бошанду нахи пахтаамон ба маҳсулоти тайёр табдил ёбад. Барои коркарди пурраи пахтаи истеҳсолшуда бояд тамоми тадбирҳо андешида шаванд. Вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо ва кишоварзӣ чора андешанд, то маҳсулоти тавлиднамудаи корхонаҳои кишвар ба маҳсулоти воридотӣ рақобат карда тавонанд.
Ҳоло нахи пахта ба корхонаҳои дохили ҷумҳурӣ бо нархи ҷаҳонӣ фурӯхта мешавад ва арзиши пахта бо меъёри биржаи молу ашёи Англия муқаррар мегардад, ки барои корхонаҳо гарон аст. Бинобар ин, олимони тоҷик пешниҳод намуданд, ки дар Осиёи Миёна як биржаи алоҳидаи молу ашё таъсис дода шавад.
Тайи ду соли охир истеҳсоли пахта беш аз 100 ҳазор тонна афзуда, ба 400 ҳазор тонна наздик шудааст. Умед аст, ки дар мавсими имсолаи ғунучини ҳосил ин нишондиҳанда боло рафта, корхонаҳои саноатӣ дар заминаи ашёи фаровони хом пурсамартар фаъолият мекунанд.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.05.2018 №: 108 Мутолиа карданд: 610