logo

фарҳанг

“ТОҶИКОН” (НАРХИ ЯК КИТОБ ДАР МАСКАВ БА $ 500 РАСИД)

Бобоҷон Ғафуров тамоми умри худро ба таърихи Шарқ ва миллати тоҷик бахшидааст. Китоби “Тоҷикон” ҳуҷҷати расмии тоҷикон буда, муаррифгари ин миллат дар ҷаҳон мебошад. Он имрӯз китоби рӯимизии ҳар як тоҷику ҳар як сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ гаштааст.

Ман барои исботи ин фикрам як мисоли мушаххас меорам. Солҳои 1990 - 2014 дар Маскав дар муҳоҷирати меҳнатӣ будам. Китоби “Таджики” (“Тоҷикон”) ҳамсафарам буд. Иттифоқе афтод, ки дар Маскав ба хонаи сармуҳаррири рӯзномаи “Красноармейская звезда” Маргарита Полунова ба кор равам. Чун ба кор сар кардам, ӯ бегоҳирӯзӣ маро ба наздаш даъват карда гуфт, ки ту аз кадом миллат ҳастӣ, чӣ гуна маълумот дорӣ. Ман ба ӯ гуфтам, ки тоҷикаму омӯзгорам ва китоби “Таджики”- ро аз борхалтаам гирифта, ба ӯ дароз кардам. Яъне, ман бо миллатам ва шахсияти бузурги он аллома Бобоҷон Ғафуров ифтихор доштанамро бо ин амал собит карданӣ шудам. Ӯ китобро бо шодӣ варақ зада истода буд, ки шавҳараш даромада омад ва китобро аз дасти ҳамсараш гирифта гуфт, ки ман тоҷикон ва муаллифи ин китобро медонам. Инчунин, изҳор дошт, ки дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов аз фанни таърих дарс медиҳад ва метавонад аз рӯи ин китоб силсилаи лексияҳоро оид ба тоҷикон мураттаб намояд. Ман баъдтар фаҳмидам, ки ӯ Александр Алексеев буда, чанде пеш доктори илмҳои таърих шудааст. Бо шодӣ китобро варақ зада, ба ман гуфт, ки барои ин китоб чанд рубл диҳам. Гуфтам, ки ин китобро намефурӯшам. Ҳамсараш низ аз ман хоҳиш намуд, ки китобро бифурӯшам. Хулоса, ӯ аз ҷайбаш 500$ амрикоиро бароварда ба ман дод ва соҳиби китоби “Таджики” шуд.
Ҳаёту фаъолияти Бобоҷон Ғафуров ҳақиқатан ҳам  ибратомӯз аст. Ду  - се сол пас аз нашр шудани китоби “Тоҷикон” дар атрофи он ҳар гуна суханҳо пайдо шуд. Ҳатто баъзе аз олимон мегуфтанд, ки ӯ чаро номи китобашро “Тоҷикон” гузоштааст. Яъне, тобиши миллатгароӣ додан мехостанд. Дар охири ин набардҳо Бобоҷон Ғафуров ғолиб омада ва соҳиби обрую иззати зиёде дар тамоми ҷаҳон гашт. Дар тақризҳои академикҳои рус П.Огородников, М. Массон, А. Рибаков ва дигарон дар маҷаллаи “Вопросы истории” ҳақиқату мавқеъ ва натиҷаҳои тадқиқоти фундаменталии ин муҳаққиқи оламшумул исбот гардид.
Дар даврони роҳбарии ӯ Тоҷикистон ба зинаҳои навтарини тараққиёт баромад. Чанд муддат чун сафир ҳам хизмат кардааст. Қобилияти ташкилотчигии ӯро ба назар гирифта, директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таъйинаш намуданд. Ӯ даҳҳо нафар шогирдонеро парварид, ки имрӯзҳо машъалбардори илми таърих мебошанд. Ба гуфтаи шоири покистонӣ Файз Аҳмади Файз, Бобоҷон Ғафуров бузургтарин фарзанди Машриқзамин буд.
Ҳамин тавр, солҳо мегузаранд, вале хизматҳои ин фарзанди фарзонаи тоҷик дар ёдҳо мемонад. Китоби “Тоҷикон”, барҳақ, шиносномаи миллати тоҷик барои ҷаҳониён аст.
Китоби “Тоҷикон” ин ҳуҷҷати расмии ҳар тоҷик,
Нишон аз олиму алломаи тоҷиктаборон буд.
Хабар овардааст аз он куҳанбунёдии тоҷик,
Сафири шодию ғамҳои он равшанзамирон буд.
Чунин инсони комил андар ин офоқ кампайдост,
Яке донандаву ҳам ахтаре дар илму ирфон буд.
Ҷаҳон то ҳаст, ӯ як қаҳрамони миллати мо аст,
Ватандору ватансозе барои Тоҷикистон буд.
Бобоҷон НУРЗОД,
омӯзгор, ноҳияи Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2018    №: 110-111    Мутолиа карданд: 292

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед