logo

иҷтимоиёт

ФАРҲАНГИ ШАҲРНИШИНӢ. НАБОЯД БЕТАРАФ БОШЕМ!

Мусаллам аст, ки пойтахти давлати тоҷикон маҳз даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ҷаҳони муосир мақоми шоиста касб намуда, ба оламиён бо чеҳраи нав муаррифӣ гашт. Дар қатори дигар муваффақиятҳо ба наздикӣ шаҳри Душанбе, мувофиқи таҳқиқоти ширкати маъруфи «Mastercard», дар раддабандии (рейтинги) шаҳрҳои аз нигоҳи туризм ояндадор ҷойи аввалро соҳиб шуд. Дар асоси ин пажӯҳиш маҷаллаи сайёҳии «34 travel» 5 шаҳри аз лиҳози имконоти рушди  соҳаи сайёҳӣ ояндадор - Душанбе, София, Бухарест, Касабланка ва Бостонро беҳтарин донист.
Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 низ ба хотири дар ҷаҳон мавқеи баланд пайдо кардани пойтахти азизи мо ва дар он фароҳам овардани тамоми   имкониятҳои рушди сайёҳӣ мебошад.
Айни замон, дар шаҳри Душанбе раванди гузариш ба марҳилаи нави шаҳрдорӣ ва шаҳрнишинӣ бо тағйири фаъолияти баъзе аз соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагидорӣ бомаром ҷараён дорад.
Хосса вусъати корҳои ободонӣ, ки рӯз ба рӯз пойтахт-ро ҳусни тоза мебахшад, нишон медиҳад, ки талошҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти шаҳри Душанбе дар ин самт самари хуб ба бор меоваранд. Ин раванд аз ҳар сокини пойтахт ва масъулони сохтору идораҳои дахлдор тақозо менамояд, ки ба тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо ва гирду атрофи коргоҳҳои хеш таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар маҷмӯъ барои ободонии шаҳр саҳмгузор бошанд. Мутаассифона, на ҳама дар иҷрои ин амр масъулиятшиносанд. Ҳолатҳои зиёди беэҳтиромӣ ба арзишҳои миллӣ, ифлос кардани кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳо, халал расондан ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт, дағалию бадмуомилагӣ дар нақлиёти мусофирбар ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ, шикастану вайрон кардани таҷҳизоти иншооти навбунёди варзишӣ табъро хира месозанд. Ҳадаф аз қарори раиси шаҳри Душанбе оид ба таъсис додани гурӯҳи корӣ маҳз бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва риояи одоби шаҳрнишинӣ бо роҳи баргузор намудани вохӯриҳо ва семинар – тренингҳои тарғиботию ташвиқотӣ мебошад. Риояи фарҳанги либоспӯшӣ, пешгирии бегонапарастию гаравиши ҷавонон ба созмонҳои ифротгарою террористӣ, ҳифзи оилаҳо аз нашъамандӣ ва бемориҳои сироятӣ низ мавзӯъҳои муҳими вохӯриҳоанд. Ба ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вакилони маҳаллаҳо, арбобони фарҳанг ва фаъолони пойтахт шомиланд. Вохӯриҳо ҳафтае ду - се  маротиба бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ва кормандони идораю корхонаҳои шаҳр баргузор мегарданд.
Шаҳри мо – Душанбе, дар ҳақиқат, ба шарофати истиқлолият, ваҳдати миллӣ, оромию дӯстӣ, ҳидоятҳои хирадмандонаи Сарвари давлат, иқдомоти шоистаи роҳбарияти шаҳр ва талошу бунёдгариҳои сокинони арҷманди он симои нав мегирад, ба шаҳри нуру зиё ва садоқат табдил меёбад. Дили кас мехоҳад, ки дар ин боғу хиёбонҳои гулрез шабу рӯз сайр кунад, фароғат намояду ҳаловат барад. Бинобар ин, ҳар яки мо бояд кӯшиш намоем, то ба номи сокини пойтахт сазовор бошем. Агар дар назди манзил ва кӯча норасоиеро бинем, пайи ислоҳаш кӯшем, аз ҷониби худ дар ҳалли он ташаббус нишон диҳем. Зеро ҳар меҳмони хориҷӣ, ки  Душанберо мебинад, аз рӯи он ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик баҳо медиҳад. Маҳз аз ҳамин хотир ҳар яки мо бояд эҳсос намоем, ки дар сарсабзии ҳамешагии хонаи орзуву ормонҳоямон масъулем.
Наргис ШАРИФОВА,
сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2018    №: 118    Мутолиа карданд: 342

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед