logo

иқтисод

ЗАРФҲОИ ЯККАРАТА. ИСТИФОДАИ ТАКРОРИИ ОНҲО ПАЙОМАДИ НОГУВОР ДОРАД

Мутахассисону олимони соҳаи тиб илман исбот кардаанд, ки истифодаи такрории зарфҳои пластикии яккарата ангезаҳои нохуш дар пай дошта,  истифодабарандагонро ба бемориҳои гуногун гирифтор мекунад. Пас, худдорӣ кардан аз истифодаи нодурусти зарфҳои полимерӣ барои ҳифзи саломатӣ муҳим аст.

Мутаассифона, имрӯз мо дар роҳраву бозорҳо, манзилҳои истиқоматӣ, кӯчаю маҳаллаҳо зиёд вомехӯрем, ки аз чунин зарфҳо бо такрор истифода мебаранд. Махсусан, фурӯшандаҳои обҳои газноку ташнашикан, ки дар ин мавсим сари ҳар қадам ба назар мерасанд, дар зарфҳои полимерӣ, ба истилоҳ – баклашкаҳои истифодашуда дубора об пур карда ба мизоҷон пешкаш мекунанд.  Аз ин зарфҳо дар нуқтаҳои хӯроки умумии тезтайёри сарироҳӣ бештар истифода мебаранд.
Чунонки мутахассисони «Тоҷикстандарт»  зимни суҳбат ба хабарнигори рӯзнома  иттилоъ доданд, зарфҳо вобаста ба маводи истифодашаванда ба намудҳои металлӣ, полимерӣ, қоғазӣ, картонӣ, шишагӣ, чӯбӣ, аз маводи омехта, саноатӣ,  бофандагӣ, сафолӣ ва ғайра тақсим мешаванд ва бояд аз рӯи бехатарӣ ба талаботи  нишондодҳои санитарӣ - беҳдоштӣ, устувории кимиёӣ ва  ҳавоногузарӣ ҷавобгӯй бошанд. Мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ - техникӣ ва Регламенти техникии  «Бехатарии борҷома» истифодаи дубораи зарфҳои полимерӣ манъ мебошад, вале ин амал айни ҳол бисёр ба назар расида, ба як кори маъмул табдил ёфтааст.
- Зарфҳои полимерӣ аз рӯи таъйиноташон ба гурӯҳи истифодаашон яккарата дохил буда, бештар барои  нигоҳдории нӯшокиҳои хунук ва равғанҳо истифода мешаванд. Ҳангоми истифодаи дубора эҳтимолияти хатарнокии   онҳо баланд мегардад. Муҳлати нигоҳдории зарфҳои полимерӣ аз рӯзи истеҳсолашон 12 моҳ мебошад. Пас аз гузаштани муҳлати истифода ранг  ва сохти маҳсулот дигар мешавад ва истифодаи он ҷоиз нест. Ба истифодабарандагон тавсия дода мешавад, ки ба ҷои зарфҳои пластикии яккарата аз зарфҳои шишагин, металлӣ, сирдор ва амсоли инҳо, ки бехавфанд, пайваста истифода баранд, - гуфт мутахассиси соҳа А. Қодиров.
Боиси нигаронист, ки баъзеҳо зарфҳои пластикиро, ки аллакай 1 маротиба истифода шудаанд, аз роҳраву партовгоҳҳо ҷамъоварӣ карда, такроран мавриди истифода қарор медиҳанд. Мутаассифона, дар баробари калонсолон кӯдакону наврасон низ ба чунин кор машғуланд.
Набояд фаромӯш кард, ки шир ҳам аз ҷумлаи маҳсулотест, ки ҳангоми дар зарфи пластикӣ нигоҳ доштан сифаташро гум карда, турш ва барои саломатӣ зараровар мегардад.
- Зарфҳои пластикӣ аслан аз маҳсулоти полимерӣ, аз қабили полиолефин, поливинхлорид, полистирол, поликарбонат, амнопласт омода шуда, дар таркиби онҳо окситолуол, гексометилендиамин, дифенилпропан, Е - каптролактам, меламин, стерол, фенол , формалдегид, синк, фтор, тинувин Р, сурб ва як қатор маводи дигари кимиёвӣ мавҷуданд ва дар ҳолати риоя нагардидани талаботи истифодабарии дурусти зарфҳо онҳо ба маҳсулоти хӯроквории гирифта омехта шуда, ба организми инсон ворид мегарданд. Ҳамчунин, зери таъсири ҳарорати баланд, нурҳои ултрабунафш ва дигар омилҳои муҳити атроф ҳолати физикию кимиёӣ ва механикии онҳо вайрон шуда, ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонанд, - гуфт Зоиршо Ишратов, мутахассиси Сарраёсати нозироти давлатии санитарию эпидемиологӣ.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, истифодаи нодурусти зарфҳои пластикӣ ба узвҳои роҳи нафас, гурда, меъда,  ҷигар, талха, масона ва чанде аз узвҳои дигари  организми инсон зарар дошта, ба безурётӣ оварда мерасонад. Донистан муҳим аст, ки таъсири он на яку якбора, балки бо гузашти вақт аён мешавад.
Ниҳодҳои мутасаддиро зарур аст, ки ин масъаларо зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд ва дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро бештар ба роҳ монанд. Чунки аксари сокинони кишвар зарари чунин зарфҳоро намедонанд. Хусусан дар рӯзҳои гарм аз харидории маҳсулоте, ки дар дохили зарфҳои пластикии якчанд бор истифодашуда ҷойгиранд, худдорӣ намудан даркор аст.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2018    №: 109    Мутолиа карданд: 412

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед