logo

иқтисод

САНОАТИ САБУК. РӮ БА РУШД

Саноати сабук соҳаи афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар самти нассоҷӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ, истеҳсоли мебел, коркарди пӯст ва ҷуроббофӣ иқтидорҳои нав ба фаъолият пардохта, як қатор корхонаҳои дигар аз нав таҷдид гардиданд. Афзалиятнокии саноати сабук ба дастрас будани ашёи хоми маҳаллӣ, вобастагӣ надоштан аз воридоти ашёи хом аз хориҷи кишвар, таъсиси шумораи зиёди ҷойҳои корӣ ва имконияти васеи бо маҳсулоти тайёр таъмин намудани аҳолӣ асоснок шудааст.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 18 корхонаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 80 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол фаъолият доранд. Давоми чор моҳи соли равон корхонаҳои ресандагӣ 5,8 ҳазор тонна риштаи пахтагин истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 437 тонна зиёд мебошад.
Бахши коркарди нахи пахта дар кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикон ва сармоягузорони хориҷӣ сол то сол рушд намуда истодааст. Аз ҷумла, маҷмаи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай – Данғара - Син Силу - Текстил» дар якҷоягӣ бо шарикони чинӣ фаъолият дорад. Соли 2016 навбати якуми фаъолияти он бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт. Ҳоло барои ба истифода додани  навбати дуюми истеҳсолоти ресандагии корхона корҳо идома доранд.
Корхонаҳои «ИИ Нассоҷии тоҷик», “Ҷавонӣ», “САТН», «Нассоҷи Хуҷанд», «Нику - Хуҷанд», «Ресандаи Қӯрғонтеппа» ва «Бофандаи Норак» коркарди пурраи нахи пахтаро ба роҳ монда, ришта ва матои пахтагин, маҳсулоти кешбофӣ ва дӯзандагӣ истеҳсол менамоянд.    
Самти фаъолияти корхонаҳои «Ваҳдат», «Нафиса» ва «Наврӯз» ба ҷӯроббофӣ равона гардида, аз аввали сол 2 миллион ҷуфт ҷӯроб истеҳсол кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 709 ҳазор ҷуфт зиёд аст. Ба наздикӣ дар заминаи ҶДММ «Ваҳдат» коргоҳи нав бо иқтидори солонаи рангубори беш аз 2000 тонна ришта ба кор шурӯъ кард. Он эҳтиёҷоти корхонаҳои ҷӯроббофии кишварро ҷиҳати рангубори риштаҳои пахтагин бароварда метавонад. Истеҳсоли риштаи рангкардашудаи пахтагин маҳсулоти ивазкунандаи воридот буда, ба содирот нигаронда шудааст.
Дӯзандагӣ бахши муҳими соҳаи саноати сабук ба ҳисоб рафта, дар корхонаҳои соҳа асосан дастгоҳҳои истеҳсоли ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Чехия, Олмон ва Федератсияи Русия васлу насб гардидаанд, ки ин ба баланд бардоштани сифати маҳсулот мусоидат менамояд. Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар кишвар аз 111 миллион сомонии соли 2012 соли гузашта ба 203 миллион сомонӣ расонда шуд. Истеҳсоли маҳсулот тайи моҳҳои январ - апрели соли равон беш аз 90 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 47 дарсад зиёд аст.
Шаҳзода Қаюмова, сардори раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, гуфт, ки ҳоло истеҳсоли  либоси мактабӣ барои хонандагон яке аз вазифаҳои муҳими корхонаҳои дӯзандагӣ мебошад. Мувофиқи  маълумоти расмӣ, шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 1,9 миллион нафарро ташкил медиҳад ва истеҳсоли ҳамин миқдор либосҳои мактабӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатии кишвар барои соли хониши 2018 - 2019 дар нақша аст. Аз аввали сол дар  корхонаҳои соҳа зиёда аз 74 ҳазор либоси мактабӣ истеҳсол гардидааст.
- Дар корхонаю коргоҳҳои соҳаи дӯзандагӣ маҳсулоти таъйиноти гуногун, аз қабили либосҳои низомӣ, кории махсус, мардонаю занона, мактабӣ, варзишӣ, рахти хоб, ҷиҳози нарм, хаймаҳои артишӣ, сумка, сарпӯш, парчам, чарчинворӣ, маҳсулоти ҳунарҳои нафисаи мардумӣ, ҷӯроб, қолин ва мебел истеҳсол карда мешаванд. Инҳо маҳсулоти воридотивазкунанда мебошанд, - гуфт Ш. Қаюмова.
Маҳсулоти корхонаҳои соҳа дар бозорҳои хориҷи кишвар низ мавқеи устувор пайдо намуда истодааст. Дар ин замина тӯли чор моҳи соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 180 миллион сомонӣ маҳсулоти саноати сабук ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 32 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.06.2018    №: 116    Мутолиа карданд: 421

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед