logo

иқтисод

САНГВОР. БАРҚАРОРСОЗИИ ҶАНГАЛЗОР

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ҷангалзори талу теппаҳои ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Тавилдара ва Миёнаду, ки дар натиҷаи селу тармаҳо хароб гардида буданд, тавассути шинондани ниҳолҳои мевадеҳ, ороишӣ ва сояафкан дубора барқарор гардиданд.
Акбаршо Иззатов, сардори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия, иброз намуд, ки кормандони муассиса иқдом гирифтаанд, то  дар ободсозии ҷангалзори ноҳия ва ҳифзи  табиати зебою нотакрори водии Вахё  саҳми назаррас дошта бошанд. Аз ин рӯ, дар 0,6 гектар замини ниҳолхонаи таҷрибавӣ 2750 бех  ниҳоли себ, нок, зардолу, шафтолу, олуча, чормағз, тут, сафедор ва дарахтони сояафкану ороишӣ парвариш намуда, дар мавзеъҳои харобгардидаи ҷангал шинонданд.
Зебоии ҷангалзори ноҳия ҳар бинанда, аз ҷумла сайёҳонро мафтун мекунад. Соли ҷорӣ кормандони хоҷагии ҷангал бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар талу теппаҳои ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Тавилдара, Миёнаду, Вахё ва Сангвор садҳо бех ниҳолҳои зардолу, чормағз, бодом ва дарахтони дигари мевадиҳанда шинонданд, то сарсабзии ҷангалзор ва мавзеъҳои тамошобоб таъмин бошад. Инчунин, бо мақсади ҳифзу нигоҳдории ҷангал ва олами набототу ҳайвонот дар байни аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд. Ҷангалзори ноҳия зери назорати доимӣ қарор дорад.
Дилшод АМИРОВ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2018    №: 110-111    Мутолиа карданд: 245

22.10.2018


МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИН - муаррифии кишвар дар ҷаҳон

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани тоҷикистониён кам шуд

Россия ва Ӯзбекистон ба маблағи $27 миллиард созишнома имзо карданд

Беш аз 2100 нафар қурбони заминларза дар Индонезия гашт

Конфронси Мюнхен оид ба амният бори нахуст дар Минск доир мегардад

Масири нави ҳавоӣ ҳафт шаҳри Туркияро бо Қирғизистон мепайвандад

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Тоҷикистон онро бо пирӯзӣ оғоз кард

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед