logo

сиёсат

СОКИНОНИ РАҲМОНОБОД: "ПРЕЗИДЕНТ БА МО МИСЛИ ПАДАР ҒАМХОРӢ НАМУДАНД"

Раҳмонобод – деҳаи навбунёди зебоманзарест, бо се - чор қатор хонаҳои аз ҳам дар масофаҳои якхела  сохташуда, дар доманаи кӯҳҳои ноҳияи  Шуғнон, ки ҳамагӣ панҷ сол пеш қомат  афрохтааст. Аз байни қатори манзилҳои истиқоматӣ роҳҳои  мошингард мегузарад. Бо хонаю боғчаҳои зебдодашуда бӯстонсароеро  мемонад Раҳмонобод. Дар даромадгоҳи деҳа корхонаи блокбарорӣ, дар миёнаи деҳа бинои хуштарҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, болотар нуқтаи фурӯши ҷамъияти матлуботи вилоят, маркази  саломатӣ, ҳаммом, боз як нуқтаи савдои молҳои омехта дар хизмати  мардум қарор доранд. Кас бовар намекунад, ки чунин деҳаи замонавӣ ҳамагӣ дар давоми 2 моҳ бунёд гардидааст.
Ба гуфтаи Азиз Гиёҳзода, раиси  ноҳияи Шуғнон, 16-уми июли соли 2015 дар деҳаи сарсабзи Барсеми ноҳия ҳодисае рух дод, ки аз лавҳи хотири сокинони минтақа, вилоят ва ҷумҳурӣ фаромӯш намешавад. Он рӯз бар асари гармии ҳаво аз рӯдхонаи пуроби кӯҳии Барсем сели калон ҷорӣ гардид ва дар   давоми ним рӯз қишлоқҳои Барсем, Бердибекобод ва Колхозобод қисман зери селоба монда, хонаҳои истиқоматии сокинон харобу валангор гардиданд. Тибқи ҳисоби  мутахассисон, бар асари офати табиӣ ба иқтисодиёти ноҳия аз ин ҳисоб ба маблағи 62 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба 82 манзили истиқоматии сокинони деҳоти Барсем ба маблағи умумии беш аз 15 миллион сомонӣ зарар расид.
Худи ҳамон рӯз бо супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони сохторҳои масъули Ҳукумати ҷумҳурӣ бо тамоми иқтидори техникӣ ба мавзеи офати табиӣ сафарбар шуданд. Зарардидагон ба таври фаврӣ ба маҳаллаҳои бехавф интиқол дода шуда, барои онҳо дар дашти васеъ, ки дар даҳҳо гектар майдони замин доман паҳн карда буд, шаҳраки хаймагӣ бунёд гардид ва хонаводаҳои бесарпаноҳмонда дар ин хаймаҳо ҷой дода шуданд. Корвони мошинҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, тамоми минтақаҳои мамлакат ва кишварҳои ба мо дӯст бо маводи хайрия шабу рӯз ҷониби шаҳраки хаймаҳо дар  ҳаракат буданд. 
Бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  лаҳзаҳои аввали офати табиӣ муовини Сарвазири мамлакат Азим  Иброҳим ба ҷои ҳодиса омада, бо вазъият аз наздик шинос гардид, бо зарардидагони офати табиӣ мулоқот кард ва онҳоро дилпур намуд, ки Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат, онҳоро бо  мушкилоташон танҳо намегузоранд. Сипас, Сарвазири мамлакат ба назди зарардидагон  омада, кумаки пулии Президенти кишварро ба зарардидагони офати табиӣ расонд. Аз тарафи Сарвари давлат ба ҳар кадом 56 хоҷагӣ, ки манзили истиқоматиашон пурра хароб гардида буд, 10 ҳазор сомонигӣ ва хоҷагиҳое, ки қисман зарар дида буданд, 6 ҳазор сомонигӣ кумаки яквақта расонда шуд. Аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳар як хонавода ба маблағи 700 сомонигӣ, идораи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба оилаҳои манзили зисташон пурра харобгардида 4 ҳазор сомонигӣ ва ба оилаҳои манзили зисташон қисман харобшуда 2 ҳазор сомонигӣ, иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ва вилоят 2 ҳазор сомонигӣ ба оилаҳои хонаашон пурра ва 1 ҳазор сомонигӣ ба оилаҳои манзилашон қисман харобгардида дода шуд.
Аз ҳамаи ин қаноатманд нашуда, худи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон ба ҷои ҳодиса омад. Ӯ гирду атрофи деҳаи осебдидаро давр зада, ба шаҳраки хаймагии зарардидагони офати табиӣ қадам ранҷа фармуд ва бо онҳо мулоқот намуд. Президенти кишвар ба зарардидагони офати табиӣ гуфтанд: «Ман шуморо танҳо намемонам ва то охирин ашёи рӯзгор – риштаву сӯзан низ таъмин хоҳам кард». Дастгириву ғамхории падаронаи Сарвари давлат буд, ки вазъи рӯҳиву равонии одамони ҷабрдида дар он рӯзи сиёҳу пуртаҳлука то андозае беҳтар ва дарду аламашон сабуктар гардид. Бо ибтикор ва саъю талошҳои Президенти Тоҷикистон дар навбати аввал барои осебдидагон сохтмони биноҳои истиқоматӣ ба нақша гирифта шуд ва лоиҳаи бунёд намудани шаҳраки замонавӣ баррасӣ гардид. Бо  супориши Президенти мамлакат тамоми вазорату кумита ва  идораҳои  ҷумҳуриявӣ якҷо бо сохторҳои минтақавии худ ба сохтмони  манзилҳои истиқоматӣ барои 82 оилаи аз офати табиӣ зарардида  шурӯъ намуданд. Баъди 2 моҳ тамоми хонаводаҳои зарардида соҳиби  манзили зист – хонаҳои урфӣ дар тарҳи замонавӣ ва асбобу анҷоми  рӯзгор, аз компютер сар карда то риштаву сӯзан гардиданд. Дар  баробари ин, тамоми сокинони деҳаи навбунёд барои 6 моҳ пурра бо маводи озуқаворӣ  таъмин шуданд. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои сохтмони хонаҳои харобшуда ва барқарорсозии манзилҳои истиқоматии зарардида 24 миллион сомонӣ хароҷот гардид.
21 сентябри соли 2015 ҳам дар ҳаёти сокинони деҳаи навбунёди Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон рӯзи  фаромӯшнашаванда гардид. Ба онҳо баъди 2 моҳи хайманишинӣ дар  вазъияти тантанавӣ калидҳои хонаҳои истиқоматии навбунёд супурда шуд. Сокинони деҳа пешниҳод намуданд, ки шаҳраки навбунёд ҳамчун рамзи сипосгузорӣ ва миннатдории онҳо нисбати ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раҳмонобод номгузорӣ шавад. Ҳамин тавр, бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2016 деҳаи нав дар ҳудуди деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон бо номи Раҳмонобод таъсис дода шуд.
- Дастгирию ғамхориҳои бевоситаи Президенти кишвар нисбати мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Бадахшон беназиранд, - мегӯяд Азиз Гиёҳзода.- Дар муддати кӯтоҳ бунёди деҳаи нав аз неруи созанда ва зарфияти муқтадири давлат, сиёсати хирадмандонаи Сарвари он, ваҳдату сарҷамъии мардуми Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Вале дили фарох ва пур аз меҳру шафқати Сарвари давлат бо бунёди манзилҳои истиқоматӣ барои осебдидагони офати табиӣ осудаю қонеъ  нашуд. Бо супориши Пешвои миллат дар деҳа сохтмони бинои дуошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз ёфт ва он дар давоми ним сол бо  харҷи 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ маблағҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Қомат афрохтани маркази саломатӣ бо харҷи 354 ҳазор сомонӣ, мағозаи фурӯши маҳсулоти омехтаи «Тоҷикматлубот» бо  сарфи 244 ҳазор сомонӣ дар деҳа низ бо дастури Пешвои миллат роҳандозӣ гардиданд. Таъмини деҳа бо оби ошомиданӣ ва полизӣ аз  мушкилоти асосии деҳа ба ҳисоб мерафт, ки бо супориши бевоситаи   Сарвари давлат ҳалли худро пайдо намуд. Ҷиҳати таъмини оби  нӯшокӣ Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи кандани чоҳҳои амудӣ дар чуқурии 40-50 метр ва интиқоли об дар масофаи бештар аз 200 метр бошандагони деҳаро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин кард. 26 августи соли 2016 бошад, хати оби полизӣ дар масофаи 6,3 км тавассути қубури полиэтилении қутраш 160 мм бо харҷи маблағи 940 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Имрӯз сокинони  ин деҳа, ки бештар ба шаҳраки замонавӣ шабоҳат дорад, ба чизе  ниёз надоранд ва фақат шукри давлат, шукри Сарвари ботадбири  онро мекунанд. Сарвари   меҳрубону маҳбуби кишвари азизамон аҳли 82 хоҷагиро, ки бар  асари сел бехонаву дар шуда буданд, на танҳо соҳиби хонаву дар  кард, балки бо чунон ҷиҳози хона таъмин намуд, ки пеш дар орзуяш ҳам  набуданд.
- Мани дунёдида он рӯз сару калобаамро гум карда будам. Ҳеҷ фикр намекардам, ки ягон рӯз соҳиби як кулбаи вайронае мегашта бошам. Ҳоли дигарон аз ман бадтар буд, ки беҳтар не. Вақте омада, моро дилбардорӣ карда, мегуфтанд, ки шуморо   давлат дастгирӣ мекунад, ҳеҷ боварам намеомад. Фикр мекардам, ки барои дилбардориамон мегӯянд. Вақте Президенти мамлакат наздамон омаду бо мо мулоқот кард, диламон пур шуд, ки ба мо ёрӣ мерасонанд, аммо ҳаргиз гумон надоштем, ки ба ин андоза! Президент барои мо мисли  падару модарамон ғамхорӣ карданд. Манзилҳои истиқоматие туҳфа  намуданд, ки пеш ҳатто орзу ҳам карда наметавонистем. Ҷиҳози хонаро аз  сӯзан то компютеру яхдон таъмин карданд. Пеш шояд як -  ду хоҷагӣ компютеру  яхдон, тафдону обгармкунак дошт. Ҳамеша дуогӯи онем, ки  чунин сарбаланду соҳибэҳтиром бошанду Тоҷикистон зери сарварии он кас гул-гул шукуфад, - мегӯяд бобои Саидаббос Саидорисов дуои дили тамоми аҳли деҳаро ифода намуда.
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.06.2018    №: 113    Мутолиа карданд: 173

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед