logo

иқтисод

МОҲИПАРВАРӢ. АЗ ТАЪМИНИ ХӮРОКА ТО МУШКИЛОТИ ДИГАР

Давраи гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ, дигаргун шудани тарзи хоҷагидорӣ ва муносибатҳои истеҳсолӣ ба пешрафти яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ - моҳипарварӣ бетаъсир намонд. Соли  2006 бо мақсади афзоиш додани шумораи моҳии хушзоти маҳаллӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба барқарорсозии соҳаи моҳипарварӣ дар солҳои 2006 - 2007» ба тасвиб расид.

Дар заминаи он ҷиҳати зиёд намудани теъдоди ҳавзҳо ва қитъаҳои парвариши хӯроки моҳӣ 1000 гектар замини обӣ пешбинӣ карда шуд. Мутаассифона, то  ҳол аз майдони пешбинигардида ҳамагӣ 32,8 дарсади он мавриди истифода қарор дорад. Ҳамчунин, «Барномаи  рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 - 2015» қабул карда шуд.
Тибқи барнома, аз соли 2013 сар карда аз буҷети давлат ҳар сол барои рушди  соҳа 300 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Вале таҳқиқот нишон дод, ки ин маблағҳо чандон мақсаднок истифода нашудаанд.
Агар як  қисми ин маблағҳо барои ташкили хоҷагиҳои зотпарварӣ равона мегардид, мувофиқи мақсад мебуд ва ба ин васила ҳифзи саршумори моҳиҳои зотӣ имконпазир мегардид. Хоҷагиҳои  номбурда ҳамчун муассисаҳои зотпарварӣ амал намуда, бо иқтидори истеҳсоли худ имкон доштанд, ки 150 миллион кирминамоҳии навъҳои капур, буффало, амурҳои сафед ва сиёҳ, лаққамоҳии наҳрии амрикоӣ, пешонағафси сафед, пешонағафси ало ва дурагаи онҳо, инчунин, 10 миллион моҳичаи яксола  ва  зиёда аз 2000 тонна моҳиҳои молиро тавлид намоянд. 
Албатта, дастгириҳои Ҳукумати кишвар солҳои охир барои зиёд гардидани шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли моҳии молӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2017 истеҳсоли моҳии молӣ ба 2023 тонна расонда шуд. Аз моҳи январи соли 2016 бо иқдоми Ҳукумати мамлакат корхонаи  «Корпоратсияи моҳии тоҷик» таъсис ёфт, ки баробари  КВД «Моҳии Тоҷикистон» ба ҳалли масъалаҳои муҳими соҳа машғул мебошад.
Аммо бе бунёди пойгоҳи истеҳсоли хӯрокаи он таъмини пурраи бозорҳои мамлакат бо моҳии ватанӣ ғайриимкон аст. Харида  овардани намудҳои гуногуни моҳичаҳо аз кишварҳои дур роҳи ҳалли масъала нест. Ин  амал харҷи зиёди нақлиётӣ  дар пай дошта, ҳамчунин, як қисми моҳичаҳои воридотӣ дар раванди интиқол ва ҷобаҷогузорӣ нобуд мешаванд . 
Абдувалӣ ҲАИТОВ,
доктори илмҳои биологӣ,  профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.06.2018    №: 116    Мутолиа карданд: 153

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед