logo

иқтисод

ЛАХШ. КАРТОШКАПАРВАРӢ АЗ БАХШҲОИ АФЗАЛИЯТНОК АСТ

Бо дастгирии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия пешравиҳои назаррас ба вуқӯъ пайвастанд ва симои ин диёри дурдасти кишвар ба куллӣ дигаргун гардид. Дар заминаи заҳмату талошҳои роҳбарият ва аҳли заҳмати ноҳия соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии он босуръат рушд намуда истодаанд. 
Бо мақсади  таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дастгирии кишоварзон ва фароҳам овардани шароити хуб барои парвариши зироат яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор гирифтааст. Ба ин васила даромаднокии соҳа дар маҳал меафзояд. Даромади  умумии  кишоварзони  ноҳия тайи  семоҳаи аввали сол қариб ба 6,9 миллион сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба  ҳамин давраи соли гузашта 224,5 ҳазор  сомонӣ бештар аст.
Соҳаи картошкапарварӣ барои сокинони ноҳия яке аз бахшҳои афзалу ояндадор маҳсуб меёбад.  Иқлим  ва заминҳои доманфароху ҳосилхези водии Лахш  барои кишти хушсифати картошка мувофиқанд. Роҳбарияти ноҳия ба василаи таъмиру барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ, зиёд намудани тухмиҳои серҳосили навъи маҳаллӣ ва таъмини техникаи кишоварзӣ майдони  кишти картошкаро  хеле фарох намуд. Соли  ҷорӣ, тибқи дурнамо,  кишти картошка дар ноҳия 2500 гектар тасдиқ гардида бошад ҳам, дар асоси  дастуру супориш ва дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони кишт ба 3 ҳазор гектар расонда шуд. Ҷиҳати пурра обёрӣ намудани заминҳои картошкапарварӣ ва зироатҳои дигари кишоварзӣ  бо дастур ва дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон каналҳои ҳудуди ноҳия пурра таъмир ва барои обёрӣ омода гардиданд.
Бо истифода аз имкониятҳои васеи табиӣ чорводорон низ ба дастовардҳои назаррас комёб шуда истодаанд. Танҳо саршумори чорвои  калони шохдор дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия  наздики 30 ҳазор сарро ташкил медиҳад, ки  аз он қариб нимаш модагов аст. Чорвои  майда қариб 135 ҳазор сарро ташкил медиҳад.
Шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба пешрафти соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ мусоидат намуд ва дар ин давра шумораи оилаҳои занбӯри асал қариб ба 5 ҳазор адад расонда шуд. 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳия ҷиҳати боз ҳам рушду нумӯъ бахшидани  соҳаҳои иқтисодию  иҷтимоӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ бо ҷалби соҳибкорон ва ғанӣ гардондани буҷети маҳаллӣ пайваста тадбирҳо меандешад. Имкониятҳои  рушди иқтисодӣ дар  ноҳия зиёданд. Моро зарур аст, ки аз дастуру ҳидоятҳои судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самаранок истифода намуда, ба муваффақиятҳои беназир ноил гардем. Бо ин роҳ таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи сокинон имконпазир мегардад.  
Файзулло БАРОТЗОДА,
раиси ноҳияи Лахш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.06.2018    №: 112    Мутолиа карданд: 135

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед