logo

сиёсат

ИНСОН ДАР МАДДИ АВВАЛ

Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони ҷомеаи кишвар изҳор доштанд: «Вобаста ба моҳи шарифи Рамазон дар таълимоти пешвои мазҳаби ҳанафия Имоми Аъзам таъкидҳои зиёд ҷой дошта, аз ҷумла ӯ худдорӣ намудан аз суханҳои ношоиста ва рафтори нописандида, яъне нигоҳ доштани покии забон ва амалҳои шоистаро амри ҳатмӣ дониста, одоби баланди муошират ва бо муҳаббату самимият муомила кардан ба наздикону атрофиёнро шарти муҳими тақводорӣ медонист ва риояи онро аз тарафи пайравонаш воҷиб мешуморид».
Воқеан, аз қадимулайём дар оилаи тоҷикон ба тарбияи кӯдак диққати махсус дода мешавад. Кӯдаконро аз хурдсолӣ дар рӯҳияи эҳтиром ба калонсолон, муомилаи хуб бо атрофиён, хушгуфторӣ ва меҳмоннавозӣ тарбия мекарданд ва имрӯз он анъанаҳои нек идома доранд.
Дар асл тарбия дар оила дар робита бо муносибатҳои байниҳамдигарии волидайн, муносибати хоҳарону бародарон ва дигар аъзои оила ташаккул меёбад. Гузаштагони мо чунин меҳисобиданд, ки агар писар тарбияи хуб гирад, ба фоидаи оила аст ва агар духтар тарбияи хуб гирад, аз он миллат манфиат мегирад. Яъне тарбияи духтар нисбат ба тарбияи писар кӯшишу заҳмати зиёдтарро талаб мекунад, зеро духтар дар оянда модар шуда, дар тарбияи насли наврас саҳмгузори асосӣ мегардад.
Имоми Аъзам таъкид кардааст: «Агар шахс барои ризои Худо дар моҳи Рамазон як амали хайр анҷом диҳад, ба шахсе баробар аст, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри моҳи Рамазон анҷом медиҳад». Дар ин ҷода дасти кумак дароз кардан ба ятимону маъюбон ва ниёзмандону камбизоатҳо аз ҷониби соҳибкорону ашхоси ҳиматбаланд ба ҳукми анъанаи нек даромада истодааст.
Бинобар ин, дар оила бояд ба ин масъала аз ҷониби калонсолон ва волидон диққати махсус дода шавад. Кӯдак бояд аз хурдсолӣ донад, ки дасти ёрӣ дароз кардан ба ниёзмандон ин ҳиматбаландӣ ва хислати неки инсонӣ мебошад. Фазилатҳои неки дилсӯзӣ, ғамхорӣ, тараҳҳум ба ниёзмандон, ҳамчун як қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи тарбияи фарзанд бояд талқин карда шаванд. Волидон ин хислатҳои некро дар рафтору кирдори ҳамарӯзаи худ нисбат ба ниёзмандон дар амал нишон диҳанд.
Пешвои миллат дуруст зикр карданд: «Дар хотир бояд дошт, ки тибқи таълимоти ислом, барои ободии Ватан анҷом додани амалҳои хайр ибодат буда, аҷру савоби онҳо барои шахсоне, ки ба корҳои неку савоб иқдом мекунанд, бардавом ва ҷория аст».
Мо, муҳаққиқони соҳаи мардумшиносӣ, ҷонибдории худро ба гуфтаҳои Пешвои миллат таъкид намуда, илова менамоем, ки дар ин самт, махсусан дар деҳот, бунёди марказҳои саломатӣ, таваллудхонаҳо, кӯдакистонҳо, мактабҳо  ва китобхонаҳо барои баланд бардоштани мавқеи иҷтимоӣ-иқтисодии занҳо, ки саҳмгузори тарбияи арзандаи насли оянда низ ба ҳисоб мераванд, дорои аҳамияти калон буда метавонанд.
Л. ДОДХУДОЕВА, З. ЮСУФБЕКОВА,
М. ШОВАЛИЕВА, М. МАҲМУДОВА,
кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.06.2018    №: 116    Мутолиа карданд: 233

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед