Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Ca-news.org. Тоҷикистон ва Қирғизистон нияти пешбарии номзадии худ ба узви муваққатии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид доранд.
TOLO news. Теъдоди қурбониёни таркиш дар Кобул назди Вазорати барқарорсозии шаҳр ва рушди кишвар ба 17 нафар расида, 40 тани дигар захмӣ шуд.
Gazeta.ru. «Имрӯз дар Маҷмаи умумии СММ масъалаи ҳимояи фаластиниҳо баррасӣ хоҳад шуд», - иттилоъ дод сухангӯи Дабири кулли ниҳод Брендан Варма.
АИР Новости. Дар музофоти Эскишаҳри Туркия маросими ботантанаи ифтитоҳи лӯлаи гази «Долони ҷанубии газ» баргузор гашт, ки тавассути он сӯзишворӣ аз Озарбойҷон ба Аврупо интиқол мегардад.
АИР Новости. «Халъи пурраи ҳастаии нимҷазираи Корея метавонад 15 - 20 сол давом кунад», - ибрози назар намуд сардори департаменти МАГАТЭ оид ба назорат ва ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи амният Тариқ Рауф.
Kommersant.ru. Ҷазираҳои Фарер – минтақаи мухтор дар ҳайати Дания, ният доранд, ки соли 2019 бо Русия ва дигар кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё доир ба тиҷорати озод созишнома банданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 599