logo

иқтисод

ҲАМКОРИҲО БА ХОТИРИ РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

Посух ба мақолаи Убайдулло Раҳимов ва Ҷӯрабек Муъминов «Файзобод. Куҷо шуд шуҳрати картошкапарварӣ?», «Ҷумҳурият», 21. 05. 2018, № 99 (23442)
Матлаби «Файзобод. Куҷо шуд шуҳрати картошкапарварӣ?»  - и Нашрияи расмии мамлакат – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муаллифон масъалаҳои ҳалталаби соҳаи картошкапарвариро дар мисоли ноҳияи Файзобод, ки яке аз мавзеъҳои мувофиқ барои парвариши картошка мебошад, мавриди таҳлил ва интиқод қарор додаанд.
Картошка, бо вуҷуди хароҷоту заҳмати зиёд доштанаш, зироати сердаромад буда, дар баланд бардоштани иқтисодиёти хоҷагиҳо нақши муҳим дорад. Кишоварзон, хусусан дар минтақаҳои кӯҳистон, бо риояи дурусти агротехникаи парвариш аз картошка ҳосили баланд гирифта, даромади хуб ба даст меоранд.
Аз рӯи маълумоти оморӣ, дар ноҳияи Файзобод сол аз сол  майдони кишти картошка зиёд гардида истодааст. Соли равон, тибқи дурнамо, дар ноҳия кишти картошка дар майдони 600 гектар ба нақша гирифта, то 25 – уми май дар майдони 340 гектар кишт гузаронда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 153 гектар зиёд мебошад. Айни замон, маъракаи кишти картошка идома дорад. Сабаби дер давом кардани кишт дар ноҳия номусоидии боду ҳаво, яъне боришоти пайдарпайи моҳи май мебошад.
Агар кишти картошкаро дар КВД ба номи А. Назиров нисбат ба соли 1991, ки 97 гектарро ташкил медод, қиёс намоем, маълум мегардад, ки майдони кишти картошка сол аз сол зиёд гардида истодааст.
Афзун гардондани истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар баробари дигар омилҳо аз тухмии хушсифат вобастагии калон дорад. Бо ин мақсад вазорат барои хоҷагии ба номи А. Назиров барои тухмиафзоишдиҳӣ дар кишти соли 2018  аз мавзеи Канаск ба миқдори 18 тонна картошкаи тухмии репродуксионӣ дастрас намуд. Тибқи маълумот, то 25. 05. 2018 дар хоҷагии мазкур дар майдони 124 гектар картошка кишт шудааст.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ба иҷора додани заминҳои хоҷагиҳои калонҳаҷм, аз ҷониби иҷоракорон самаранок ва оқилона истифода нашудани заминҳои корам ва дар маҷмӯъ - назорати истифодаи самараноки замин дар маҳалҳо, тибқи қонунгузории амалкунанда, аз ҷониби мақомоти дахлдор амалӣ карда мешавад.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои самарабахш ба хотири рушди кишоварзӣ аз рӯзномаи «Ҷумҳурият» сипосгузор буда, умед ба он мебандад, ки минбаъд низ ҳамкориҳо баҳри рушди соҳаи аграрии мамлакат дар сатҳи баланд идома меёбанд.
Ҷамила САИДОВА,
муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2018    №: 118    Мутолиа карданд: 286

12.12.2018


ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2019

САМБО. Ду медали гӯштигирони тоҷик

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед