logo

сиёсат

НАҶОТБАХШОН

Зуҳури шахсиятҳои бузург дар раванди қонунияти тараққиёти ҳаёти иҷтимоӣ дар доираи категорияи фалсафии фазо ва вақти муайян бо тақозои ҷомеа ва талаботи замон ба вуқӯъ мепайвандад, ки моҳиятан амали диалектикии ояндадор мебошад. Таҷрибаи таърихӣ гувоҳи он аст, ки шахсиятҳои муқтадир дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, маданӣ ва фарҳангию адабии халқу миллатҳо дар давраҳои мухталиф нақши фавқулода бузург бозидаанд. Аз ин ҷост, ки равшан кардани фаъолияти гуногунсоҳаи субъектҳои сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва адабӣ хусусияти омӯзандагӣ ва аҳамияти калони назариявӣ ва амалию тарбиявиро доро мебошад. Хусусан, вақте ки сухан дар бораи манфиатҳои миллии халқу миллат меравад, ин тарафи масъала боз ҳам аз ҳар ҷиҳат аҳамияти ниҳоятдараҷа калон пайдо мекунад. Алалхусус, дар вазъияте, ки ҷомеа ва давлат ба фаъолиятмандии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва илмиву фарҳангии нобиғаҳо зарурат ва эҳтиёҷот пайдо менамоянд. Мусаллам аст, ки нобиғаҳо дар шаклгирии шуури ҷамъиятӣ ва бедорию худшиносии миллӣ нақши умда мебозанд. Ин аст, ки онҳо таъминкунандаи маърифату маънавияти ҷомеа мегарданд ва ба таъсису ташаккули давлатдорӣ, пойдориву бақо ва суботи минбаъдаи он комилан мусоидат мекунанд.
Дар давраи навин – аз ибтидои садаи ХХ то кунун таърих барои миллати тоҷик се шахсияти бузург, қаҳрамонони Тоҷикистон – устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро насиб гардондааст, ки воқеан дар сарнавишти таърихии тоҷикон нақши ҳалкунанда бозидаанд ва фидокориву корномаи онҳо мояи ифтихору ибратомӯзи имрӯзиёну наслҳои оянда мебошад.
Мусаллам аст, ки шахсиятҳои бузург ва нобиғаҳо дар тӯли садсолаҳо ба арсаи таърих бо амри зарурат зуҳур мекунанд ва корҳоеро анҷом медиҳанд, ки дигарон дар муддати асрҳо сомон дода наметавонанд. Бо назардошти ин нукта таърихшиноси фаронсавӣ Томас Карлейл (1795-1881) хотирнишон мекунад, ки «Таърихи дунё тарҷумаи ҳоли одамони бузург аст».
Рисолат ва хидматҳои бузурги таърихии барои миллати точик анҷомдодаи ду нобиғаи беҳамто – устод Айнӣ ва аллома Б.Ғафуров, дар даврае, ки тақдири ин миллати куҳанбунёду тамаддунофар ҳаллу фасл  мегардид, тимсолу шаҳодати равшани гуфтори ҳикматбори донишманди мазкур мебошад. Фаъолияти ин ду абармарди фарҳангӣ ва сиёсӣ аз ибтидо то интиҳо тавъам воқеъ шудаанд ва манфиату самараҳои неку файзбахш ба бор овардаанд. Он чиз қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар ҷараёни фаъолиятҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ яке идомадиҳанда ва такмилдиҳандаи кору пайкор ва амалисозандаи мақсаду ормонҳои    идеалии дигаре гардидааст. С.Айнӣ ва Б.Ғафуров шахсиятҳои фавқулодае мебошанд, ки барои ба ягонагию иттиҳод, ба ҳам овардан, баҳри ба манфиати миллати тоҷик раҳнамун сохтани тамоми қувваҳои ҷомеа бо заковату хирадмандӣ ва фаъолиятҳои бузурги созандагии худ  хидматҳои бузурги таърихӣ анҷом додаанд.
Дар қиёс ба таърихи чандинҳазорсолаи тоҷикон солҳои 20-ум ва 90-уми садаи ХХ барои миллати тоҷик ду давраи имтиҳони навбатии сарнавиштсоз ба миён омад, ки дар онҳо ҳаёту мамоти миллатамон ҳаллу фасл мегардид. Агар дар давраи аввал донишу заковати фитрии нобиғаи беназир ва фидокориҳои устод Айнӣ ба миллати тоҷик умри дубора бахшида, онро аз вартаи нобудшавӣ наҷот дода бошад, дар солҳои баъдина ҷаҳду талош ва кӯшишҳои суботкоронаву бардавоми шогирди содиқу вафодори ӯ – нобиғаи дигари замон Бобоҷон Ғафуров тавассути фаъолиятҳои пурсамари сиёсиву давлатдорӣ ва таълифи осори гаронбаҳои илмӣ бақову пойдорӣ ва сарсабзии тоҷиконро таъмин карда бошад, пас дар солҳои 90-уми асри гузашта ҷасорату шуҷоати беназир, ҷонбозиву қаҳрамониҳои фарзанди хирадманду дурандешу фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик ва сарзамини тоҷиконро аз ҳалокат ва нестшавӣ нигоҳ дошт ва дар арсаи байналхалқӣ ба шуҳрати ҷаҳонӣ сазовор гардонда, имрӯзи босаодат ва ояндаи дурахшонро манзури ҷомеа намудааст, ки барҳақ шоистаи таҳсин буда, намунаи олии ибратомӯзӣ ва миллатдӯстиву ватанпарварии ҳақиқӣ мебошад.
Чунин муносибат – миллатдӯстиву ватанпарварии асил, ки мояи ифтихору шараф барои наслҳои имрӯзу оянда бошад, таваҷҷуҳи моро ба вуқуф гардидан аз корномаи ҳайратангезу фидокориҳои устод Айнӣ, ки солҳои 20-уму 40-уми садаи ХХ анҷом додаст, ҳидоят месозад. Дар он давраи сарнавиштсоз, ки тақдири миллати тоҷик ва фарҳангу тамаддуни оламшумули он ҳал мегардид, таърих ба зиммаи субъектҳои сиёсӣ ва зиёиёни тоҷик иҷрои вазифаҳоеро гузошт, ки замон ва ҷомеа ҳалли дурусту саривақтии онҳоро талаб мекард.
Он вазифаҳои ҳалталаб аз нигоҳи моҳият рисолатҳои таърихӣ барои миллати тоҷик ба шумор мерафтанд. Дар он замон муҳимтарин, заруртарин ва асоситарин вазифаҳо иборат буд, аз масъала ва муаммоҳои зерин: 1. Исботи мавҷудияти таърихии халқи тоҷик ва забону адабиёти он; 2. Омӯзиши мероси адабӣ ва муайян кардани ҳуқуқи халқи тоҷик ба адабиёти гузашта; 3. Ташвиқ ва тарбияи қувваҳои нави эҷодӣ ба адабиёти шӯроии тоҷик; 4. Баёну шарҳи усул ва хусусиятҳои адабиёти шӯроӣ; 5. Мубориза барои нигоҳдории асолат ва инкишофи забони адабии тоҷик; 6. Мубориза ба муқобили нигилизми таърихию адабӣ ва таъмину равнақи фарҳангу тамаддуни нави тоҷикӣ; 7.Бедор кардани худогоҳӣ ва худшиносии миллии тоҷикон. 8. Саъю кӯшиш ва талоши пайваста барои инкишофи маорифу фарҳанг, соҳибдониш ва бомаърифат шудани меҳнаткашони тоҷик. 9. Мубориза дар роҳи ягонагию ваҳдати тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон; 10. Таълиму тадрис ва тайёр кардани мутахассисони варзида. 
Зиндагиномаву корномаи устод Айнӣ ва Б.Ғафуров аз он равшан шаҳодат медиҳад, ки рисолати таърихии ин ду абармарди миллат аз ибтидои фаъолияти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангиашон то дами вопасини ҳаёташон баҳри амалӣ гардондани вазифаҳои бузург ва мақсадҳои олии фавқуззикр равона гардида ва ба натиҷаҳои шоиставу дилхоҳ ва ғолибият муваффақ ҳам гардидаанд.
Дар давраи барои халқи тоҷик сарнавиштсози солҳои 20-уми садаи ХХ бузургтарин ва асоситарин хизмати устод Айнӣ ин буд, ки ӯ бо эҷоди ашъори инқилобӣ, мақолаҳои шуълавари публитсистӣ, таърихӣ, илмӣ, адабӣ, тазкираи бунёдии «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) ва дар солҳои 30-юму 40-ум навиштани мақолаву тадқиқотҳои пурарзиш дар бораи устод Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Саъдии Шерозӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил ва дигар суханварон, ки ҳар кадом дар замони худ ба сифати кашфиёти илмӣ эътибор пайдо карда буданд, вазифа ва рисолатҳои бузурги таърихӣ, илмӣ ва фарҳангиро анҷом дод. Назар ба эътирофи донишмандони бузурги Шарқу Ғарб (аз ҷумла С.Нафисӣ, Е.Э.Бертелс, А.Лоҳутӣ, А.А.Семёнов, А.Н.Болдирев, И.С.Брагинский, Б.Ғафуров, Я.Рипка, И.Бечка, М.Лорентс, П.Н.Хонларӣ, А.Курелла, К.Ҳитчинс, М.Шакурӣ, Г.И.Ломидзе, М.Осимӣ, Е.М.Примаков, Ҳ.Одил) он хизмат ва рисолатҳое, ки устод Айнӣ барои халқи худ фидокорона анҷом додааст, ҳеҷ каси дигаре аз ҳавзаҳои адабиву фарҳангии форсизабонон ба он дараҷа барои кишвар сомон дода натавонистааст.
Дар соли 1924 баъди табартақсими Осиёи Миёна, хусусан дар арафаи аввал вилояти худмухтор ва сипас соҳиби Ҷумҳурии худмухтор гаштани тоҷикон дар хусуси масъалаи халқи тоҷик баҳсу мунозираҳои шадиду доманадоре сар шуданд, ки асли мақсади он моҷарову даъвоҳои беасос инкори мавҷудияти таърихии тоҷикон буд. Мункирони халқи тоҷик, махсусан пантуркистон дар Осиёи Миёна вуҷуд доштани тоҷиконро ба куллӣ инкор карда, бар зидди ташкили давлати нави тоҷик баромаданд. Дар чунин вазъияти фоҷиавию ваҳшатангез  С.Айнӣ барои ҳимояи халқи худ сина сипар карда, ҷасурона ба майдони мубориза ворид мегардад ва бо навиштани китоби «Намунаи адабиёти тоҷик», ки воқеан чун «шиносномаи ҳақиқии халқи тоҷик» эътироф гардидааст ва зикри  далелҳои қотеи таърихӣ, илмӣ ва фарҳангию адабӣ тамоман беасос будани даъвоҳои бебунёди пантуркистонро дар ҳаққи халқи тоҷик собит менамояд. «Ана ин асар – «Намунаи адабиёти тоҷик», -  таъкид мекунад С.Айнӣ, – бо фактҳои таърих пардаи он иғвогаронро (пантуркистонро – А.М.) даронид ва ба даҳони онҳо муҳри хомӯшӣ зад».
Анҷоми чунин амали муваффақона ва қаҳрамонона аз ҷониби устод Айнӣ дар шароити бағоят мураккабу пуртазод ва бағоят муташанниҷу хатарзо, ки тақдири таърихии халқи тоҷик ҳал мегардид, албатта, рисолати бузурги таърихие ба шумор меравад.
Таърихи беш аз сад соли охир гувоҳи он аст, ки баҳсу мунозираҳо дар атрофи таъриху тамаддун, забону адабиёт ва фарҳанги оламшумули тоҷикон пайваста дар шаклҳои гуногуни ихтилофбарангез идома дорад ва дар ҳар давра шахсиятҳои бузурги сиёсӣ ва фарҳангӣ барои дифои манфиатҳои миллии халқу кишвари худ собитқадамона кору пайкори зарурӣ ва шоистаро анҷом медиҳанд.
Дар ин бобат нақш ва мақоми фарзанди фарзонаи миллат, шогирди содиқ ва идомадиҳандаи таълимоти устод Айнӣ, таърихнигори машҳури ҷаҳонӣ, аллома Бобоҷон Ғафуровро махсус бояд таъкид намуд. Ҳам дар замони барҳаёт будани С.Айнӣ ва ҳам дар солҳои баъдина Б.Ғафуров бо вуҷуди ҳама мушкилоти сиёсиву идеологӣ дар партави афкору ақида ва нишондодҳои хирадмандонаи устоди худ баҳри ба вуҷуд овардани таърихи ҳақиқӣ ва илмии тоҷикон дар солҳои 40-уму 70-уми асри ХХ байрақи муборизаро баланд бардошта, корномаи бемислу монанд ва қаҳрамонии беназир нишон дод. Асолат, моҳият, ҳақиқат ва арзишмандии таърихи халқи тоҷик дар таърихномаҳои Б.Ғафуров хусусияти нави сифатӣ пайдо кард, ки аз байни таълифоти ӯ ду шоҳкории вай – «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» (1947) ва «Тоҷикон. Таърихи қидимтарин, қадим ва асрҳои миёна» (1972) ин иддаоро хеле равшан собит менамоянд. Ин ду асар аз нигоҳи муҳтаво, ҳақиқатнигорӣ, таҳлили амиқу муқоисавии рӯйдодҳои таърихӣ, равшан кардани нақш ва мақоми шахсиятҳои бузург, рӯҳи озодандешӣ, қудрати бузурги созандагӣ, донишу фарҳанг, хираду заковат, аз арзишҳои умумибашарӣ саршор будани таърихи тоҷикон, натиҷагириҳои муътамаду пурқуввати илмӣ ва сабақгириҳои таърихӣ барои имрӯзу ояндаи наслҳо дар таърихи ҷаҳонӣ ҷойгоҳу мақоми хоссаеро ишғол менамояд. Дар як муддати кӯтоҳ – беш аз 40 сол ба бисёр забонҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума ва нашр гардидани китоби «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна»,  албатта, далели барҷастае мебошад, ки чунин эътибору афзалияти беҳамто на ба ҳар  гуна асари таърихӣ муяссар мегардад. Муҳаққиқи барҷастаи рӯзгор ва осори Б.Ғафуров, донишманди маъруф Усмонҷон Ғаффоров дар асоси пажӯҳишҳои чандинсола ба ин натиҷа расидааст, ки дар ҳақиқат, «Тоҷикон»-ро «бе муболиға қаҳрамонии илмии олим ҳисобидан мумкин аст».
Омӯзиши Б.Ғафуров аз осори устод Айнӣ ва тарбиятҳои бевоситаи маънавӣ диданаш аз ин донишманди бозаковати энсиклопедӣ аз нимаи дуюми солҳои 20-ум оғоз гардида ва махсусан дар солҳои 30-юму 40-ум ва 50-ум хеле вусъат пайдо мекунад ва бо ҳамкориву робитаи дӯстиву эҷодии қарин табдил меёбад. Чун сухан аз таърих ва шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ дар боби дӯстиву ҳамкориҳои эҷодӣ меравад, аз ҳазорон мисолу далелҳо танҳо зикри робитаи устоду шогирд – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207-1273) ва Ҳисомуддини Чалабиро ёдовар шудан бамаврид мебошад. Маҳз бо дархосту талқиноти мусоҳиби Мавлавӣ – Ҳисомуддини Чалабӣ асари оламгири «Маснавии маънавӣ» таълиф гардид. Шабоҳати афкору таълифоти осори мондагор дар масири таърих ин аст, ки асари шуҳратманди устод Айнӣ «Маънои калимаи «тоҷик» дар луғатҳо ва ҷойи корфармудашудаи он дар таълифоти муаллифони Шарқ ва баромадгоҳи ин калима» ва очеркҳои таърихию адабии ӯ «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» маҳз бо хоҳишу талаби Б.Ғафуров навишта шудаанду дар айни замон асарҳои Б.Ғафуров – «Сарнагуншавии аморати Бухоро. Ба 20-солагии инқилоби шӯравӣ дар Бухоро (1920-1940)» (1940), «Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти Ватани худ. Очеркҳо аз таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон (1944), «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» ва «Тоҷикон» дар зери таъсири осори С.Айнӣ ва машварату тавсияҳои ӯ ба майдон омада, талаби замон, рисолати таърихии даврон ва эҳтиёҷоти зарурии ҷамоатчигии тоҷикро дар шароити нави таърихӣ анҷом додаанд ва номи муаллифро вирди забон гардондаанд.
Ба ин тариқ, он вазифа ва рисолатҳои таърихӣ ва фарҳангие, ки нобиғаҳои тоҷик устод Айнӣ ва аллома Б.Ғафуров дар замони худ барои ҷамоатчигии тоҷик анҷом доданд, дар сарнавишт ва таърихи тоҷикон нақши ҳалкунанда бозиданд, пойдориву бақои давлатдорӣ, инкишофу рушди минбаъдаи маънавият ва фарҳангу тамаддуни нави миллати тоҷикро ҳарҷониба таъмин намуданд. Он вазифа ва рисолатҳои таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангии анҷомдодаи ин ду шахсияти бузург – С.Айнӣ ва Б.Ғафуров ва афкору ақидаҳои пешқадами онҳо дар назди наслҳои имрӯзаву оянда вазифаҳои нав мегузоранд, ки иҷрои онҳо заминаи муҳиме барои равнақу шукуфоии минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳанд гардид.
Дар ҳақиқат, суханони ҳикматбору пандомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар хусуси рисолатҳои таърихии фарзандони фарзонаву барӯманди тоҷик устод Айнӣ ва Б.Ғафуров дастурамали фаъолияти ҳар як фарди соҳибхирад ва миллатпарвару ватандӯст мебошад, ки гуфтааст: «Агар дар аҳди Сомониён дар сари гаҳвораи фарҳангу адабиёти оламшумули мо сардафтари адабиёти тоҷику форс устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шабзиндадорӣ карда бошад, дар садсолаи бистум, ки масъалаи будан ё набудани миллати тоҷик борҳо дар дастури рӯз қарор дошт, устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров бо пуштибониву посдории таърих, фарҳанг, забон ва мероси адабӣ, парчаму оини давлатдорӣ ва ҳаққу ҳуқуқи маънавии миллати тоҷик бархоста, бар зидди фарҳангситезони кӯрботин муборизаи оштинопазир бурданд.
Ин ду фарзанди бузурги миллат бо шоҳасарҳои худ «Намунаи адабиёти тоҷик» ва дертар «Тоҷикон» нақшаҳои шуми бадхоҳон ва душманони миллати тоҷикро бо бурҳону далелҳои қотеъ ва санадҳои раднопазири илмӣ барбод дода, таъриху фарҳанг ва забони ноби тоҷикиро наҷот доданд».
Абдулҳай МАҲМАДАМИНОВ,
профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2018    №: 109    Мутолиа карданд: 282

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед