logo

сиёсат

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ

10 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ин навбат дар ҳайати 8 кишвари аъзо - Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гашт.
Дар макони баргузории ҷаласа - Маркази ҳамоишҳои байналмилалии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони давлатҳою ҳайатҳои воломақомро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин истиқбол гирифт.
Пас аз маросими аксгирии муштарак ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ҳиндустон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Россия ва Ӯзбекистон дар ҳайати маҳдуд ҷараён гирифт.
Дар ҷаласа масъалаҳои рӯзномаи корӣ, ки асосан аз дарёфти роҳҳои муҳиму муштараки муқовимат бар зидди терроризми байналмилалӣ, рушди ҳамкории давлатҳои аъзо дар самтҳои гуногуни амният, иқтисодиёт, ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин, дигар мавзӯъҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ иборат буд, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар ҷаласаи ҳайати васеъ сарони давлатҳою ҳукуматҳои нозир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Беларус, Эрон, Муғулистон, намояндагони воломақоми Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, раёсати Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, инчунин, коршиносони дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок карданд.
Дар оғоз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҳукумати кишвари мизбон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ омода ва доир кардани ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва пазироии самимии иштирокчиёни ҳамоиши навбатӣ изҳори сипос намуданд. Сарвари давлат ба нақши Чин дар давраи раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай ва натиҷаҳои кори он баҳои баланд доданд.
Президенти мамлакат таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва ҳайатҳоро ба масъалаи таъмини амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон ҷалб карда, таъкид доштанд, ки мо бояд бо талошҳои муштарак мунтазам ҳамбастагии худро баҳри пойдории сулҳ, амният ва субот, инчунин, рушди равобити тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай равона намоем.
Барои мубориза бо терроризм ва экстремизм, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, пешгирии паҳнсозии идеологияи радикалӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таҳкими ҳамкории муштарак зарур шумурда шуда, пешниҳод гардид, ки сохтори алоҳида - Стратегияи зидди маводи нашъаовари Созмони ҳамкории Шанхай ва Барномаи амал оид ба иҷрои он таъсис дода шавад.
Зимни баромади пурмуҳтаво Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба мавқеи устувори ҷониби Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ, рушди ҳамкориҳои судманд бар нафъи кишварҳои аъзо, густариши робитаҳои зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, неруҳои мудофиавӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли низоъҳои ҳарбӣ дар Афғонистон ба хотири таъмини амнияти минтақа сухан гуфтанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва ҳайатҳо, ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, истифодаи имкониятҳои нақлиётию транзитӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои гидроэнергетикӣ, татбиқи лоиҳаҳои таҷдид ва сохтмони роҳҳои мошингарду оҳан, таъсиси долонҳои нақлиётии минтақавӣ бо дастрасӣ ба бандарҳои баҳрӣ, ҳалли мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлими сайёра, коҳиш додани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ба ҳаво ва таъмини кишварҳои минтақа бо барқи аз лиҳози экологӣ тозаро ба миён гузоштанд.
Дар охир Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки баҳри таъмини амнияти озуқавории кишварҳо дар соҳаи кишоварзӣ ворид кардани технологияҳои инноватсионӣ, барои ваҳдату ҳамбастагии мардумони минтақа таҳкими ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳиро ба роҳ монанд.
Пас аз анҷоми суханрониҳо аз тарафи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар маҷмӯъ 22 санади нави ҳамкорӣ қабул гардид.
Ҳамин тавр баъди анҷоми кори ҷаласаи навбатӣ раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2018 - 2019 ба ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон гузашт.
Дар нишасти матбуотӣ бо иштироки сарони ҳамаи давлатҳои аъзои созмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барои доираи васеи хабарнигорон оид ба натиҷаҳои кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай изҳорот дод.
Шоми 9 июн Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар зиёфати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ифтихори роҳбарони ҳайатҳои иштирокдор дар шоу - барнома ва фейерверк иштирок карданд.
Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот карда, вазъи феълии муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамҷавориро баррасӣ карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.06.2018    №: 116    Мутолиа карданд: 121

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед