logo

фарҳанг

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА "ТОҶИКОН"-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Дар ҳаёти мадании ҳар халқу миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки ба баракати донишу маърифат, мутолиаи густурда ва эҷоди шоҳкориҳои арзишманду нотакрор ба дараҷаҳои баланди тараққиёти тафаккури инсонӣ расидаанд. Чунин шахсиятҳо танҳо фарзанди халқи ҷудогона маҳсуб намешаванд, балки кулли инсоният онҳоро фарзанди худ мехонанд, зеро ба гуфтаи В.Белинский «табиати чунин ашхос ҳамаи он чиро, ки инсоният бо он зиндагӣ мекунад, дар худ ҷой додааст. Аз ин рӯ, ҳар кас дар рӯҳи онҳо рӯҳи худ ва дар симои онҳо инсон - бародари худро дар олами одамият мебинад».
Аллома Бобоҷон Ғафуров низ аз қабили ҳамин  гуна инсонҳост, ки танҳо ба халқи тоҷик мансуб нест: зиндагии ӯ дар замони худ барои тамоми мардуми собиқ сермиллати шӯравӣ ва гузашта аз он барои аксари мардуми Шарқ мояи ифтихору ибрат буд. Мардуми Шарқ аз он ифтихор доштанд, ки чунин шахсияти донишманди тимсоли хирад ва илму маърифат маҳз аз Машриқзамин рӯида ва ҳимоятгари ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар миқёси байналмилалӣ мебошад.
Воқеан ҳам, фаъолият намудан ба ҳайси директори Институти ховаршиносии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки аз пажӯҳишгоҳҳои илмии бузургтарини олам маҳсуб меёфт, кори осон набуд. То ба ин зинаи баланд расидан чи қадар заҳмату талош, омӯзиш, худфарсоию умркоҳӣ, мутолиаю муқоисаҳои илмӣ, шабзиндадорию бедорхобӣ, сӯхтану дуд накардан ва аз худ гузаштанҳо нуҳуфтааст.
Маншаи ин камолоти маънавиро, пеш аз ҳама, аз зиндагии хонаводагии аллома Бобоҷон Ғафуров мебояд ҷуст. Зеро афроди ин хонадон аз чашмаи файёзи маърифат ва ҳақиқат сероб гардидаанд. Модари аллома Розия Озод низ аз аҳли қалам маҳсуб шуда, коми фарзанди хешро бо адабиёту маънавият бардошта буд.
Паҳлуи дигари ҳаёту фаъолияти олим ба таҳқиқ ва муаррифии таърихи миллати тоҷик бахшида шуда, бо таълифи «Тоҷикон» сахт алоқаманд аст. Ба нашр расидани шоҳкори бузурги «Тоҷикон» ба гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «на танҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони олам, мухлисону ҳаводорони тамаддуни Шарқ ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбаҳо шодком сохт». 
Бешак, мутолиаи «Тоҷикон» ҳар хонандаро ба шинохти шахсиятҳои бузург раҳнамоӣ мекунад, дар вуҷуди ӯ эҳсоси бузурги худшиносӣ, меҳанпарастӣ, дӯст доштани ин сарзаминро бедор менамояд.
Боиси ифтихор аст, ки бо сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат бо назардошти арзиш ва аҳамияти ин асари аллома дар таъмини худшиносӣ, худогоҳӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар арафаи 90 - солагии муҳаққиқи бузург нашри такрории “Тоҷикон” ба роҳ монда шуд.
Пешвои миллат ҳангоми суханронӣ ба ифтихори ин сана ба кору пайкор, ҷонфидоӣ, ҷасорати олим ишора намуда, таъкид карда буданд: «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи тадқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рӯимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст».
Дар замони истиқлолият бо ибтикори Сарвари давлат интишор ва дастраси аҳли илму адаби тоҷик, инчунин, олимони кишварҳои гуногун қарор гирифтани «Тоҷикон» дар баробари вусъати равобити густурда бо мамолики олам дар ҷаҳони муосир миллатро ҳамчун дорои пешинаи таърихии давлатдорӣ муаррифӣ сохт. Зеро аллома бо навиштани ин асар ба чанд ҳадафи муҳим муваффақ гардид, ки дар сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун самти калидӣ, ҷойгоҳи хосса дорад, аз ҷумла: 
Муаррифии тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд, дорои тамаддун ва фарҳанги олӣ дар миқёси байналмилалӣ.    Дар замири ҳамватанон бедор намудани эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ифтихор  аз арзишҳои он.
Таҳкими ваҳдату ягонагӣ  ва худшиносӣ.
 Дар ҳақиқат ҳам, ташаббуси Сарвари давлат дар заминаи нашри китоби “Тоҷикон” барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ такони ҷиддӣ бахшид. Маҳз бо назардошти арзишу аҳамияти ин асари оламшумул аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Бобоҷон Ғафуров унвони олии Ватан – Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
Ин иқдоми наҷиб баёнгари он аст, ки Сарвари давлат ба аҳли илму маърифат ҳамчун чароғи раҳнамои ҷомеа ва неруи пешбаранда, таваҷҷуҳи беандоза дошта, инчунин, эҳтироми беҳтарин фарзандони хизматнишондодаи миллат, арҷ гузоштан ба заҳматҳои ононро самти меҳварии фаъолияти худ қарор додаанд. Аз тарафи дигар, сиёсаташон ба гиромидошти арзишҳое, ки воқеан метавонанд барои пойдорию субот, оромию осудагии кишвар  ва муаррифии миллати тоҷик дар миқёси байналмилалӣ мусоидат кунанд, нигаронда шудааст. Мутолиаи “Тоҷикон” моро бо таърихи пурифтихори мубориза ва давлатдориҳои хонадонҳои тоҷикон, аз ҷумла хонадонҳои Сомониёну Саффориён, Тоҳириёну Ғуриён  аз тадбири давлатдории гузаштагон, муборизаҳо ва пирӯзиҳои онҳо, падид овардани маданияти баланди шарҳсозию шаҳрдорӣ ва муборизаи қаҳрамононаашон ошно сохта, эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз гузаштагонро тақвият мебахшад. Зеро, чунон ки Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, яке аз сарчашмаҳои аслии худшиносӣ ин ошноӣ бо гузаштаи пурифтихор буда, дарку маърифат ва шинохти мероси таърихӣ барои шукуфоии фардои давлату миллат зарур мебошад.
Дар шароити ҷаҳони имрӯз, ки масъалаҳои амният, худшиносӣ, худогоҳӣ ва истиқлолияти миллии кишварҳои ҷаҳон аҳамияти муҳим пайдо карда, хизматҳои мондагору таърихии аллома Бобоҷон Ғафуров дар таҳкими ваҳдати миллӣ, гиромидошт ва маърифати мафҳумҳои Ватан, миллат, истиқлолият, сулҳу субот ва амният ҳамчун сарчашмаи худшиносии миллӣ арзиши бештаре касб намудааст.
Тоҷибой СУЛТОНӢ,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2018    №: 110-111    Мутолиа карданд: 328

23.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед