logo

фарҳанг

БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ТАРҲИ МАКТАБИ БЕДИЛШИНОСИИ ТОҶИК

Академик Бобоҷон Ғафуров дар баробари анҷоми хидматҳои бузурги давлатӣ, таълифи  осори гаронмояи таърихӣ, ҳамчунин дар рушди илму маориф ва адабиётшиносии тоҷик, нақши муассир гузошт. Хосса, ин тадбири наҷиб дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба унвони яке аз авомили муассир дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, сабақгирӣ аз таҷриба ва ташаккули ҳисси худшиносӣ дорои аҳамияти хос буд.
Бобоҷон Ғафуров дар ҳошияи корномаҳои хеш, ки ба ҷалби аҳли илм ва адабиёт ба масъалаҳои муҳими таърихи гузашта, хосса сарнавишти адабиёти қадими тоҷик ва мероси пурғановати адибони пешин пайванд мегирад, ба чандин нафар олимони тоҷик дар амри таҳқиқи масоили мубрами адабиёти тоҷик, аз ҷумла мероси пурбори намояндагони барҷастаи он ҳидоятҳо дод. Новобаста ба мушкилоти замони ҷанг ин шахсияти барӯманди миллат бо баҳонаи нақши омӯзиши таърихи гузашта, хосса адабиёт ва муҳтавои он дар таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ гурӯҳи калони олимони адабиётшиноси тоҷикро вазифадор намуд, ки самти таҳқиқоти илмии хешро ба омӯзиши мероси бузургони адабиёти тоҷик ихтисос дода, дар кӯтоҳтарин фурсат дар ин арса асарҳои бунёдии илмӣ таҳия намоянд. Ҳамин тавр, бо тавсияи бевоситаи академик Бобоҷон Ғафуров олимони маъруфи давр Очинской дар бораи Шайх Саъдӣ, Абдулғанӣ Мирзоев роҷеъ ба Сайидои Насафӣ, инчунин, Носирҷон Маъсумӣ оид ба Абдураҳмон Мушфиқӣ ва амсоли ин асарҳои мондагор эҷод намуданд. Ба таъкиди адабиётшиноси тоҷик “ин ҳама таваҷҷуҳ ба намояндагони илму адаби гузашта муҳим буд ва натиҷаҳои хубе ҳам дода метавонист”. Ҳамин тавр, новобаста ба ҳама мушкилоти замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар арсаи адабиётшиносӣ корҳои назаррасе ба сомон расида, мероси адабии адибони зиёди адабиёти классикии тоҷик чун Ибни Сино, Саъдиву Ҳофиз, Сайидову Мушфиқӣ, Мирзо Бедил дар баробари муаррифӣ шудан мавриди пажӯҳиши амиқ қарор гирифтанд, ки дар зуҳури ин корномаҳо нақши академик Бобоҷон Ғафуров хеле бузург аст.
Дар канори маҷмӯи ин ибтикорот метавон ба таври махсус аз саҳми арзандаи академик Бобоҷон Ғафуров дар эҷоди тарҳи нави мактаби бедилшиносии тоҷик ёдовар шуд, ки маҳз тавассути корномаҳои ин алломаи бузурги миллат он ба марҳилаи комилан дигаргуна ворид гардид. Дар қатори дигар иқдомоте, ки Бобоҷон Ғафуров дар самти руҷӯъ ба таҳқиқи мероси адабӣ, таваҷҷуҳи махсуси ӯ ба нақш ва мақоми Мирзо Абдулқодири Бедил ва таҷлили Ҷашни 300 - солагии шоир дар санаи 4 сентябри соли 1944 маҳсуб меёбад.
Тавре аз иттилои адабиётшинос Абдухолиқ Набавӣ, ки аз Бойгонии давлатии Тоҷикистон ба даст омадааст, бармеояд, соли 1944  Бобоҷон Ғафуров новобаста аз мушкилоти замони ҷанг масъалаи таҷлили 300 солагии Мирзо Абдулқодири Бедилро ба миён гузошта, пешниҳод мекунад, ки бояд як ҳамоиши бонуфузи илмӣ доир карда шавад.
Вобаста ба ин, аз устод Айнӣ дархост менамояд, ки дар ин ҳамоиш ироаи маърӯзаи асосиро бар уҳдаи хеш гиранд ва ҳамзамон, ба устод Мирзо Турсунзода низ тавсия мешавад, ки пас аз устод Айнӣ роҷеъ ба Мирзо Абдулқодири Бедил ва мақоми ӯ дар адабиёти тоҷик суханронӣ намоянд. Ҳамин тавр, дар таърихи мазкур бо ибтикори бевоситаи аллома Бобоҷон Ғафуров ҳамоиши илмӣ ба ифтихори 300 солагии Мирзо Бедил доир гардида, дар он устодон Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсузонда суханронӣ намуданд.  Бо такя ба таваҷҷуҳи хоссаи аллома Бобоҷон Ғафуров, нисбат ба ин шоири бузурги адабиёти мо, ки баъдан дар китоби “Тоҷикон” ҳам равшан мешавад, метавон эҳтимол кард, ки яке аз заминаҳои аслии таълифи асари монографии устод Айнӣ дар бораи Мирзо Абдулқодири Бедил баргузории ҳамин конфронси илмӣ гардида бошад.
Ҳарчанд ин китоб дар соли 1957 ба нашр расидааст, шояд андешаи нигориши он аз баргузории ҳамин ҳамоиш сарчашма гирифта бошад, ки он на танҳо ба ибораи адабиётшинос Абдухолиқ Набавӣ омили ҷиддан ба навиштани асари пурарзиши “Мирзо Абдулқодири Бедил” машғул шудани устод Айнӣ ба шумор меравад, балки як тарҳи нави мактаби бедилшиносии тоҷикро асос гузошт.
Бобоҷон Ғафуров, ки дар хонаводаи афроди соҳибмаърифат ба камол расида, дарсҳое аз модари маорифпарвари хеш Розия Озод гирифта буд, бегумон аз хурдӣ ба Бедил ва шеъру андешаи вай унсу иродат дошт. Асари ин муҳаббат ва огоҳии вай на танҳо дар чунин корномаи бузург, балки дар саросари китоби “Тоҷикон” ҳувайдо мегардад, зеро ҳатто академик Бобоҷон Ғафуров гоҳе барои тасдиқи назариёти илмии хеш дар ин китоби ҷовидонаи таърихӣ ба ашъори Абулмаъонӣ Бедил руҷӯъ намуда, мулоҳизоти хешро ба субут мерасонад. Аз ҷумла, зимни баррасии авзои сиёсии нимаи дувуми асри ҳаждаҳ ва аввали асри нуздаҳ  назариёти илмии худро бо такя бар як мисраи Бедил чунин собит мекунад: “Худи ҳаёти одамӣ ҳам, ба таъбири шоири файласуф Абдулқодири Бедил «бар сари мижгон чу ашк истода» буд, зеро зулму истибдод ва бедодгарӣ ҳадду ҳисоб надошт ва мумкин буд, ки ҳар касе бидуни таҳқиқ ва ҳукм ба қатл расонда шавад”.
Дар канори ин,  аз ҷараёни шеваи нигориши “Тоҷикон” низ ҳувайдост, ки Бобоҷон Ғафуров дар ҷараёни шарҳу тавзеҳи воқеаву ҳодисаҳои таърихӣ бо руҷӯъ ба вазъи адабии даврон роҷеъ ба зиндагинома ва мероси адабии намояндагони адабиёти аҳди мазкур изҳори назар мекунад ва мусаллам аст, ки чун ин китоб шиносномаи миллати тоҷик аст, муаллиф бештар ба зикри рӯзгори суханвароне пардохта, ки асосан дар ҳавзаи ҷуғрофии Фароруд зистаанд. Таҳлили амиқи вазъи адабиёти давр ва таъсири Бедил дар зуҳури мактаби адабии ин рӯзгор академик Бобоҷон Ғафуровро ба хулосаи дурусти мантиқи расондааст, ки “дар байни пайравони Бедил одамоне ҳам буданд, ки баъдҳо, дар асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ эҷодиёти худро то андозае ба ҳаёти иҷтимоии халқ наздиктар намуда, ғояҳои нисбат ба он замон мутараққиро таблиғ мекарданд. Нақибхони Туғрал, Асирии Хуҷандӣ ва Ҷавҳарии Истаравшанӣ аз зумраи чунин шоирон маҳсуб меёфтанд”. Нуктаи аз ҳама ҷолиб он аст, ки ин ҷо аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳукми истинод ба маълумоти китобе руҷӯъ мекунад, ки худ муҳаррик ва ангезаи эҷоди он гардида буд. Ин ҳамон асари барҷастаи монографии устод Айнӣ “Мирзо Абдулқодири Бедил” маҳсуб меёбад, ки сарчашма дар суханронии ӯ дар ҳамон ҳамоиши бузургдошти Бедил дошта, воқеан, абҷаду алифбои мактаби нави бедилшиносии тоҷик гардид.
Дар канори ин ҳама маҳз аллома Бобоҷон Ғафуров буд, ки дар замони шӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда, дар ҷараёни яке аз сафарҳои хеш ба сарзамини Ҳинд ба зиёрати марқади Бедил мушарраф гардида, барои таҷдиду тармими он ибрози назар намуд. Хушбахтона, бо гузашти замонҳо ин ормон ва андешаи аллома Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 дар ҷараёни сафари хеш ба кишвари Ҳинд ва зиёрати марқади Абулмаонии Бедил амалӣ гардида, пас аз таҷдиду тармим дар боғи Бедил лавҳае бо навиштаҷоти зайл ба се забон гузошта шуд:
«Ин гулистон ғунчаҳо бисёр дорад, бӯ кунед,
Дар ҳамин ҷо Бедили мо ҳам диле гум кардааст.

Ба расми қадршиносӣ ва бо эҳсоси ифтихори бепоён аз паҳно ва жарфои ҷаҳони андеша, маонии борик ва назми баланди шоири оламиён Мирзо Абдулқодири Бедил, ки сайри таҳаввули адабиёти тоҷику форс аз файзи шеъри малакутии ӯ садсолаҳо бархӯрдор будааст, бо эҳтимоми Эмомалӣ Раҳмонов, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми боздиди давлатӣ аз Ҷумҳурии Ҳиндустон, соли 2006 гузошта шуд».
Ба таври куллӣ, бознигарӣ ба корномаҳои шоистаи илмиву фарҳангии аллома Бобоҷон Ғафуров аз он паём мерасонанд, ки воқеан, ҳузури ин алломаи бузурги миллати мо дар қаламрави таърихи қарни бистум на танҳо ба эҷоди силсилаи пайкорҳои шоистаи сиёсиву илмӣ ва фарҳангӣ гардид, балки бегумон нақш ва мақоми ин донишманди соҳибназар дар зуҳури ҷараёнҳои тозаи адабиётшиносии тоҷик низ бузург аст, ки яке аз онҳо ҳамоно мактаби неруманди бедилшиносии тоҷик дар марҳилаи нави таърихӣ ба шумор меравад.
Нуралӣ НУРЗОД,
номзади илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2018    №: 115    Мутолиа карданд: 270

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе

Густариши ҳамкориҳо бо Бонки исломии рушд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед