logo

фарҳанг

ДӮСТИИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ БО АҲРОР МУХТОРОВ

Ҳангоми мутолиаи китоби академик Аҳрор Мухторов «Академик Бобоҷон Ғафуров» («Ирфон», соли 1998) паҳлуҳои нав ба нави зиндагиномаи алломаи машриқзамин пеши назар меоянд. Ақл бовар намекунад, ки дар ниҳоди як шахс ин қадар илми ҷаҳонӣ, ин қадар ҳисси инсонӣ, ватандӯстиву содиқ будан ба Ватан ва аҷдодони худ - тоҷикон, самимият нисбат ба олимони ҷавон ҷой шуда бошанд. Мо инро дар мисоли яке аз шогирдон, доктори илми таърих, профессор, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Аҳрор Мухторов мебинем. Ӯ солҳои тӯлонӣ бо ин шахсияти бузург ҳамкорӣ карда, ҳамчун  шогирд ба воя расида, соҳиби обрӯю эътибор ва унвонҳои баланди илмӣ гаштааст.
Муаллиф дар китоби хотиравии худ «Академик Бобоҷон Ғафуров» дар боби «Бобоҷон Ғафуров ва унвони доктории ман»  навиштааст.
«… 26 моҳи май бо мақсади дифои рисолаи докторӣ ба Москва омада, дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ҷой гирифтам. Худи ҳамон рӯз ба ҳузури Б.Ғафуров омадам. Баъди салому алейк ва аҳволпурсӣ, устод суол карданд, ки чӣ эҳтиёҷ доред? Ман гуфтам: «Муаллим! Шумо чунин мақоли халқиро хуб медонед: «Ё зангир девона аст ё аспгир». Ман  ҳам дар ҳамин ҳолатам. Намедонам, чӣ кор кунам. Аз як оппоненти расмии худ, ки Зариф Раҷабов мебошанд, хавф дорам. Он шахс ба ду кас ваъдаи оппонентӣ дода, дар рӯзи муайян наомадаанд. Ин дафъа ҳам шояд одати он кас «такрор» шавад».
Устод чизе нагуфта гӯшаки телефонро бардошта, ба Душанбе занг заданд. Ҳимоя дар рӯзи муайян бо иштироки оппонентон гузашт.
Қиссаи дигаре, ки мехоҳам ин ҷо айнан аз гуфтугӯи устоду шогирд, ки Аҳрор Мухторов дар  қисми «Қиссаи «Тоҷикон» навистаанд, мисоле оварам.
«… Баъди чопи «Тоҷикон» ба забони русӣ Б.Ғафуров қаноатманд нагардида, ба китоби худ  иловаҳо дароварда онро барои нашри тоҷикӣ тайёр мекарданд.
Дар ёд дорам, соли 1975 буд. Дар Москва, дар хонаи кории Бобоҷон Ғафуров нишаста мисли ҳарвақта суҳбат мекардем. Ногаҳон чеҳраи устод каме тағйир ёфт, суханашон  ҷиддӣ гашт ва ба ман муроҷиат намуда гуфтанд:
-Аҳрорҷон,  як илтимос.
Якчанд сония ба худ наомада андеша рондам, ки ин шахси бузург чӣ илтимосе аз  ман доранд?
- «Тоҷикон» ҳоло бо забони тоҷикӣ аз тарафи Абдуқодир Маниёзов тарҷума шуда истодааст. Ман  мехоҳам, ки Шумо муҳарририи онро ба зиммаи худ гиред.
Росташ, ин гуна илтимосро чашмдошт набудам. Танҳо ҳамин суханон ба забонам омаданд:
- Муаллим, магар ман аз уҳдаи ин кор баромада метавонам?
- Метавонед. Вазифаатонро омӯхта, пеш аз бозгашт ба Душанбе, маро дида равед,- гуфтанд устод.
Баъди як ҳафта суҳбати мо дар атрофи «Тоҷикон» давом кард. Ман пешниҳодҳои худро иброз доштам. Тақрибан  ҳамаи онро устод қабул карданд.
Ҳамин тавр китоби «Тоҷикон» дар тарҷумаи Абдуқодир Маниёзов ва Нусур Холмуҳаммадов ва муҳарририи Аҳрор Мухторов дар ҳаҷми ду китоб аз чоп баромад.
Аз ин навиштаҳо хулосае бояд баровард, ки Бобоҷон Ғафуров дар тарбияву ташаккул ёфтан  ва олими забардасту муаррихи нозукбаён гаштани академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илми таърих, профессор Аҳрор Мухторов саҳми бузурге гузоштаанд. Ба зиммаи Аҳрор Мухторов  гузоштани муҳарририи китоби «Тоҷикон» нишон аз эҳтироми устод ба шогирди худ мебошад.
Сайфулло МАҲКАМОВ,
бойгоншинос, барандаи Ҷоизаи ба номи А. Лоҳутӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2018    №: 118    Мутолиа карданд: 422

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед