logo

ҳуқуқ

ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ БЕШ АЗ 330 МИЛЛИОН СОМОНӢ

Суди шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро аз рӯи шикояти кассатсионии Карим Муҳамедшоев, ки бо ҳукми суди ноҳияи Сино дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ, дар ҳаҷми махсусан калон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 9 сол ва аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ дар  Тоҷикистон ба муҳлати се сол таъйин кард, мавриди баррасӣ қарор дод.
Суди марҳилаи якум маълум кардааст, ки Карим Муҳамедшоев 16 августи соли 2013, дар идораи давлатии нотариалии ноҳияи Фирдавсӣ худро ҳамчун “Инвестор” ва шаҳрванд Фаррух Ашуровро ҳамчун “Соҳиби ҳуқуқ” шартнома дар бораи фаъолияти якҷоя дар “Сохтмони бинои истиқоматии бисёрошёна бо ҷойгир намудани нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва хизматрасонӣ  ва  таваққуфгоҳ дар таҳхона, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Раҳимӣ - 11” ба имзо расондаанд.
Сипас, 13 июни соли 2014 дар асоси созишномаи иловагӣ ба шартномаи мазкур тағйирот дароварда, мувофиқан дар суроғаи зикршуда сохтмони блоки 1 ва 3 - и сохтмонро Карим Муҳамедшоев ва 2 - ро Ф. Ашӯров ба уҳда гирифтаанд.
Дар ин асос К. Муҳамедшоев вобаста ба сохтмони блокҳои 1 ва 3 ҳамчун “фармоишгар” бо роҳбарияти ҶДММ “Наҷиб - 2004” ҳамчун “Пудратчӣ” шартнома имзо карда, тавассути ҷамъияти мазкур сохтмони бинои истиқоматиро ба анҷом расондааст.
Карим Муҳамедшоев дар раванди сохтмони иншоот соли 2013 бо мақсади бо роҳи фиреб ба даст овардани даромад ба боварии шаҳрванд Ҷумагул Нарзуллоева даромада, бо ваъдаи фурӯши манзили истиқоматӣ аз ӯ маблағи 185 549 сомонӣ мегирад. Бо мақсади бовар ҳосил кардан ҷабрдидаро ба идораи давлатии нотариалии ноҳияи Фирдавсӣ бурда, бо ӯ шартнома дар бораи фаъолияти якҷоя ба имзо расондааст.
Баъди ин амал, дидаю дониста, ки манзили истиқоматии мазкур моликияти шахсии Ҷ. Нарзуллоева мебошад, бе иҷозат ӯ дубора дар идораи давлатии нотариалӣ аз номи худ бо шаҳрванд Миҷгона Гиёева ба маблағи 200 000 сомонӣ шартнома баста, манзилро фурӯхтааст.
Номбурда амалҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, бо мақсади ба даст овардани пули бе дарди миён аз шаҳрвандон Татьяна Грушевская ба маблағи 151 625 сомонӣ, аз Б. Ашурова 220 000 сомонӣ, ҳамчунин, аз Саҳобиддин Алиматов дар се ҳолат ба маблағи 385 000 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф мекунад.
Ба ин қонеъ нашуда, 11 сентябри соли 2016 тибқи шартномаи идораи нотариалӣ боз ҳамон хонаро ба шаҳрванд Комронҷон Каримов ба маблағи 400 000 сомонӣ фурӯхтааст. Ба ҳамин монанд шумораи зиёди шаҳрвандонро фиреб дода, ба онҳо зарари калони молиявӣ мерасонад.
Тавре суд маълум кард Карим Муҳамедшоев дар маҷмӯъ бо роҳи фиреб ба боварии зиёда аз 20 нафар шаҳрванд даромада, аз онҳо  ҷамъоҷамъ бо роҳи қаллобӣ 330 миллиону 192 ҳазор сомонӣ ба даст овардааст.
Судшаванда аз ҳукми суди ноҳияи Сино розӣ нашуда, ба суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ овардааст, ки гӯё суди марҳилаи якум ҳангоми баррасии парванда ҳамаи ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазоро ба назар нагирифтааст. Суди шаҳри Душанбе баъди баррасии парвандаи мазкур ҳукми суди ноҳияи Синоро бетағйир ва шикояти кассатсионии судшавандаро беқаноат гузошт.
Ёдрас мешавем, ки суди марҳилаи якум кирдори судшавандаро бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум карда, нисбат ба ӯ ҷазои ҳабс ба муҳлати 9 сол таъйин кард. Ҳамчунин, суд ҳукм кард аз ҳисоби маҳкумшуда маблағи зарар ба фоидаи ҷабрдидаҳо рӯёнда шавад.
Толиб ТАШРИФЗОДА,
корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе,
Лашкар ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2018    №: 110-111    Мутолиа карданд: 1185
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед