иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Одатан, вақте инсон ба синни камолот мерасад, дар фурсатҳои муносиб гузаштаи худро пеши назар меорад. Дар ин маврид нахуст меандешад, ки чӣ гуна тавонист дар зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатиаш муваффақ гардад. Албатта, дар он рӯзгори рафта устодон, ҳамкорону дӯстон дар интихоби роҳи дуруст ва такомули шахсӣ мусоидат кардаанд. Пас, мебояд аз онҳо сипосгузорӣ ва ба некӣ, бо зикри амалҳои шоистаашон ёд намуд.
Ҳолиё, ки мехоҳам дар бораи устоди маъруфу маҳбубамон шодравон Шарифов Ҳумдин Ҳасанович бинависам, танҳо ба ин хотир аст. Як инсони нотакрор, фидоии касбу соҳа, мушфиқу ғамхор ва дар навбати худ сахтгиру серталаб буд.
Бо таъйин шудани ӯ ба вазифаи раиси суди вилояти Кӯлоб ва баъдан Хатлон кор дар ин мақомот ба маънии мусбаташ қариб тамоман маънӣ ва ранги дигар гирифт. Барои боло бурдани савияи дониши судяҳои суди вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷиддӣ машғул шуд. Бо онҳо машғулиятҳои семинарӣ мегузаронд. Мавзӯъҳоро худаш аз қонунҳои амалкунанда, хусусан қонунҳое, ки дар фаъолияти судӣ истифода шуда, бар асари дуруст нафаҳмидан аҳён – аҳён аз ҷониби судяҳо вайрон карда мешуданд, интихоб менамуд. Ба ин мавзӯъҳо на танҳо маърузакунандагон, балки тамоми судяҳо бояд бо дарки масъулияти зиёд омодагӣ мегирифтанд. Ба ҳангоми ҷамъбаст, ҳаллу фасли масъалаҳо ва посух ба саволҳои мураккаб бештар дармеёфтем, ки ӯ воқеан дониши амиқу таҷрибаи кофӣ дар ин соҳа ва роҳбарӣ дорад. Бо ташаббуси бевоситаи ӯ дарсҳои омӯзиши забони русӣ ва форсӣ низ барои кормандон ба роҳ монда шуд. Ин ҳама самараи нек дод. Сатҳи дониши касбӣ ва забондонии судяҳо хеле баланд рафт. Парвардагони ин мактаби устоди зиндаёд М. Ватанов, М. Назаров, С. Пиров, Р. Тоиров, М. Азизова, А. Ғоибназаров ва даҳҳо судяҳои дигар бо дониши мукаммал ва фаъолияти чашмрас дар кишвар машҳуранду аз маҳбубияти хосса бархӯрдор.
Ҳар фазилати устод барои мо дарс ва намунаи ибрат маҳсуб мешуд. Поквиҷдон буд ва ин сифатро ба дигарон талқин ва ҳам аз онҳо талаб мекард. Андак бепарвоӣ, бемасъулиятӣ ва хунукназарӣ дар фаъолияти судиву муносибати инсониро хуш надошт. Дар ин ҳол чун мураббӣ дар тарбияи мо саҳми асосиро мегирифт. Ҳамаи парвандаҳоеро, ки мебоист ба тариқи зинаи аввал, кассатсионӣ ва назоратӣ ҳаллу фасл карда мешуданд, худаш бевосита меомӯхт, то ягон камбудӣ роҳ наёбаду қонуншиканӣ рух надиҳад.
Амири нафси худ буд ва ба ками рӯзгор ҳам қаноат меварзид. Барои ҷамъ овардани дороӣ намеандешид. Дӯстони наздикаш ҳам аз зумраи муаллимон, духтурон ва одамони одӣ маҳсуб мешуданд. Карру фарро намеписандид ва аз зиёфатҳои пурдабдаба канора меҷуст.
Ба ҳеҷ кас имкон намедод, ки кормандашро беасос танқид кунад ва ё таҳдиду туҳмат намояд. Шарафи касбии судяҳоро ҳамеша ҳимоя мекард.
Таъкиди пайвастаашон ин буд, ки ҳақро пуштибон бошем ва дар иҷрои рисолати касбӣ аз ҳеҷ касу ҳеҷ чиз натарсем. Худ дар ин кор барои мо намунаи олӣ буд.
Агарчи ӯ имрӯз ҷисман дар миёни мо нест, аммо рӯҳан бо зикру ёди нек ҳамеша бо мост. Агарчи аз дидаҳо рафта бошад ҳам, аз дилҳо нарафтааст. Медонем, ки бо фаъолияти пурсамару чашмрас метавонем рӯҳи устодро шод бинамоем. Воқеан, марди асил, мураббии мушфиқу ғамхор бо марг намемирад, балки зиндагии тоза меёбад.
Давлатманд РАҲИМЗОДА,
судяи суди вилояти Хатлон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.06.2018 №: 117 Мутолиа карданд: 373