logo

иқтисод

ЧОРВОДОРӢ. ТАДБИРҲО ҶИҲАТИ РАФЪИ ПАЙОМАДИ КАМБОРИШӢ

Мусаллам аст, ки чорводорӣ дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, хусусан дастёбӣ ба таъмини амнияти озуқаворӣ, нақши муҳим дорад. Бо назардошти ин, вазъи ногувори баамаломадаи солҳои охир, тағйирёбии иқлим, номусоидии боду ҳаво, алахусус хушксолӣ дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2017 ва зимистону баҳори соли 2018 чорводорону мутахассисонро водор месозад, ки дар кори нигоҳубин, хӯрондан ва эмин доштани чорво аз талафёбӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Дар чорводорӣ барои гирифтани маҳсулоти дилхоҳ таъмини хӯрокаи чорво, истеҳсолу захира ва истифода намудани хӯрокиҳои маъмул аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Алафҳои серғизо, ширадор ва дурушт, боқимондаҳои коркарди маҳсулоти рустанигию чорво, омехтаҳои серғизо (комбикорм), таркибҳои синтетикию маъданӣ, иловагиҳои биологии фаъол, инчунин, боқимондаи рустаниҳои маҳсулоташон гирифташуда ва баргу меваю шохаҳои дарахтон хӯрокиҳои чорво маҳсуб меёбанд.
Дар вазъи кунунӣ барои қонеъ намудани талаботи чорво бо хӯрокӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродии чорводориро зарур аст, ки тавсияҳои зеринро амалӣ гардонанд:
1. Чарогоҳҳои тобистонаро самаранок истифода бурда, аз ҳисоби кишти зироатҳои лӯбиёӣ ва хушадор ба миқдори зарурӣ барои зимистонгузаронии чорво хӯрокӣ захира намоянд. Чарогоҳҳоро бо низоми муайян истифода бурда, усули чарогоҳгардонро ҷорӣ намудан зарур аст. Яъне аз чор як қисми чарогоҳро ба муддати як ҳафта чаронда, баъд чорворо ба қисми дигари чарогоҳ гузарондан даркор аст, то қисмати аввал барои чарондани минбаъда тайёр шавад.
2. Ба роҳ мондани усули силосу тарбедахобонӣ. Агар ҷуқурии махсуси силосхобонӣ набошад, дар болои замин низ ба воситаи плёнкаҳо силос хобондан мумкин аст.
3. Аз баргу пояи зироатҳои полизӣ (картошка, сабзӣ, карам, шалғам ва ғайра) истифода бурдан.
4. Аз баргу пояи буттаҳо, баргу шохаҳои дарахтон (тут, бед ва ғ.)ва боқимондаи мева тайёр кардани хӯрокӣ.
5. Аз алафҳои табиӣ, буттаҳо ва дигар рустаниҳо бо истифода аз агрегатҳои махсус (АВМ) тайёр ва захира намудани орди алаф.
6. Коҳу пахолро дар оби гармиаш то 20-30ºС ва намак (дар 100 л об 1-2 кг намак) тар карда, дар зарфҳои махсус бо ҳар гуна хӯрокҳо омехта карда ба чорво додан мумкин аст. Инчунин, пахолреза ва коҳро бо ордоб (орди ҷуворимакка ё ҷав), кунҷора ва сабус бо иловаи каме намак омехтан. Пахолреза ва коҳро дар сатил ё деги махсус пур карда, ба он оби ҷӯшида (ба ҳар як кг пахолрезаю коҳи хушк 0,5-0,6 л оби ҷӯш) рехта, маҳкам мепӯшанд, то гармӣ нигоҳ дошта шавад. Баъд 750 гр. орди ҷавро бо 250 гр. сабуси гандум омехта, дар 3 л оби ҷӯшон ҳал мекунанд, вақте гармӣ то 25-28ºС мерасад, 30 гр. хамиртуруши хушк илова мекунанд. Баъди 6 соат хамиртуруши тайёркардаро бо пахолу коҳи тайёркарда илова намуда,  ба чорво медиҳанд.
Маҳз ба туфайли истифодаи технологияҳои пешқадам, кишти навъҳои серҳосили зироат, ба роҳ мондани кишти байниқаторӣ, такрорӣ ва омехтаи зироатҳои хӯроки чорво, беҳтар гардондани сифату зиёд кардани ҳаҷми хӯрокӣ истеҳсоли маҳсулоти чорводориро зиёд кардан мумкин аст.
Муасссисаҳои илмии ҷумҳурӣ тӯли солҳо навъҳои зиёди зудраси зироатҳои хӯроки  чорво, ба монанди ҷуворимаккаи «Шуҳрат», «Вахш-10», юнучқаи  «Вахш-300», овёси (ҷавдори) «Тоҷикӣ-50», «Вахш-110», «Тезпазак», викаи «Тоҷикӣ-60» ва «Тоҷикӣ-31»-ро офаридаанд. Истифодаи зироатҳои серҳосили селексияи ватанию хориҷӣ дар кишоварзӣ имконият медиҳад миқдори хӯроки чорво аз ҳар гектар 1,5-2,5 баробар зиёд шавад. Агар ҳар сол дар 100 ҳазор гектар замин зироатҳои такрорӣ, байниқаторӣ ва омехта кошта шавад, ба таври илова 200-220 ҳазор воҳиди хӯроки чорво ба даст меояд.
Серҳосилии зироатҳои хӯроки чорво аз истифодаи нуриҳои минералӣ сахт вобастагӣ дорад. Мутаассифона,  ҳоло нуриҳоро дар заминҳои кишти зироатҳои хӯроки чорво хеле кам истифода мебаранд.
Яке аз омилҳои самарабахш истифода шудани хӯроки чорво хуб коркард намудан ва консерва кунонидани он мебошад. Дар корхонаҳо ба роҳ мондани истеҳсоли хӯрокиҳои серғизо (комбикорм), ғелаку брикет, премиксҳои минералӣ, инчунин, хамиртуруши хӯроки чорво ба нафъи кор аст.
Чарогоҳҳо манбаи асосии хӯроки сабзи арзон ва серғизоанд. Тақрибан аз чор се ҳиссаи талаботи чорво (60-70 %-и талаботи солона) ба хӯроки сабз аз ҳисоби чарогоҳҳои табиӣ таъмин мегардад. Дар чарогоҳҳо маҳсулнокии чорво назар ба парвариши оғилӣ 25-40% афзуда, сифати маҳсулот беҳтар ва арзиши аслии он 20-30% кам мешавад.
Беҳтарсозии ҳолат ва дар сатҳи зарурӣ истифода бурдани чарогоҳҳои ҷумҳурӣ барои мустаҳкамии базаи хӯрока ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, зиёд кардани саршумор, истеҳсоли гӯшту шир ва пашму пӯст дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, таъмини талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, саноат бо  ашёи хом ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳамияти калидӣ дошта, андешидани тадбирҳои ҳаддалимконро тақозо менамояд.
Заминаи асосии истеҳсолоти соҳаҳои парвариши гӯсфанду буз, қутос, асп ва чорвои дигари гӯштиро марғзору чарогоҳҳое ташкил менамоянд, ки масоҳати онҳо ба зиёда 3,8 миллион гектар мерасад. Солҳои охир бо сабабҳои гуногун масоҳати чарогоҳҳо хеле кам шудааст. Айни замон фарсоиш ва бодлесшавии (дегратсияи) чарогоҳҳо торафт авҷ гирифтааст.
Алафу хошоки ҳар гектари чарогоҳҳои тирамоҳию  зимистонӣ ва баҳорӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна, баҳорон – ба 2,9, тирамоҳ – 2,2 ва зимистон – ба 0,47 сар гӯсфанду буз кифоя аст. Дар чарогоҳҳои миёнакӯҳи тобистонаи биёбонӣ ва чарогоҳҳои даштие (марғзорие), ки масоҳаташон 1 миллион гектарро ташкил медиҳад, ҳосили қисми чорво мехӯрдагӣ аз ҳар гектар ба 8 сентнер  ё 360 воҳиди хӯрока мерасад. Самаранокии чарогоҳҳои тобистонаи баландкӯҳ, ки масоҳати онҳо зиёда аз 641ҳазор гектарро ташкил медиҳад, бештар аст. Олимони Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон тарзу усулҳои ба куллӣ беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳои каммаҳсул ва то 2-5 маротиба зиёд кардани маҳсули хӯроки чорворо муайян кардаанд. Пошидани нуриҳои азотдор ба андозаи 160-180 кг ба ҳар гектар дар даҳрӯзаи сеюми моҳи феврал дар чарогоҳҳои тирамоҳию зимистонӣ ва баҳорӣ (дар минтақаи гӯсфандпарварӣ)  қисми чорво мехӯрдагии алафро вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ 11 - 19 сентнер зиёд мекунад. Андохтани нуриҳои азотдор дар чарогоҳҳои минтақаи кӯҳсор (дар минтақаи говпарварӣ) ба ҳар гектар ба вояи 190-200 кг имкон медиҳад, ки қисми чорво мехӯрдагии ҳосил дар чарогоҳҳои даштии вилояти  Суғд  аз ҳар гектар то 22, ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриявӣ то 17 ва ВМБК то 15 сентнер зиёд гардад, Бо роҳи саросар коштани рустаниҳои чарогоҳии саксавули сиёҳ, чогон, кейрук, явшон, сафлори бехор, эспарсети сурх дар моҳҳои ноябр-феврал ба ҳар гектар ба вояи мутобиқ дар минтақаи гӯсфандпарварӣ ҳолати ин чарогоҳҳоро ба куллӣ беҳтар намудан мумкин аст. Ин тадбир имкон медиҳад, ки аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 12-20 сентнер маҳсули иловаи хӯроки чорво ва мутобиқан 5-9 сентнер воҳиди хӯроки чорво гирифта шавад.  Дар заминҳои нишеби ин минтақа, қитъа ба қитъа коштани тухми буттаҳои номбурда ва нимбуттаҳо беҳтар аст.
Барои самарабахшии ин усулҳо хеле хуб мебуд, ки оид ба истеҳсоли тухмии алафҳои чарогоҳӣ хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва қитъаҳои алоҳидаи тухмии табиӣ ташкил дода шаванд.
Ҷои таъкид аст, ки чарогоҳҳои зимистонию баҳорӣ қариб манбаъҳои оби табиӣ надоранд. Бинобар ин, дар кори азхуд кардани чароргоҳҳо барои барпо намудани заминаи устувори хӯроки чорво ба роҳ мондани обёрии чарогоҳҳо нақши муҳим мебозад. Танҳо ҳангоми обёрӣ кардан аз чарогоҳ пурра ва самаранок истифода бурдан мумкин аст. Барои ҳалли ин мушкилот, дар баробари чоҳҳои амудӣ аз ҳисоби обҳои зеризаминӣ, инчунин, бунёди намудани системаи пойгоҳҳои обкашонӣ аз дарёҳо, яъне барқарор намудани насосҳои обкашӣ, ки пеш фаъолият мекарданд, аз ҷумла стансияҳои насосии Сангтӯда, Олимтой, ноҳияҳои Панҷ, Фархор, Шаҳритуз, Дустӣ, дар мавзеъҳои чарогоҳҳои зимистонию баҳорӣ, талаби рӯз мебошад.
Амалсозии тадбирҳои зикргардида имкон медиҳад, ки заминаи боэътимоди истеҳсолу захираи хӯроки чорво бунёд карда шавад. Аз ин рӯ, дар шароити афзоиши таъсири тағйирёбии иқлим яке аз омилҳои ниҳоят муҳими нигоҳдории саршумори чорво аз талафёбӣ ва зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати чорводорӣ маҳз истифодаи пурсамари чарогоҳ мебошад.
Ф. АМИРШОЕВ, 
директори Институти чорводории АИКТ,
Т. ИРГАШЕВ,
сарходими илмии Институти чорводории АИКТ,
Ш. РАҲИМОВ, 
мудири шуъбаи биотехнологияи чорвои Институти чорводории АИКТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2018    №: 110-111    Мутолиа карданд: 493

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед