logo

Хабарҳо

Як вохӯрии судманд

Дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифи кишвар вохӯрии раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода бо донишҷӯдухтарони ноҳия, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии пойтахт таҳсил мекунанд, баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории мулоқот, шинос шудан бо шароити зисту зиндагонии донишҷӯёни ноҳия дар пойтахти мамлакат буд.
Қаноатшо Лоиқзода иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҷавонон, бахусус донишандӯзии онҳо, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Аз ҷумла, дар ин давра ба хотири дарёфти ҷавонони боистеъдод Квотаи президентӣ таъсис дода шуд. Боиси хушнудист, ки ҳоло 55 нафар духтарони болаёқати ноҳияи Рашт тибқи Квотаи президентӣ дар муассисаҳои олии кишвар таҳсил намуда истодаанд.
Зимни вохӯрӣ донишҷӯён дар бораи вазъи илмомӯзиву зиндагии худ маълумот дода, барои рафъи баъзе мушкилоти ҷойдошта ба раиси ноҳия дархосту пешниҳодоти худро ироа намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба донишҷӯдухтарон дар баробари  расондани кумаки молиявӣ, инчунин, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. 
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 632

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед