logo

фарҳанг

БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА МАСОИЛИ ФЕҲРИСТНИГОРИИ МАЪХАЗҲОИ ТАЪРИХӢ

Фарзанди баруманди халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров дар радифи маъруфтарин донишмандони ҷаҳонӣ мақоми шоиста дошта, дар таърихи илм ва тамаддуни башарӣ аз худ мероси гаронбаҳо боқӣ гузоштааст. Тӯли фаъолияти бисёрсолаю пурсамари илмию таҳқиқотиаш беш аз 400 китобу рисола ва мақолаҳои пурарзиш таълиф намудааст, ки чанде аз онҳо дар Олмону Фаронса, Русия, Лаҳистон, Юнону Ҷопон, Эрону Афғонистон, Ҳиндустону Покистон, Чин ва дигар мамолики ҷаҳон тарҷума ва ба табъ расида, мавриди омӯзишу истифода қарор гирифтаанд.
Самтҳои умдаи зиндагинома ва фаъолияти илмии Бобоҷон Ғафуров, нишонрасиву натиҷабахшии афкору андешаҳои ӯ таваҷҷуҳи олимони ватаниву хориҷиро ба худ ҷалб карда, дар ин робита асару рисолаҳо ва мақолаву очеркҳои пурмуҳтаво нигошта шудаанд. Ғафуровшиносҳо дар навиштаҳои худ паҳлуҳои гуногуни фаъолияти илмию эҷодӣ ва натиҷаи умдатарин таҳқиқоти ба анҷом расондаи Бобоҷон Ғафуровро ба риштаи таҳрир дароварда, саҳми ӯро ҳамчун олими бозаковат, муаррихи нуктасанҷ, ховаршиноси варзида дар рушду такомули илм ва фарҳанги халқи тоҷик нишон додаанд. Дар васфи Бобоҷон Ғафуров адибон асарҳои назмию насрӣ офаридаанд. Осори илмию таҳқиқотии ӯ дар намудҳои гуногуни дастурҳои библиографӣ низ инъикос ёфтааст.
Бо вуҷуди ин то кунун на ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти илмию эҷодии Бобоҷон Ғафуров мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифтаанд. Масалан, саҳми Бобоҷон Ғафуров дар рушду нумӯи фарҳангу ҳунари тоҷик, таъсиси муассисаҳои фарҳангӣ, фаъолияти ӯ ҳамчун маъхазшинос ва феҳристнигор бо таври мукаммалу амиқ омӯхта нашудааст.
Бояд тазаккур дод, ки саҳми Бобоҷон Ғафуров дар ҷамъоварӣ ва радабандии сарчашмаҳои муҳими таърихӣ ниҳоят бузург аст. Барои эҷоди шоҳасари безаволи худ «Тоҷикон» ӯ аз захираи басо ғании китобхонаҳои бонуфузтарини мамолики хориҷ, осорхонаву бойгониҳои машҳури ҷаҳон, аз ҷумла Москва, Санкт-Петербург, Париж, Деҳлӣ, Карочӣ истифода карда, осори зиёди қаламию чопиро доир ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор додааст. Бобоҷон Ғафуров бештар ба таҳқиқоти нашрияҳои таърихшиносӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, сиккашиносӣ, катибашиносӣ, номашиносӣ, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, ки теъдодашон наздик ба ду ҳазор номгӯй мерасад, такя намуда, мулоҳизакорона ва дақиқназарона бо далелҳои муътамади илмиву мантиқӣ ба мураккабтарин ва умдатарин воқеоти таърихӣ равшанӣ андохтааст. «Тоҷикон» ҳамчун манбаи муҳими таърихнигорӣ ва сарчашмашиносӣ дар ҳаллу фасли бештари муаммоҳои баҳсноки соҳаҳои мухталифи илм, бахусус омӯзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик мусоидат менамояд.
Бобоҷон Ғафуров барои таҳқиқи масоили баҳсталабу сарпеч, мураккабу мубрами ҳар як давраи таърихӣ сарчашмаҳои нодири мавҷударо мавриди истифода қарор дода, кӯшидааст, ки муҳаққиқони дигарро ҳам ба мубоҳисаи илмӣ даъват намояд. Бо мақсади амалишавии ин иқдом ӯ дар зерварақи китобҳои худ зарурати идома додани таҳқиқи масоилро таъкид намуда, барои осон гардондани кори муҳаққиқони минбаъда теъдоди муайяни маъхазҳои марбут ба мавзӯъро тавсия менамояд. Масалан, дар зерварақи саҳифаи 108-и китоби дуюми нашри тоҷикии «Тоҷикон» (Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав 1,2. – Душанбе: Ирфон, 1998) Бобоҷон Ғафуров чунин нигоштааст: «Вазъияти хоҷагии қишлоқи Осиёи Миёнаи онвақта (асри XIX – Ш.К.) ҳанӯз тадқиқкунандаи худро интизор аст. Бисёр мадракҳои муҳим дар ҳисоботи сайёҳон, ҳуҷҷатҳои архивии Русия ва Осиёи Миёна парокандаанд, баёноти мутахассисоне, ки пас аз ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Русия додаанд, ҳамчунин, нашрияҳои этнографӣ дар ин бобат арзиши муҳиме доранд». Сипас, бо ишораи «Аз ҷумла нигаред» Бобоҷон Ғафуров 16 номгӯи адабиёти муҳими ба ин мавзӯъ доирро тавсия намудааст. Мавҷудияти чунин ишораҳо дар зерварақи саҳифаҳои дигари китоби «Тоҷикон» низ мушоҳида мешаванд.
Бобоҷон Ғафуров дар радифи мураттабсозии маъхазҳои муҳими таърихӣ боз дар тарғибу дастраси умум гардондани дастурҳои мухталифи библиографӣ, аз қабили феҳристҳои чопии бисёрҷилда, нишондиҳандаҳои нашри ҷудогона, китобномаҳои шарҳиҳолӣ, маводи библиографии дохилиматнӣ ва дохиликитобӣ саҳми босазое гузоштааст. Ӯ барои таълифи китоби «Тоҷикон» 24 дастури библиографиро мавриди истифода қарор додааст, ки номгӯи онҳо дар рӯйхати сарчашмаҳо ва адабиёти истифодашуда инъикос ёфтаанд. Илова бар ин, Бобоҷон Ғафуров истифодаи маводи библиографии дохиликитобии дар сарчашмаҳо инъикосёфтаро зарур шуморида, дар зерварақи китобҳо аз мавҷудияти онҳо иттилоъ медиҳад. Масалан, бо чунин ишораҳо бештар роҷеъ ба маводи библиографии дохиликитобӣ маълумот дода шудааст: «Дар ин асарҳо феҳристи муфассал ва нигориши таърихи масъала мавҷуд аст» (Китоби якуми нашри тоҷикии «Тоҷикон»: Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав 1,2. – Душанбе: Ирфон, 1998.-С.18); «Рӯйхати муфассали библиографӣ дар ҳамон ҷо» (…-С.84); «Рӯйхати муфассали катибаҳо» (…-С.193); «Тадқиқоти муфассалтарини маъхазшиносӣ… ва рӯйхати муфассали адабиёти мавҷуда зикр гардидааст» (… - С.282); «… феҳристи муфиде дорад» (… - С.406); «… феҳристи мукаммали адабиёт оид ба Рӯдакӣ зикр ёфтааст» (…- С.513) ва ғайраҳо.
Мулоҳизаҳои зикршуда ва мавҷудияти феҳристҳои мукаммали адабиёт дар асарҳои олим аз он шаҳодат медиҳанд, ки Бобоҷон Ғафуров ба масоили феҳристнигории маъхазҳои таърихӣ ва омӯзишу тарғиби маводи библиографӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудааст ва месазад, ки ин паҳлуи фаъолияти илмию таҳқиқотии ӯ мавриди омӯзиши ҷудогона қарор гирад.
Шариф КОМИЛЗОДА,
директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии  фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2018    №: 110-111    Мутолиа карданд: 188

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед