logo

иқтисод

САНОАТИ САБУК. РУШДИ ИСТЕҲСОЛОТИ ВОРИДОТИВАЗКУНАНДА НАЗАРРАС АСТ

Ба шарофати таваҷҷуҳи махсус ва ғамхории доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи саноати сабуки кишвар таъмин гардида, садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ бо фарогирии ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар моҳҳои январ - апрели соли равон ба маблағи қариб 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 72 дарсад зиёд мебошад. Дар корхонаҳои пахтатозакунӣ 15928 тонна нахи пахта, дар корхонаҳои ресандагӣ 5819 тонна риштаи пахтагин ва дар коргоҳҳои бофандагӣ 1534 ҳазор метри мураббаъ матоъҳои пахтагӣ истеҳсол кардаанд.
Истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ ба 90,4 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 қариб 30 миллион сомонӣ зиёд аст. Ҳамчунин, қариб 70 ҳазор метри мураббаъ матои атласу адрас ва 976 ҳазор метри мураббаъ маснуоти қолинӣ истеҳсол шудааст.
Бо истифода аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот зиёд шуда, талаботи бозор бо маҳсулоти саноатии  ватанӣ таъмин гардида истодааст. Истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, аз ҷумла маҳсулоти дӯзандагӣ (либосҳои низомӣ, кории махсус, мактабӣ, кимоно, барои ҳоҷиён, рахти хоб, ҷиҳози нарм, парчам, чарчинворӣ, барои кӯдакони навзод ва маҳсулоти ҳунарҳои нафисаи мардумӣ),  ҷӯроб, қолин ва мебел хеле зиёд ва воридоти онҳо кам гардид. Содироти маҳсулоти тайёри истеҳсолкардаи корхонаҳои саноати сабук ба хориҷи кишвар хуб ба роҳ монда шуда, дар чор моҳи соли равон наздики 180 миллион сомониро ташкил дод.
Истеҳсол ва дӯхти либосҳои мактабӣ соли равон тибқи супориши роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш ёфта, ба 2 миллион адад хоҳад расид. Ҳоло ҳатто дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст низ корхонаю коргоҳҳо таъсис ёфта, дӯхтани сарулибоси мактабӣ ба роҳ монда шудааст.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2018    №: 109    Мутолиа карданд: 198

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед