logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. МУҲИТИ ПОКУ БЕОЛОИШ МЕСОЗЕМ

Асоси ҳифз ва нигоҳдории ҳамаи манбаъҳои табиӣ, аз ҷумла об, муҳити тоза ва солим ба ҳисоб меравад. Имсол, ки татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» оғоз гардид, масоили ҳифзи муҳити зист аз пештара дида аҳамияти бештар пайдо кард. Чанд омили таъсиррасон ба муҳит мавҷуд аст, ки аз ҳар яки мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, масъулияти беш аз пеш тақозо менамояд. 

“Тозагии соҳил” - тозагии Душанбешаҳр  
Пойтахти кишвар рӯз ба рӯз тозаву озода ва зебо шуда истодааст. Аз вусъати корҳои ободонию созандагӣ симои шаҳр комилан тағйир ёфта, самаранокии гузариш ба марҳилаи нави рушд тавсеа меёбад. Муносибати аҳолӣ бо муҳити зист ҳам дигаргун ва маърифати экологӣ беҳтар шуда истодааст. Дар пайи амалисозии иқдомҳои созандаи шаҳрдорӣ - аксияҳои экологии “Тозагии соҳил” ва “Тозагии маҳал” бо ҳамдастии кормандони сохторҳои шаҳрӣ, корхонаву ташкилотҳои саноатӣ, донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳраку маҳаллаҳо, тозагии муҳити зист, хусусан покиза нигоҳ доштани оби нӯшоӣ, хеле беҳтар шуд. Дар доираи аксияҳо атрофи бисёр каналҳо ва селпартоҳо тоза карда шуда, ҳолати ифлосшавии оби дарёҳо пешгирӣ гардид. Масалан, моҳи майи соли ҷорӣ дар доираи аксияи “Тозагии соҳил” соҳили дарёи Лучоб, каналу селпартоҳои Оқ-қӯрғон, Будёний, Чортут - 1 ва Чортут - 2, ҳамчунин, соҳилҳои Шӯраксой ва обпартои хиёбони Ҳофизи Шерозӣ аз партов ва лойу гил тоза ва ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд. Корҳо дар ин самт идома дошта, ба тарғибу ташвиқи оқилона истифода бурдани об таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад.

Мушкили асосӣ
Идоракунии партовҳо ва коркарди такрории партов яке аз масъалаҳои муҳим дар самти таъмини беҳдошти муҳити зист ба шумор меравад. Зеро, ҳарчанд дар пойтахти кишвар корхонаҳои хурд ба коркарди такрории партов машғул бошанд ҳам, вале фаъолияти сехҳо ҳанӯз қонеъкунанда нест. Аз ҷониби дигар, шаҳрвандон худ партовро ба навъҳо ҷудо намекунанд. Ба КВД «Партовгоҳи  партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе»,  ки дар километри 11 - уми шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат воқеъ аст, ҳар рӯз аз корхонаҳои воҳиди давлатии партовкашонӣ ба ҳисоби миёна 700 - 850 тонна партовҳои сахти маишӣ бароварда,  безарар гардонда мешаванд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҳудуди шаҳри Душанбе 1575 нуқтаи партовҷамъкунӣ ва шахтаи биноҳои истиқоматии баландошёна барои ҷамъ кардани партовҳои аҳолӣ, корхонаву иншоот, нуқтаҳои хурди савдо ва хӯроки умумӣ мавҷуд аст.

Камбудиҳо бартараф мешаванд
Нурулло Раҳимов, сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, иброз дошт, ки барои беҳтар кардани ҳолати экологии пойтахт ва ҳифзи муҳити зист раёсат қариб ҳамарӯза санҷишҳои назоратӣ ва рейдҳои фаврӣ мегузаронад. Санҷишҳо нишон доданд, ки дар ин самт ҳанӯз камбудиҳо зиёданд. Дар давоми панҷ моҳи сипаришуда нисбат ба шахсони қонуншикан 223 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, маблағи зарар 44750 сомониро ташкил дод. Гузашта аз ин, аз ҳисоби 10 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои худсарона буридани дарахтон ба маблағи умумии 41350 сомонӣ товони зарар рӯёнда шуд.

Як иқдоми муҳим
Бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз моҳи феврали соли 2017 корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар шаҳру навоҳии пойтахт вусъати тоза пайдо кард. Махсусан ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ ва қитъаҳои кабудизоркунӣ аз ҷониби 48 ташкилоту идора вазъи экологии шаҳри Душанберо бамаротиб беҳтар намуд. Дар маҷмӯъ барои беҳсозиии пойтахт аз оғози сол 70825 бех ниҳоли ороишиву сояафкан, мевадиҳанда ва буттагӣ шинонда шуда, дар майдони қариб 2 миллион метри мукааб гул кишт карда шуд. Пешрафти корҳои ободонию созандагӣ ҳамеша зери назорати доимии раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ қарор доранд.
О. ВАФОБЕК,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.06.2018    №: 112    Мутолиа карданд: 391

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед