logo

сиёсат

АЗ БАЛО ЭМИН БУДАН, ШАРТИ ОРОМ ЗИСТАН

Дар бораи бало ва ҳазар аз он зиёд шунида ва хондаем. Ҳанӯз бобою бибиҳоямон дар ин мавзӯъ бароямон нақлу ривоятҳои зиёде карда буданд. Вале, куллан намедонистем, ки бало чист ва он чӣ гуна метавонад таъсир расонад? Баъдтар, вақте ки ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайваст, фаҳмидем, ки бало чист (аниқтараш  кист) ва чӣ бадбахтие ба сари мардум меоварад. Он балоро мо дар симои ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ, ки он замон худро ба ҳайси ҳизби абарқудрати сиёсӣ ба мардумӣ муаррифӣ мекард, дидем.
Метавон гуфт, ки аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ зиёиёни асили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳониёни наҳзатӣ даргир шуданд. Дар ин даргириҳои лафзӣ дар ибтидо хурофоту таассуби мазҳабӣ ғалаба кард ва зиёиён таҳти фишори равонӣ ва мафкуравии исломи сиёсӣ қарор гирифтанд. Дар ҷараёни муборизаҳои сиёсӣ ва идеологӣ наҳзатиён  таҷрибаи созмони махфии Наҳзати ҷавонони Тоҷикистон (минбаъд ҲНИ)-ро, ки соли 1973 таъсис ёфта буд, ба ҳайси манбаи сиёсӣ - идеологӣ истифода карданд. Таҷрибаи методҳои муборизаи сиёсӣ ва таблиғоти мафкураи динӣ - мазҳабӣ имкон дод, ки баъзе «саршиносон» - и рӯҳонияти исломӣ ибтидои солҳои навадуми садаи бист дар ҷумҳурӣ ҳараҷу мараҷи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дар натиҷа буҳрони фарогирро ба вуҷуд оварда, оташи бетартибиҳои мардумиро дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон доман заданд ва ба ин тариқ сабабгори асосии ҷанги бародаркуш гардиданд. Намунаҳои аввали террори динӣ - мазҳабӣ дар ибтидои солҳои навадуми асри бист ба дасти муридони наҳзатӣ дар гӯшаҳои даргири ҳудуди Тоҷикистон сурат гирифт. Дар моҷароҳои сиёсию низомие, ки ибтидои солҳои навадум ба вуқӯъ пайваст, боиси ҳалокати беш аз яксаду панҷоҳ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон гардид, ки дар он ТТЭ ҲНИ ширкат ва саҳми бевоситаи фаъол дошт. Ҳосили ин «ширкати фаъол» - ро метавонем имрӯз дар чеҳраи насли миёнсол ва калонсоли ҷумҳурӣ бубинем.
Ҷанги бародаркушӣ, ки ТТЭ ҲНИ иштирокчии бевоситаи он мебошад, мисли як балои вогир Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба масири мусибату бадбахтӣ таҳрик дод. Фарз кунем, агар ҷанги шаҳрвандӣ, ки омили асосиаш ТТЭ ҲНИ буд, ба вуқӯъ намепайваст ва бало ба сари мардуми тоҷику тоҷикистонӣ намеомад, Тоҷикистон бемайлон рушд мекард ва ба сатҳи кишварҳои мутамаддини ҷаҳонӣ мерасид. Аммо, чуноне ки медонем, дар ибтидои марҳилаи Истиқлолияти давлатӣ авзои сиёсию иҷтимоӣ бо «ташаббус»-и ҳилаҳои наҳзатӣ бад шуда, мусибат болои мусибат мардум ва кишварро таҳдид намуд ва саранҷом ба ҷанги фалокатбори мулкӣ сабаб  гардид.   
Мубориза бо дунёмадорон, ки зидди афкори хушки наҳзатӣ қад алам карда буданд, дар меҳвари кори сиёсӣ ва ҳизбии наҳзат қарор дошту дорад. Агарчи насли собиқи наҳзат суннатҳои исломиро дар пӯшиши либос риоя мекарданд, қишри нави наҳзатиён, ки аз омадани Кабирӣ ба маснади раҳбарии сиёсӣ тавсеа ёфт, ба хотири ҷалби ҷавонон аз василаҳои нави иттилоотӣ, техникӣ, риторикӣ ва коммуникатсионӣ истифода бурд. Аз ин лиҳоз, барои рӯпӯш кардан ва аз чашми мардум дур доштани ин ҳадафи стратегӣ ТТЭ ҲНИ аз воситаҳои нави техникӣ ва иттилоотӣ истифода намуда, балоро сари мардум ҷур кардан мехоҳад ва бо пӯшидани шиму костюм, бастани галстук, тарошидани риш, риояи зоҳирии низомии зиндагии дунявӣ, таассуби мазҳабии наҳзатиро пинҳон медорад. Методикаи муборизаҳои сиёсӣ вобаста ба шароити нави геосиёсӣ барои ТТЭ ҲНИ дар давраи нави таърихӣ (солҳои 2006 - 2015) тағйир ёфт. Бо тақозои замон ва зиёда аз ин, барои ҷалби сиёсати ҷаҳонӣ ва кишварҳои мутамаддини башарӣ ба созмони динии ТТЭ ҲНИ симои раҳбарияти наҳзатӣ, ба истилоҳ, замонавӣ шуд ва бо истифода аз либоси муосири урупоӣ ба саҳнаи сиёсӣ ворид гардидани лидерони наҳзатӣ амри зарурӣ гардид. Аммо ҳадаф тағйир наёфт ва ҳамоне ки буд, боқӣ монд (касби қудрат, зиллати миллат, салтанати мафкураи хушки асримиёнагӣ, ҷамъоварии молу мулки мардумӣ, ҷамъи сармояи миллӣ, ҷорӣ намудани қавонини мазҳабӣ, барҳам задани низоми дунявӣ, афзудани заводу фабрикаи истеҳсолоти ғулом ва ғайраҳо). Қудратхоҳии роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва ихлосмандони онро метавон ба содагӣ дар симои баъзе муллову эшонҳои маҳаллӣ мушоҳида кард: то метавонанд аз бовармандии мардум сӯиистифода мекунанд, аз минбарҳои динӣ ва муқаддасоти мазҳабӣ сӯйиистифода намуда, Худо ва ҳам мардумро рӯйирост фиреб медиҳанд, рақибони худро бепарда ва бешармона таҳқир мекунанд, на дар пайи меҳру муҳаббат, балки пайи сарвату қудрат ва шукӯҳу шаҳомат мегарданд.
Ҳадафҳои пасипардагии ТТЭ ҲНИ танҳо дар сурати касби қудрат ба намоиш гузошта мешаванд. Бинобар ин, аз ин созмони дунявиситез ва хирадгурез дурӣ бояд ҷуст. Созмонҳои террористӣ, ки Ховари Миёнаро ба майдони ҷангу хунрезӣ ва мусибату бадбахтӣ табдил додаанд, ҳеҷ гоҳ боиси амнияту суботи минтақавӣ набуда ва нестанд. Аз ҷумла раҳбарият ва ҳавохоҳони наҳзатӣ тайи фаъолияти тӯлонӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ, манбаи сулҳу оромиш набуданд ва нахоҳанд буд. Баръакс, дар ҳар куҷое, ки пайдо шуданд ва изи по гузоштанд, ноамнию бесуботӣ ҳукмрон мегардад. Инро таҷрибаи башарӣ исбот кардааст. Бинобар ин, бо такя ба мақоли мардумӣ: «аз бало ҳазар» бояд кард. Ба қавли шоир:
Комгорӣ ҷӯй, ки роҳе нест ноком зистан,
Аз бало эмин будан, шарти ором зистан.
Фаридуни ОРИЁӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2018    №: 110-111    Мутолиа карданд: 270

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед