Хабарҳо
Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд
АИР Новости. Намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Чин Гэн Шуан ба сафари давлатии президенти Русия Владимир Путин ба кишвари хеш чунин баҳо дод.
«Ташрифи кунунии президент Путин ком-ёбии мутлақе гашт, ки ба рушди минбаъдаи муносиботи ҷонибҳо такони амиқ дод. Сарони ду кишвар самтҳои минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро муайян карданд. Ҳамчунин, миёни онҳо оид ба масоили байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мубодилаи муфассали афкор сурат гирифт», - гуфт Гэн Шуан.
Бо нахустин ордени «Дӯстӣ» мукофотонидани Путинро ӯ намоиши ҳамбастагии амиқ ва дӯстии мустаҳками ду халқу кишвар номид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 593