logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад

 

Филворди «Шоҳмот»
Дар филворди навбатӣ номи назарияшиносон, муҳаққиқон ва чемпионҳои ҷаҳон оид ба шоҳмот ва мафҳумҳое, ки ба ин бозӣ иртибот доранд ҷой дода шудаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд муштариён бояд аз чап ба рост ва аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, номи онҳоро пайдо намоянд.
Таҳияи Шафоатулло ШОКИРОВ

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
93-547-00-05 Вайбер, Bzm_701@mail.ru (Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238 - 53 - 40

 

400 СОЛ ГУЗАШТУ ҲАНӮЗ «ЗИНДА» АСТ
Моҳи феврали соли 1965 дар Аргентина як гурӯҳ бостоншиносон бо сардории Хуан Шобингер дар қуллаи кӯҳи Анди Амрикои Ҷанубӣ ҷасадеро пайдо намуданд, ки аз сабаби паст будани ҳарорати ҳаво ва барфпӯш будани қулла ҳанӯз ҳам напӯсидааст.
Тарҳи рӯи зебо ва чеҳраи бечину тираи марҳум далолат бар он мекард, ки ӯ дар ҷавониаш фавтидааст. Дасти росташ нисбат ба дасти чапаш андаке инкишоф ёфтааст. Олимон муайян карданд, ки марҳум дар бачагӣ бо олоти меҳнат ва аслиҳаи ҷангӣ бисёр машқ кардааст.
Пӯсти таҳи пойҳояш низ бисёр ғафс буда, пиёдагардии ӯро дар шароити кӯҳистон муайян мекунад. Дар танаш либосҳои рангоранги пашмин дошт. Пажӯҳишҳо собит намуданд, ки ҷавони марҳум зиёда аз 400 сол зери ин барфтӯдаҳо монда, дар давраи ҳукмронии қабилаи инкҳо зиндагӣ кардааст. Тавассути ин ҷасад дар бораи одамони замони инкҳо низ маълумоти зиёд ҷамъ омад. Аммо ин ҷавон дар чунин сардӣ чаро ва чӣ гуна ба ин қуллаи баланди кӯҳ баромадааст, чӣ ҳадаф доштааст, ҳанӯз муаммо боқӣ мемонад.
Таҳияи Б. БАҲОДУР


ҲИКМАТИ АСРҲО
Касе, ки бадӣ набинад, аз хубӣ лаззат намебарад, касе, ки ранҷ накашад, қадри роҳатро намедонад, касе, ки дар гармои тобистон дар миёни регзорҳои сӯзон ҷонаш аз ташнагӣ ба лаб нарасида бошад, манзалати (қимати) оби равонро намешиносад.
Агар сабру матонатро шиори худ кунем, бадбахтӣ ҳам ба қадри хушбахтӣ арзиш дорад.
Касе, ки мехоҳад дар ин дунё аз ранҷу меҳнат осуда бошад, монанди касе аст, ки ба дарё меравад ва мехоҳад доманаш тар нашавад.
Ҳеҷ кас бадбахт намешавад, магар он кас, ки чароғи фурӯзони умедро ба дасти худ шикаста ва шуълаи онро хомӯш карда бошад.
Таҳияи Зебунисо ҲАМИДЗОДА


КЛАCСИК
Сталин дар ҷавонӣ шеър эҷод мекард ва маҳорати хуб ҳам дошт. Нахустин навиштаҳояш ҳатто замоне чоп мешуданд, ки ҳанӯз ҳамчун шахсият машҳур набуд.
Вақте пешниҳод шуд, ки шеърҳои давраи ҷавонияшро ба муносибати 60-солагияш чоп кунанд, Сталин посухи аҷиб дод:
- Лозим нест. Дар ватани ман Гурҷистон бе ин ҳам классикон хеле зиёданд, як нафар кам шавад, ҳеҷ гап не.
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА,
донишҷӯи соли аввали Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон


ҚАЛАМФУР БО ТАЪМИ ҚАҲВА навигарӣ дар Канада
Дар музофоти Онтарио селексионерҳо «Каламфури шакалодӣ» ихтироъ карданд. Нодирии он на танҳо дар намуди зоҳирӣ, балки дар таъми форам ва накҳати қаҳва дош-танаш мебошад. Қаламфури мазкур дар гармхона парвариш карда мешавад ва ин сабзавоти нодирро дар мағозаи муқаррарӣ наметавон пайдо кард. Сарфи назар аз намуд ва таъми ғайриодӣ тамоми хусусиятҳои фоидаовари он нигоҳ дошта шудаанд. Тавре маълум аст, қаламфур миқдори зиёди витамини С дорад, ки барои пешгирӣ аз бемориҳои гуногуни дил судманд аст.
Таҳияи Х. ҶОВИД


АРЗОНТАРИН ХОНАИ ИҶОРА ДАР ДУНЁ
Ҳамасола дар дунё нархи иҷораи хонаҳо баланд мегардад, ки барои аҳолӣ мушкилӣ эҷод мекунад. Дар шаҳри Фуггерайи Олмон қариб 500 сол аст, ки нархи иҷорапулӣ 88 сент аст.  Ин нарх дар дунё арзонтарин маҳсуб мешавад.
Тибқи иттилои расонаҳои олмонӣ  шаҳри Фуггерай аз ҷониби як сарватманди маҳаллӣ  соли 1520 сохта шудааст. 67 бинои дар ин шаҳр ҷойгирбуда дорои 147 ҳуҷра мебошад. Он қадимтарин манзили иҷтимоӣ дар Аврупост, ки шомили «Китоби рекордҳои Гиннес» гаштааст. Ҳар як иҷоранишин дар ин хонаҳои қадима даромадгоҳи худро дорад. Дохили бино хеле зебо, ғайриодӣ  буда, бо ашёҳои зарурӣ муҷаҳҳаз ва дорои шароити муосир мебошад.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ


ГАРОНТАРИН БОШГОҲИ ФУТБОЛИ АВРУПО
Тибқи нархгузории ширкати аудитории KPMG бошгоҳи «Манчестер Юнайтед»-и Англия бори дигар гаронтарин клуби футболи Аврупо дониста шуд. Нархи бошгоҳи мазкур 3,25 миллиард евро баҳогузорӣ шудааст. Дар радифи дувуму савум бо қимати 2,92 ва 2,78 миллиард евро мутаносибан дастаҳои бузургу номвари испанӣ «Реал» (Мадрид) ва «Барселона» қарор гирифтанд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


1000 факти ҳайратангез
БОБОКАЛОН ВА ДЕЛТАПЛАН
Вақте ки Рене бори нахуст дар осмон делтапланро дид, аз ҳайрат даҳонаш воз монд ва дар дилаш хоҳише пайдо гашт, ки ҳар чи зудтар бо ин намуди варзиш машғул шавад ва рӯзе ба само парвоз намояд. Баҳри ба мақсад расидан, узви маҳфили варзишӣ шуд. Баъди чанде либоси хушдӯхт ба бар, ӯ бо мураббии худ ба қуллаи кӯҳе баромад, ки аз он ҷо шаҳри Сэнт-Илэр-дю-Тувэ, ки дар ҷануби шарқии Фаронса доман густурда буд, бо тамоми ҳашамату зебоӣ ба назар ҷилва мекард. Вай бо делтаплан парид. Дар ин рӯз Рене ба синни 93 расида буд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


МОДАРЕ, КИ 69 ФАРЗАНД ДОШТ
Зани серфарзандтарини дунё бонуи рус мебошад,  ки 69 тифл ба дунё овардааст. Оид ба ин оила  27 феврали соли 1782 аз маъбади Николск ба Москва хабар доданд. Ин нишондоди бесобиқа  200 сол пеш ба қайд гирифта шуд.  То ин замон ба ягон бонуи  дигар муяссар нагардидааст, ки чунин қаҳрамонӣ  нишон диҳад. Аз ин теъдод шонздаҳ дугоник, ҳафт сегоник ва чор чоргоник буд. Аз шасту нуҳ навзод шасту ҳафт нафараш зинда монд. Шумораи зиёди онҳо ба пиронсолӣ ҳам расиданд.
Таҳияи Кароматулло РАҲМАТОВ


МУСАВВАРА АЗ 13 ҲАЗОР МЕХ ВА 24 КМ РИШТА
Зенит Палагнюк, рассоми украинӣ, новобаста аз ҷавон буданаш тавонист бо маҳорати ғайриодии рассомиаш ҳамагонро ба ҳайрат орад. Аҷиб ин аст, ки мусаввараҳояшро аз мехчаву ресмон омода месозад. Барои калонтарин мусавварааш, ки акси сарояндаи писандидааш Ҷастин Тимберлейк мебошад, 13 ҳазор мех ва 24 километр ришта истифода намуд. Он ба андозаи 3x2 метр буда, тӯли дую ним моҳ офарида шудааст.
 - Дар эҷоди асарҳо мушкилие надорам. Қарор додам ин мусаввараамро, ки ғайриодӣ мебошад, ба овозхони дӯстдоштаам дар зодрӯзаш туҳфа намоям, -  мегӯяд Зенит.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


БАЪДИ МИЛЛИАРД
Триллион, пасон квадриллион (15 - то сифр дорад), квинтиллион (18), секстиллион (21), септиллион (24) ва ғайра то худи вигинтиллион (63 сифр) меоянд. Вале боз ададе ҳаст бо номи гугол, ки соҳиби 100 сифр мебошад. Ин ададро дар Россия, ИМА, Канада, Фаронса ва боз баъзе кишварҳои дигар адади калонтарини номгузоришуда меҳисобанд.
Таҳияи Умар АЛӢ


10 ШАҲРИ СЕРАҲОЛИТАРИН
2. ДЕҲЛӢ Аҳолияш 26 миллиону 450 ҳазор
Деҳлӣ бо муттаҳидшавии ҳафт шаҳри сулолаҳои гуногун шакл гирифтааст. Имрӯз пойтахти Ҳиндустон аз ду қисмат иборат аст: Ню-Деҳлӣ – маркази муосири тиҷорату саноату илм ва Деҳлии куҳан - маркази масоҷиду бозорҳо, нодиракориҳои меъморӣ.
Дар шаҳр тақрибан 60 ҳазор ёдгорӣ мавҷуд аст, ки мероси фарҳангии на танҳо мамлакат, ҳамчунин, ҷаҳонро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, боғоти Лода, масҷиди Ҷамма, ҳисори Сурх, маъбади Нилуфар ва мақбараи Ҳумоюн шуҳраи офоқ гаштаанд.
Боз як ёдгории таърихии пойтахти Ҳиндустон шоис-таи зикр аст: сутуни 7 метра, ки аз 6 тонна оҳан бардошта шуда, 1600 сол инҷониб занг назадааст.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


10 НАМУДИ МАЪРУФТАРИН ВАРЗИШИ ДУНЁ
Варзиш дар ҳаёти инсон мақоми фавқулода муҳимро ишғол менамояд. Он на танҳо қодир аст бадани солим ва рӯҳи солимро ба вуҷуд орад, вай ҳатто метавонад сифати зиндагиро низ хеле тағйир диҳад, ба амалишавии бисёр орзуҳо ёрӣ расонад. Маъруфияти варзишро мумкин аст бар асоси табиат ва завқи одамон арзёбӣ кард.
Вале, дар ҳар сурат, мароқангез аст бидонем, ки бештари одамон кадом намуди варзишро то ҳадде маъруф медонанд. Бар асоси назари иддае аз одамони тамоми дунё рӯйхати намудҳои бештар маъруфи варзиши оламро мутобиқ ба раддабандӣ манзури ҳаводорони саҳифаи «Шоми шанбе» мегардонем.

10. Волейбол
Волейболро чун бозӣ ва намуди варзиш набояд ба мардона ва ё занона мансуб донист. Ин як намуди бозии баробарҳуқуқ маҳсуб мешавад. Бозии волейбол на танҳо дар миёни мардон, балки дар байни занон низ басо маъруф аст. Волейбол нахустин бор дар ИМА пайдо ва, сипас, ба бозии дӯстдоштатарини амрикоиҳо мубаддал гардид. Он дар дунё танҳо дар соли 1900 шинохта шуд ва ин намуди варзиш хеле зуд маъруфиятро касб намуд.
Алҳол ин бозӣ бештар аз 200 федератсияҳои миллиро ба Федератсияи ягонаи волейбол муттаҳид месозад. Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба волейбол миёни мардон соли 1949 ва занон 1952 доир гардид. Он соли 1964 ба барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио шомил шуд. Волейбол дар ҳама ҷо маълум, маъруф буда, ҳаводорони зиёд дорад. Ба он на танҳо варзишгарони касбӣ, балки одамони одӣ низ бозӣ мекунанд. Волейболро дар дохили толор ва фазои кушод низ бозӣ кардан мумкин аст. Ҳангоми сафар ба табиати зебо, манзараҳои диданӣ ин бозӣ аксаран барои истироҳати фаъол истифода мегардад ва ба инсон ҳаловати воқеӣ мебахшад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


КӮЛ: КАЛОНТАРИН ВА ХУРДТАРИН 
Як гурӯҳ аз олимон шумораи кӯлҳоро 5 миллион гуфтаанд, вале ин шумораи аниқ нест. Муҳаққиқони шведӣ ва эстонӣ иддао доранд, ки дар рӯйи Замин 170 миллион кӯл вуҷуд дорад.
Калонтарин кӯли ҷаҳон баҳри Хазар (Каспий) ба шумор меравад. Баҳри Хазар дар сарҳади қитъаи Осиё ва Аврупо ҷойгир буда, масоҳаташ 371 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад. Дарозиаш 1200 ва паҳнояш 435 километр буда, чуқуриаш ба 1025 метр мерасад.
Кӯли хурдтарини олам бошад, Сарасота ном дошта, дар соҳилҳои халиҷи Мексикаи Амрикои Шимолӣ ҷойгир аст. Дар мавсими пуроб будан дарозиаш 175 ва паҳноияш 125 метрро ташкил медиҳад. Ҷуқурии миёнаи кӯл 70 метр мебошад.
Таҳияи К. ЗИКРУЛЛО


9 ДАЛЕЛИ ҶОЛИБ ОИД БА АВИАТСИЯ
6. Танҳо 5 дарсади аҳолии ҷаҳон бо ҳавопаймо парвоз кардааст
Ба зудӣ рушд намудани авиа – сектор нигоҳ накарда, арқоми омор нишон медиҳад, ки ҳамагӣ 5 дарсади ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҳавопаймо парвоз кардаанд. Теъдоди бузурги одамон, ки дар кишварҳои рушднакарда зиндагӣ мекунанд, ягон маротиба парвоз накардаанд ва гумон аст, ки солҳои наздик ба онҳо ин имконият муҳайё гардад. Вале, як қисми начандон бузурги аҳолӣ аз хизматрасонии авиатсия мунтазам истифода мебарад.
Таҳияи Раҳматулло Каримов  


10 ҲАЙВОНИ ҒАЙРИОДӢ
Аргентавис
Калонтарин парандаи рӯи Замин бо номи Аргентавис эътироф гардидааст. Он нодир буда, 8 миллион сол қабл арзи ҳастӣ карда ва ҳоло дар шумори парандагони ба тамом нобудгардида мебошад. Аргентавис дорои зиёда аз 80 гк вазн буда, болҳояш 8 – 10 метрро ташкил медоданд. Гарчанде он аз вазни барзиёди хеш баланд парвоз карда наметавонист, вале шикорчии хеле моҳир маҳсуб мешуд. Хӯрокаш  ҳайвонҳои хурд буд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ОСОРХОНАҲОИ  ҒАЙРИОДӢ
Дар шаҳри Санкт - Петербурги Русия осорхонаи аҷиби нигораҳои зинда, биҳишти тропикии ҳақиқӣ, мавҷуд аст. Дар ин осорхона шапалакҳои тамоми ҷаҳон ҷамъ оварда шудаанд. Онҳо озодона парвоз мекунанд ва  дар китфи тамошобинон менишинанд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


ГАЛСТУК САЙРИ ТАЪРИХӢ
Галстук таърихи тӯлонӣ дорад. Ҳанӯз аз давраи қадим мардон пораи матоъро дар гардан меовехтанд. Он аз калимаи олмонии «halstuch» (пештар «krawatte») гирифта шуда,  маънояш «рӯймолчаи гардан» аст. Дар забони украинӣ галстук «краватка» талаффуз мешавад, аммо ин ба «кровать» - и русӣ ягон алоқамандӣ надорад. Ба кроатияи хорватӣ мутааллиқ аст. Зеро нахустин шуда сарбозони хорватӣ дар паради ҳарбии бахшида ба анҷоми ҷанги сисола иқдоми пӯшидани «fascalia» - ро (чунин ном дошт рӯймолчаи гардан дар Рим) пеш гирифтанд. Дар Рим галстук ба хотири ҳифзи гардан аз теғи шамшер ва дигар олоти ҳарбӣ баста мешуд. Подшоҳи Фаронса Лудовики XIV, ки дӯстдори зебоӣ буд, бо дидани рӯймолчаи дурахшон дар тани сарбозон ба вазири дифоъ Франсуа Мишел  фармон дод, ки ҳамчун ороишот ба ӯ чунин рӯймолчаи рангинро дастрас намояд. Ҳамин тавр, соли 1663 дар таърихи пайдоиши галстук саҳифаи нав боз гардид.
Пасон, галстук шакл ва намуди худро ба куллӣ тағйир дод. Он аз рӯймолча ба рӯймоли калон ва дароз то намуди ҳозирааш дигар шуд. Дар баробари ин, тарроҳон барои сарбозон галстуки махсуси идона тайёр карданд, ки дар паради ҳарбӣ ба бар карда мешавад. Намуди ҳозираи галстук соли 1924 аз ҷониби тарроҳи амрикоӣ Ҷеси Дэнгсдорф эҷод шудааст.
Таҳияи О. ВАФОБЕК


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2018    №: 109    Мутолиа карданд: 403

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе

Густариши ҳамкориҳо бо Бонки исломии рушд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед