logo

фарҳанг

БОБОҶОН FАФУРОВ ИНСОНИ ЗАМИНӢ ВА ДӮСТИ ҲАҚИҚӢ

Олими барҷаста Бобоҷон Ғафуров аз миёни арбобон, сиёсатмадорон, олимони ҷаҳон чун Ҷавоҳарлаъл Неҳру, Индира Ганди, Ҷамол Абдул - Носир, Михаил Суслов, Акрам Муҳиддинов, Шароф Рашидов, Иосиф Брагинский, Семён Комиссаров дӯстони бисёр дошт, инчунин, аз қатори одамони одӣ ҳам. Фарзанди барӯманди деҳаи Исфисор, вакили ситоди Ҳукумати Тоҷикистон доир ба азхудкунии водии Вахш Турдӣ Юсуфов яке аз чунин толеъбаландоне буд, ки аз овони бачагӣ то нафаси  вопасин бо аллома дӯстӣ дошт.
 
Ҳар бор мактубу табрикномаҳои Бобоҷон Ғафуровро аз назар мегузаронем, ҳис мекунем, ки тамоми умр аз Исфисори шариф гарчанд дур буд, вале аз он ва ҳамдеҳагони худ лаҳзае ҳам дил накандааст. 
« …Рафиқе ба ман хабар расонд, ки ҳамаи Шумоён сиҳату саломат. Чунин хабарҳои хуш одамро хурсанд мекунанд. Моён ҳам тинҷ, барои Ватан, барои партия бо тамоми қувва кор карда гаштаем. Ғамхориҳо, диққат ва ҳурмати  шумоёнро ман ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам.
Ин мактубро ман дар беморхона навиштам. Пагоҳ гурдаро ҷарроҳӣ мекунанд. Сангашро гирифта партофтан лозим будааст. Имрӯз ман ба ҷарроҳӣ тайёрам. Чанд рӯз дар беморхона мешавам, маълум нест. Ба гумонам, ба ин наздикиҳо имконияти навиштанро пайдо карда наметавонам. 
Муллотурдӣ, то ҷон ҳаст ҳаракат кардан зарур аст, ки кас нафъовар бошад, барои одамон, халқу мамлакат, агар ҳаракат накунад, ба ҳайвон  баробар шудан мумкин аст. Дар туркҳо ҳикмате ҳаст: аз шери беҳаракат рӯбоҳи бағайрат беҳ аст. Муллотурдӣ, ҳаракатҳо – некиҳои шумо ба дигарон ибратбахш мебошанд.  
Афсӯс, ҳеҷ яки мо абадӣ нестем. Қонуни зиндагӣ чунин аст – пирон мераванд, ҷавонон мемонанд. Онҳо ҳам аз паси мо мераванд ва боз авлоди дигар меояд. Аз одам фақат некӣ боқӣ мемонад. Натиҷаи умр хизматҳое, ки барои халқу Ватан карда шудааст. Дар ин бора ману Шумо  мумкин аст худро бовиҷдон ҳис кунем. Ҳақ дорем, гӯем, ки умрамон беҳуда сарф нашудааст. Ҳаёт ширин ва дар он зиндагӣ кардан ҳам ҳунар аст. Вале зарур аст, ки кас одами ҳақиқӣ бошад.
Ҷарроҳӣ чӣ хел мегузарад, дар ин бора Иван Антонович, албатта, ба Шумо хабар медиҳад.
Дӯст ва қадрдони Шумо Бобоҷон Ғафуров.
20. V. 68 с.».
Мактубҳо, мактубҳо… Яке аз Париж, дигаре аз Деҳлӣ, сеюмӣ боз аз як мамлакати дигар. Аз онҳо нафаси зиндаи аллома меояд, чашмони пури хирад, мулоим ва меҳрубони ӯ ба шумо гӯё  назар андохта истодааст. Умреро мебинед, ки бо тамоми ҳастияш ба некӣ бахшида  шудааст.   
Турдӣ Юсуфов ҳар бор «Бобоҷон ба фалон ҷо рафт» ё «аз фалон ҷо омад» гӯён суханро сар кунад, соатҳо намерасид. Ба яке касалии гурда, ба дигаре бошад, фишори баланди хун азоб медод. Т. Юсуфов аз Исфисор харбузаю тарбуз, каду, лаблабу ва дигар меваҳои шифобахшро ба Маскав  мефиристод. Устод Бобоҷон Ғафуров дар ибораи «ғамхориҳои шумоён ба ман» мумкин аст, ки ҳаминро дар назар дошта бошанд. Аллома ба куҷое сафар кунанд, албатта, доруҳои ноёб, асбобҳои тибро меоварданд ва мехостанд, ки дӯсташон аз азияти фишори хун озод бошад. Иқрор мешавед, чунин дӯстонро пайдо кардан ба ҳар кас муяссар  нахоҳад шуд, ки малҳами дарди дӯст, дилсӯзу хайрхоҳу мададгори ҳамдигар бошанд.
Вақте ки Бобоҷон Fафуров диссертатсияи докториро дифоъ менамояд, гурӯҳи ҳамдеҳагон ба Маскав меоянд. Аллома мебинад, ки дар тани дӯсти бачагиаш палтои рангаш паридаю нимдошт. Медонад, ки Турдӣ Юсуф дар вазифаҳои масъул кор кунад ҳам, серфарзанд, танҳо бо маош зиндагӣ мекард, тамаъро намедонист, ҳалолкор ва босабру тамкин буд, шароити оилавиаш миёнаҳол. Худи ҳамон рӯз бо ишораи аллома палтои дӯсташро ба наваш иваз менамоянд.
Боре аз мактуби навбатӣ воқиф мешаванд, ки Бобоҷон Ғафуров дар беморхона аст. Зану шавҳар Юсуфовҳо рӯзи дигар ба Маскав мераванд. Вақте ки ба палата медароянд, дар чеҳраи азияткашидаи Бобоҷон Ғафуров табассуме ҳувайдо мешавад. Дар дасти дӯст сабадчаи бо олучаҳои навкандаи Исфисор пурро мебинаду чеҳрааш боз ҳам кушода мешавад, мисли гули шукуфон. Шояд ҳолатеро ҳис мекард, ки гӯё дар боғҳои зодгоҳи худ сайругашт дорад.
Кафашро бо олучаҳои суп-сурх пур намуд, ба димоғаш дошта, бо ташнагии ба худ хос бӯ кард, ду-се донаро гирифта бӯсид, ба чашмонаш молид. Чанд лаҳза нигоҳаш дар  сабадча буд.
Баъд фармуд, ки сабадчаро ба палатаи ҳамсоя  баранд. Дар он ҷо шинос ва ҳамсуҳбати аллома, яке аз саркардаҳои машҳури шӯравӣ Рокоссовский табобат мегирифт. Дар он лаҳзаҳо, аллома шояд, ки ҳадисеро ба ёд оварда бошад: ба дигарон ҳамон чизро раво бин, ки худат дӯст медорӣ.      
Тобистони соли 1977 Бобоҷон Ғафуров аз Маскав ба Душанбе омад. Дар қаъри дилаш ҳис мекард, ки ин сафари бебозгашт, рӯзҳои охирини умр аст. Худи ҳамон рӯз дӯсташ Турдӣ Юсуфов аз Хуҷанд ба Душанбе омад. Дар дармонгоҳ, палатаҳо ва табобат алоҳида, дигар ҳама вақт якҷоя, суҳбаташон аз шаб то саҳар давом мекард, гӯё ин сайру саёҳате дар пайроҳаи тамоми умр буд.
Вақте ки Турдӣ Юсуфро ҷавоб доданд, хайрухуши дӯстон худ аз худ ба лаҳзаҳои видоъ мубаддал гашт. Дар оғӯши якдигар бесадою хомӯш дуру дароз истоданд, ғӯтавар ба ғаму андуҳ. Сарҳоро ба китфи якдигар монда гиристанду гиристанд. Хайрият, ки табибон огоҳӣ ёфта, расида омаданд. Набошад мумкин аст, ки боз соатҳо дар ҳамон ҳолат монанд ва оқибат саломатиашон боз ҳам вазнин шавад. 
Баъди чанд рӯз фарзанди бузурги халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров аз ҳаёт чашм пӯшид, дар лаҳзаҳои охирин низ дӯсти бачагии тамоми умри ӯ  Турдӣ Юсуфов дар паҳлуяш буд.
Аз овони бачагӣ то нафасҳои вопасин онҳо дӯст буданд, дӯстони ҷонӣ. 12 июли соли 1977 директори Институти шарқшиносии СССР,  аллома Бобоҷон Ғафуров аз олам чашм пӯшиданд ва дере нагузашта  дӯсташон Турдӣ Юсуфов ҳам. Ба он дунё низ гӯё дастбадаст равон шуданду ҳикмати аҷиби дӯстиро ба мо боқӣ гузоштанд.
Шариф НУРИДДИН,
ходими калони илмии  Осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров,
Аълочии  матбуоти Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.06.2018    №: 112    Мутолиа карданд: 125

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед