logo

Хабарҳо

Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

Дирӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти  ҶДММ Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик «Бофанда» ва ҶДММ «Чарм» шинос шуд. 
Қоҳир Расулзода фаъолияти ҶДММ Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик «Бофанда»-ро ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда, ба масъулон дастур дод, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта аз тамоми имконият самаранок истифода намуда, баҳри тақвияти корҳои истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Зеро, пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар заминаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ имконияти мусоиди фаъолият фароҳам оварда шуда, молистеҳсолкунандагони ватанӣ дастгирӣ меёбанд. Ҳамин аст, ки дар муддати кӯтоҳ дар мамлакат бахши хусусӣ рушд карда, садҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Сарвазири мамлакат барои таҳлил ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолии корхона аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор таъсиси гурӯҳи кории салоҳиятнокро талаб намуда, ба вазорату идораҳои соҳавӣ дас-тур дод, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва рушди минбаъдаи корхона чораҷӯӣ намоянд.
Сарвазири мамлакат, ҳамчунин, бо фаъолияти ҶДММ «Чарм», ки барои низомиён ва сокинон пойафзол истеҳсол менамояд, шинос шуд.
Қоҳир Расулзода  фаъолияти корхонаро хуб арзёбӣ карда, ба масъулон дастур дод, ки барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо пойафзол бо истифода аз технологияи муосир истеҳсолотро боз ҳам зиёд намоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 354

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед